Эмомалӣ Раҳмон: Китобномаи шарҳиҳолӣ

№64 (3049) 28.05.2013

Безимени-1

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни фаъолияти пурсамари сиёсӣ ва роҳбарии хеш асару мақолаҳои зиёде таълиф кардаанд, ки ба забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар ба нашр расиданд. Инчунин роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Сарвари давлат китобу маводи зиёд ба табъ расидааст. Инак, бо кӯшиши Китобхонаи миллии Тоҷикистон библиографияи ҳамаи ин навиштаҳо ва матни суханрониҳо, суҳбату мулоқотҳои Президент таҳия ва дар ҳаҷми 656 саҳифа, таҳти унвони « Эмомалӣ Раҳмон: Китобномаи шарҳиҳолӣ» дар нашриёти «ЭР-граф»-и шаҳри Душанбе ба табъ расид.

Мураттиби китобнома олими шинохтаи соҳаи библиографияшиносӣ, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода буда, он зери назари академик Носирҷон Салимов омода гардид.

Китоб аз маълумоти мухтасар оид ба санаҳои муҳими ҳаёт ва фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта, сипас мақолаи муқаддимавии  Н. Салимов ва А. Шарифов зери унвони «Корномаҳои сарнавиштсоз» ба хонанда пешкаш шудааст. «Ҷумлаи ибтикоротеро, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди кохи муҳташами Истиқлолияти Тоҷикистон роҳандозӣ намуд, агар бишморем, феҳристи тӯлонӣ хоҳад шуд, зеро роҳбарии бистсолааш сол ба солу рӯз ба рӯзу соат ба соат ончунон ҷараён гирифтааст, ки ҳаҷми кораш басе бузургтару муаззамтар аз ҳаҷми вақти ӯст»,- зикр ёфтааст дар ин мақола.

Боби аввали китоб «Асарҳои Эмомалӣ Раҳмон» нашрҳои алоҳида, мақолаҳо дар нашрияҳои даврӣ ва маҷмуаҳои илмӣ, мусоҳибаҳо, паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, паёмҳои табрикотӣ ва суханрониҳоро дар бар мегирад.   Боби дуюм « Адабиёт доир ба Эмомалӣ Раҳмон» аз қисматҳои:  Нашри алоҳида; Мақолаҳо дар матбуоти  даврӣ ва нашрияҳои илмӣ; Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ; Мавод оид ба сафарҳо, вохӯрӣ ва мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон; Мукофотҳо; Инъикоси асарҳои Эмомалӣ Раҳмон дар китобномаҳои чопӣ ва электронӣ иборат аст. Дар ин бобҳо маводҳои ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ чопшуда фаро гирифта шудаанд. Дар қисмати охири китоб барои осонии кори истифодабаранда боби махсуси «Кӯмакфеҳристҳо» таҳия шудааст.

Воқеан ин китоб хеле пурарзиш буда, барои омода кардани он олимон, муҳаққиқон ва китобшиносони Китобхонаи миллии Тоҷикистон заҳмати зиёд кашидаанд. Ин асари библиографӣ нахустин кӯшишҳои китобшинохтии фаъолият ва кору пайкори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар он фаъолияти бистсолаи эҷодии Сарвари давлат бо як низоми муайяни илми китобшиносӣ таҳия ва ҷамъбаст гардидааст.

Тавре мураттиби китобнома Шариф Комилзода иттилоъ дод, ба ҳамин тартиб боз се ҷилди дигар омода мегардад, ки ба нашр хоҳад расид.

Бурҳониддини  КАРИМ, «Садои мардум»