Эй вабои корона

№51 (4157) 23.04.2020

Рафоат Абдусаломова аввалин наттоқи телевизиони Тоҷикистон мебошад, ки дар ТВТ қариб 45 сол фаъолият намудааст. Ӯ баъзан шеър ҳам эҷод мекунад. Чанде пеш  маҷмӯаи шеърҳояш бо номи «Парвози дил» бо пешгуфтори Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадисаи Қурбон аз чоп баромад.

Рафоат Абдусаломова аз бедод кардани вируси корона дар дунё низ мутаассир шуда, шеър навиштааст, ки онро манзури хонандагон мегардонем.

Абри баҳор сар ба сари ғам ниҳодааст,

Бар дидаҳои модари ғам нам ниҳодааст.

Аз ин вабову ин бало бингар, ки дар замин,

Одам вуҷуди хеш ба мотам ниҳодааст.

Хун мечакад аз ҷигари кӯчаку калон,

Аз шохаҳои пургули  ашҷор беамон.

Булбул  зи дард нолаи ҷонсӯз мекунад,

Хун мечакад аз нигаҳи ёри меҳрубон.

Корона мекушад ҳаваси модару писар,

Хешу таборро ҷудо карда зи ҳамдигар.

З-он сӯи уқёнуси дур аз назораҳо,

Акнун хаёлӣ мекунад мардум ба ҳам назар.

Фарзандҳои ҷони ман дар Аврупо кунун,

Дар таҳлука фитодаву  резанд ашки хун.

Бошад, ки тезтар расад дидори якдигар,

Лекин Коронаро куҷо парво бувад ба ин.

Аҳли ҷаҳон ба таҳлука, аз хурд то калон,

Ҳатто замин ба таҳлука то гарди осмон.

Аз гиряҳои чашмаву дарё ҳамерасад:

- Эй одамон, аламон, з-ин дард аламон!

 Ҳаргиз маё ба мулки ман, эй дард, эй бало,

Ҳаргиз манеҳ қадам, вабо, бар хонаҳои мо.

Мон зиндагӣ кунад ҳама то ҳар нафас, ки ҳаст,

Ҳаргиз набошад очае аз тифли худ ҷудо!