Энсиклопедияи парешон

№101 (4051) 22.08.2019

Ё ифроти бесалоҳиятӣ дар нигориши  «Энсиклопедияи Бадахшон»

БадахшонНияти таҳлилу танқиди китоби «Энсиклопедияи Бадахшон» (Душанбе, «Андалеб Р», 2016, 472 саҳ.)-ро надоштам ва онро ба даст ҳам нагирифта будам. Аммо бахшида ба 100-солагии қӯтоспарвари машҳури тоҷик, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Бахтдавлат Муродбеков маълумот ҷамъ кардан лозим омад. Дӯстон маслиҳат доданд, ки «Энсиклопедияи Бадахшон»-ро варақ занам. Ду-се бор ҳарфҳои «М» ва «Б»-ро аз назар гузаронидам. Вале номи Бахтдавлат Муродбекови машҳурро наёфтам. Бовар накардам, наход қаҳрамон аз китоб берун монда бошад? Агар чунин аст, пас китоби «Энсиклопедияи Бадахшон» бо кадом мақсад чоп шудааст. Расо як ҳафта ин «шоҳасар»-ро мавриди омӯзиш қарор додам.

Дар сарсухани китоб омадааст: «Дар таҳияи энсиклопедияи мазкур таҷрибаи дар дараҷаи баланд эътирофшудаи чунин таълифоти ватанию хориҷӣ ба назар гирифта шудааст. Аз рӯи бандубаст тамоми маълумоти дастрасшуда доир ба ҷузъиёти воқеаҳои марбут ба таъриху табиати диёр, нуқтаҳои ҷуғрофӣ, дастовардҳои фарҳангии дар тӯли асрҳо сайқалёфта, шуғли аҳолӣ, маросими ба ҳукми анъана даромада, хусусиятҳои рӯзгордорӣ, маълумоти мухтасари шарҳиҳолӣ ва шуғли касбии ашхоси намоён, аз ҷумлаи ходимони сиёсию давлатӣ, олимон, адибон, аҳли санъат, собиқадорони расман эътирофшудаи ҷангу меҳнат ва дигар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ аз рӯи тартиби муайяншудаи алифбои тоҷикии сириликӣ гузошта шудаанд».

Таваҷҷуҳ кунед: «Дар таҳияи энсиклопедияи мазкур таҷрибаи дар дараҷаи баланд эътирофшудаи чунин таълифоти ватанию хориҷӣ ба назар гирифта шудааст». Давоми китобро мехонем:

«Дар таълифи «Энсиклопедияи Бадахшон» истифодаи фаровон аз маводи асарҳои «Ванҷ» (Москва, 2004), «Ишкошим» (Душанбе, 2011), «Таърихи Дарвоз» (Душанбе, 2008), «Таърихи Рӯшон» (Душанбе, 2013), «Хоруғи зебо» (Хоруғ, 2014) ва «Шуғнон» (Душанбе, 2014), бо иловаву такмил ва мутобиқ намудан ба мақолаҳои энсиклопедӣ, гардид».

Ба ҷумлаи пурғалат таваҷҷуҳ намоед! Чунин ҷумлаҳо ва хатоиҳои дағалу нобахшиданӣ саҳифа ба саҳифа зиёд шудан гирифтанд. Шумораи варақҳои қайдшудаам хеле зиёд, барои се — чор мақолаи танқидӣ басанда аст.

Барои исботи гуфтаҳоям чанд далел меорам: -Дар «Таърихи Рӯшон» (Душанбе, «Илм», 2013) дар тарҷумаи ҳоли яке аз ходимони маъруфи ҳизбӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ Абдулвосиев Муъминшо (дар саҳ. 233) чунин далелу рақамҳоро мехонем: Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон, даъвати даҳум ва ёздаҳум, солҳои 1985-1990.

Абдулвосиев М бо орденҳои «Дӯстии халқҳо», «Нишони фахрӣ» ва медалҳо….»

Чунин кӯтоҳкунии таҳқиромез бо аксарияти тарҷумаи ҳоли шахсиятҳои арзандаи ВМКБ, ба монанди Шодӣ Шабдолов, Алимамад Ниёзмамадов, Абдулло Назрӣ, Муъмин Қаноат, Нуқра Раҳматова, Раҳим Масов, М. Ҳайдаршо, Салимшоҳ Ҳалимшоҳ, Х. Майбалиев ва дигарон рух додааст.

Тавре маълум аст, Алимамад Ниёзмамадов дар мушкилтарин давра раисии ВМКБ-ро бар уҳда дошт. Ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, сохтмони шоҳроҳи Кӯлоб-Бадахшон-Кулма, пахши намоишҳои телевизиони Тоҷикистон, мавриди истифода қарор гирифтани НБО «Помир-1» ва ғайра дар давраи Ниёзмамадов амалӣ шуданд. Вале дар «Энсиклопедияи Бадахшон» саҳ. 283 чунин сатрҳои «хоксорона»-ро мехонем: «Ниёзмамадов Алимамад яке аз раисони ВМКБ…» …аз моҳи дек. с.1994 то с.2006 дар вазифаи раиси ВМКБ адои вазифа намудааст. (вазифа ду бор такрор шудааст).

Илова мекунам, ки Алимамад Ниёзмамадов солҳои 1985 — 1990 депутати халқи Тоҷикистон, даъвати якум, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1995-2000 даъвати якум ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2000 — 2005 даъвати дуюм ва солҳои 2005 — 2010 даъвати сеюм буд. Ҳамчунин, муовинии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дошт. Ӯ бо ордени «Дӯстӣ» ва унвони Корманди шоистаи Тоҷикис­тон сарфароз гардидааст. Вале қомуснигорон бо сабаби танҳо ба худашон маълум ин факту рақамҳоро нодида гирифтаанд.

Дар паҳлуи А. Ниёзмамадов шарҳи ҳоли Ниёзбеков Толиббек – собиқ корманди мақомоти амнияти миллӣ ҷой дода шудааст. Аз маълумоти дар бораи ин шахс оварда маълум мешавад, ки ӯ ягон хизмати сазовори таҳсин накардааст. Ба мисли садҳо ҳамсафонаш кори муқаррарӣ кардаасту халос. Ягон медал, орден ё унвони ифтихорӣ надорад, вале ҳолномааш се баробар аз шарҳи ҳоли А. Ниёзмамадов калонтар аст.

Дар «Энсиклопедияи Бадахшон» нисбат ба авлоди машҳури Шабдоловҳо низ хеле беҳурматӣ зоҳир намудаанд. Масалан, тарҷумаи ҳоли Шабдолов Давлаталиро дар саҳ. 423 хеле кӯтоҳ навиштаанд, ҳол он ки он кас солҳои сиюм дар Университети шаҳри Ленинград (Санкт — Петербург) таҳсил кардааст. Ордену медали зиёд дорад ва дар вазифаҳои баланди маорифи халқи вилоят кор кардааст. Фарзандаш Шабдолов Шодӣ Давлатович яке аз ходимони маъруфи ҳизбию сиёсӣ ва давлатии Тоҷикистон мебошад. Ӯ аз соли 1985 то соли 2015 аввал депутати халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъд вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби коммунист, дар маҷмӯъ шаш даъват интихоб шуда буд.

Номи Завқибек Худоёров барои мардуми Бадахшон, бахусус ноҳияи Рӯшон, шинос аст. Ин марди наҷиб дар мушкилтарин солҳо вазифаи раиси Комиҷроияи ноҳияи Рӯшонро бар уҳда дошт ва дар ободии ноҳия саҳми бориз дорад. Солҳои зиёд раисии ҷамоати калонтарини ноҳия – Баррӯшонро бар зимма дошт. Меҳнати фидокоронааш бо ордени «Нишони фахрӣ» ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон қадр гардидааст. Мураттибон барои Завқибек Худоёров дар «Энсиклопедияи Бадахшон» ҷой наёфтаанд ё нахостаанд.

Давомдиҳандаи номи нек ва корҳои шоёни падар писараш — вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода мебошад. Худоёр Худоёрзода баъди хатми Институти политехникии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиашро аз вазифаҳои қаторӣ сар карда, дар муассисаи нақлиётии автомобилии № 50 – ВМКБ солиёни зиёд кор кард. Солҳои 1993-2000 директори муассисаи нақлиёти автомобилии 50-и ВМКБ, 2000-2005 директори генералии «Помирнақлиёт», солҳои 2005-2013 муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Солҳои 2013-2016 дар вазифаи раиси ноҳияи Рӯшон кор карда, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Аз соли 2016 вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бо медалҳои «10-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Хизмати шоиста» ва медали Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Россия «Барои интиқоли борҳо ба мардуми Афғонистон» (соли 2000) ва нишони «Роҳсози фахрии ИДМ» (2018) сарфароз гардидааст. Вақте ки «Энсиклопедияи Бадахшон»-ро таҳия кардаанд, Худоёр Худоёрзода дар вазифаи раиси ноҳияи Рӯшон кор мекард. Дидаю дониста ин шахсияти шоистаро ба он дохил накардаанд.

Артисти халқии РСС Тоҷикистон Орифшо Орифов дар саҳ. 295-и энсиклопедия ҷой гирифтааст. Мутаассифона, бо се ҷумлаи нотамом шарҳи ҳолашро ба хонанда пешниҳод кардаанд. Магар муовини раиси Шӯрои илмию таҳрирӣ Парвона Ҷамшедов фаромӯш кардааст, ки Орифов солҳои охир ҳамроҳаш дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикис­тон кор карда буд? Ба ҳама маълум аст, ки Орифшо Орифов аз Тоҷикистон ягона шахсе буд, ки дар Консерваторияи давлатии Озарбойҷон ба номи У. Оҷибеков таҳсил кардааст. Ӯ яке аз бунёдгузорони Ансамбли эстрадии «Гулшан» маҳсуб шуда, солҳои зиёд роҳбари бадеии он буд.

Дар саҳифаи 298 барои Охонниёзов Абдураҳмон Дӯстович ним саҳифа ҷудо шудааст. Намедонем, кадом корҳои ин шахс барои хонанда намунаи ибрат бошанд:  журналист, муаллим, олим, мухбири радиои хориҷӣ, корманди Хазинаи Оғохон ё пажуҳишгари соҳаи адабиёт? Аммо тарҷумаи ҳоли Абдураҳмон Охонниёзов аз шарҳи ҳоли шоири номвар Муъмин Қаноат се баробар калонтар дода шудааст.

Дар тарҷумаи ҳоли М.Қаноат (саҳ. 266) унвони Шоири халқии Тоҷикистон ва Лауреати мукофоти давлатии ИҶШС-ро нанавиштаанд.

Шоир ва нависанда, муовини раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа – Мирзоҷалолов А. дар ҳайати таҳририя ҳаст, вале барояш дар китоб  ҷой наёфтаанд. Назар ба қавли ӯ, дар таҳияи энсиклопедия иштирок накардааст, аммо барои чӣ номашро дар ҳайати таҳрир ҷо кардаанд, барояш муаммост.

Доктори илмҳои сотсиологӣ, олима ва журналист Ҳалима Хушқадамова ҳамеша манфиати халқи тоҷикро дар Федератсияи Россия ҳимоя мекунад. Вале дар борааш дар саҳ. 398 чанд ҷумлаи кӯчак навиштаанду халос.

Ҳайф аст, ки барои Ҳофизи халқии Тоҷикистон Абдулло Назриев дар саҳ. 277-и «Энсиклопедияи Бадахшон» чор ҷумла бахшидаанд. Магар тарҷумаи ҳол ва ёфтани сурати ин овозхони маъруф мушкил буд? Илова бар ин хатоӣ Абдулло Назрӣ дар ду ҷойи китоб дар саҳифаҳои 15 ва 277 ду хел – бе сурат, омадааст. Баъди ин такроршавӣ мушоҳида кардем, ки ба ғайр аз устод Абдулло Назрӣ боз Бандишоева Чилла (саҳ. 59) бо сурат ва такроран бо фамилияи дигар Муборакшоева Чилла Муборакшоевна бе сурат дар саҳ. 252 чоп шудааст. Тарҷумаи ҳол ва сурати Саодатқадамова Таҳмина аввал дар саҳ. 347 ва баъд боз дар саҳ. 357 дубора омадааст. Мураттибон метавонистанд, ки беҳтаринашро интихоб карда, дар китоб ҷой диҳанд, зеро ҳар ду тарҷумаи ҳол ва суратҳо аз ҳам фарқи калон доранд.

Ин гуна саҳлангорӣ хоси мураттибони «Энсиклопедияи Бадахшон» аст. Зеро яке аз омӯзгорони шинохтаи Бадахшон Меҳтаршоев Шониёз дар саҳ. 236 (муаллиф Шоҳқосимов Ш.) ва боз дар саҳ. 446 бо ном. Шониёзов Меҳтаршо (муаллиф Алигавҳаров А.) омадааст. Хонанда ҳайрон мешавад, ки кадомаш дуруст бошад?

Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон Ёрмамад Ашӯрмамадов дар ду саҳифа – саҳифаҳои 49 ва 49-50, яке бо сурати хира ва дуюм бе сурат ду бор чоп шудааст.

Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Дурсилтон Шоназарова низ такроран дар ду шакл дар саҳифаҳои 446 ва 455 бе расм чоп шудааст.

Дар саҳ. 82 Бӯрибеков Худобахш ду бор такрор шуда, дар шарҳи ҳоли писар ба ҷойи Бӯрибеков Бурибек Худобахшович такроран Бурибеков Худобахш омадааст.

Ҳамин ҳолатро дар саҳ. 64 низ мушоҳида кардам. Сурати Сурӣ Бахтибековро дар шарҳи ҳоли Бахтибеков Мамадаёзхон насб кардаанд.

Зарур шуморидам, ки қисмати «Фарзандони барӯманди Шуғнон» саҳ. 495- 676 аз китоби «Шуғнон»-ро бо «Энсиклопедияи Бадахшон» муқоиса кунам. Бе баҳс аксари шарҳи ҳоли ин ё он кас айнан бо сурат нусхабардорӣ шудааст. Аҳсан! Ин усули нави қомуснигорӣ мебошад!

Хонанда дар ҳар саҳифаи «Энсиклопедияи Бадахшон» метавонад хатоии дағал ва нобахшиданӣ пайдо кунад. Масалан, дар саҳифаи 215 тарҷумаи ҳоли актёр ва режиссёри шинохта Мазҳабшоев Маъруфшоро хондем: (тав. 25.01.1948, деҳ. Муни ноҳ. Шуғнон – ваф. 02.10.1009, ш.Душанбе). Яъне Мазҳабшоев 2 октябри соли 1009 вафот кардааст. Даҳ аср пештар. Сонӣ, нақшҳояшро хондем. «Нақши Шоҳтемур дар «Телеграмма ба Ленин»-и Ғ. Абдулло». Ҳол он ки дар ин спектакл нақши Шоҳтемурро Мирзоазиз Мамадазизов иҷро кардааст. М. Мазҳабшоев нақши Шоҳтемурро дар спектакли «Шамшери бурро»-и М. Рабиев, соли 1981 бозӣ карда буд.

Дар саҳ. 143 Гурминҷ Завқибековро Артисти халқии СССР муаррифӣ кардаанд. Аҷабо нияти нек, вале амалинашаванда…

Ё ки дар саҳ. 168 дар шарҳи ҳоли Исмоилов Ғуломасейн мураттибон навиштаанд: «бо ордени ғалаба мукофотонида шуд. (саҳ. 168). Ба иттилои таҳиягарони «ботаҷрибаи энсиклопедия» мерасонем, ки ордени «Ғалаба» танҳо ба сарлашкарон барои ин ё он корнамоии ҷангӣ тақдим мешуд.

Дар саҳ.113 овозхони шинохта Соҳиба Давлатшоеваро Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикис­тон навиштаанд. Соҳиба кайҳо боз сазовори ин унвон аст, аммо то кунун сарфароз нагардидааст. Ӯ соли 2005 аз дасти Президенти Фаронса Жак Ширак ордени «Салиби ҷавонмардӣ»-ро гирифта буд. Афсӯс, ки мураттибон инро ба шарҳи ҳолаш дохил накардаанд.

Унвонҳои ифтихории саррежиссёри собиқи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Хушназар Майбалиев – Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ба шарҳи ҳолаш – саҳ. 216 дохил нашудаанд. Аз ин шарҳи ҳол насли наврас чӣ гирифта метавонад? Ҳатто беҳтарин асарҳои таҳияшудааш – «Фарёди ишқ» (1975), «Машварат» (1976), «Ревизор» (1978), «Ҳуррият» (1982), «Ваня-тағо» (1982), «Дод аз дасти ақл» (1986), «Сид» (1995) ва ғайраҳо номбар нашудаанд.

Дар бораи аввалин лётчики тоҷик аз Бадахшон Саидахмедов Баҳром дар саҳ. 340 бе расм танҳо ду ҷумла навиштаанду халос. «…Дорандаи унвони «Хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон» будааст. Ин гуна унвонро бори аввал мешунавам!

Ба аввалин муаллимаи Бадахшон Мамадамирова Оимсултон, соли тав. 1912, ки 50 сол кор кард, дар саҳ. 219 чанд сатр бахшидаанд, ки ба талаботи энсиклопедиянигорӣ ҷавобгӯ нестанд.

Ҳамин гуна муносибатро бо яке аз бунёдгузорони санъати касбӣ дар Бадахшон, Артисти халқии РСС Тоҷикистон Бахтулҷамол Карамхудоев низ дар саҳ. 172-173 раво дидаанд.

Бояд гуфт, ки шахсони барои энсиклопедия нолоиқ хеле зиёд ҷо гирифтаанд. Тарҷумаи ҳоли онҳо ба хонанда чизе дода наметавонад. Чанде аз онҳоро пешкаши хонандагон мегардонем: Абдулхайров Бодӣ, саҳ. 16; Абдулшаҳидов Тайғуншо, саҳ. 17; Алидодов Шаҳриёр Хушомадович, саҳ. 33; Аноятшоев Муборакшо, саҳ. 41; Гулшоев Мирулло, саҳ. 98; Ғуломасейнов Сафо Алиназарович, саҳ. 103; Ғуломносиров Ҷамшед, саҳ. 105; Ғуломшоев Бек, саҳ. 106; Давлатназаров Вафобек, саҳ. 112; Додалиев Нуралӣ, саҳ. 128; Имомёров Охонниёз, саҳ. 162; Карамхудоев Ҷонмирзо, саҳ. 173; Қазоқов Сафарбек, саҳ. 184; Маликбеков Соқибек, саҳ. 217; Мамадзиёев Алимардон Алидодович, саҳ. 220; Назиров Одинамамад, саҳ. 276; Орумбеков Худобахш, саҳ. 296; Рақамов Назарбек, саҳ. 317; Раҳмонов Саидбек, саҳ. 327; Рустамбеков Абдулкарим, саҳ. 334; Саидиброҳимов Исмоилшоҳ, саҳ. 338; Синавбаров Нуралӣ, саҳ. 355; Сарғалта, саҳ. 348-349; Сулаймоншоев Нуралишо, саҳ. 361; Султонмамадов Заурбек, саҳ. 362; Тиллоев Сангмамад, саҳ. 368; Холиқов Мирзонабот, саҳ. 386; Худоёрбеков Қамчибек, саҳ. 393; Хушназарова Назармо, саҳ.398-399; Хушолбеков Хисравбек, саҳ. 399; Ҳайдаров Мамадесо, саҳ.401; Ҷавов Хуршедшоҳ, саҳ. 410; Ҷалолов Имомёр, саҳ. 411; Ҷумъахонов Давлатёр, саҳ. 418; Шехалиев Азизулло, саҳ. 431; Шоикатаев Саидалишо, саҳ. 440; Шоиков Ёқуббек, саҳ. 440-441; Шомирзоев Нурмамад, саҳ. 444 ва дигарон. Мо ҳамаи онҳоро номбар накардем, зеро шумораашон хеле зиёд аст.

Муаллифи «фаъоли» энсиклопедия Т. Шодмонбеков тарҷумаи ҳоли Азатхонова Наботбегимро аз китоби «Шуғнон» (муаллиф Ш.Оғоназаров) саҳ. 499 айнан рӯбардор кардааст.

Кӯчонидан ва рӯбардор кардан, махсусан аз китоби «Шуғнон» хеле зиёд ба назар мерасад: Шарҳи ҳоли Абдулалишоев Рамзӣ аз саҳ. 496 ва 497-и ин китоб айнан кӯчонида шудааст, вале ба манбаъ ишора накардаанд.

Одатан вобаста ба алфавит ва ҳарфҳо дар бораи ҷойҳои аҳолинишин ва шаҳру деҳаҳо мухтасар маълумот медиҳанд, аммо дар нахустқомуси Бадахшон ин ҳам сарфи назар шудааст. Дар саҳ. 319-и китоб дар бораи деҳаи хурдакаки Ратм, воқеъ дар ноҳияи Ишкошим, маълумот дода шудааст. Он 14 хоҷагӣ ва 150 нафар аҳолӣ дорад. Аммо дар Бадахшон деҳаҳое ҳастанд, ки 4-6 ҳазор ва аз ин зиёдтар аҳолӣ доранд. Дар бораи Поршинев яке аз деҳаҳои калонтарин ва дар ҷумҳурӣ машҳур сатре ба чашм намерасад. Ҳарфи «Б»-ро аз назар гузаронидам: Бароҷ, Барсем, Барсемдара, Барчадев, Барчид, Барчидиф, Барҷангал, Баршор ва ғайраҳо. Дар ин рӯйхат яке аз калонтарин ва сераҳолитарин деҳа – деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон ва водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ роҳ наёфтаанд.

Дар ниҳояти кор бештари шахсиятҳои шинохтаи Бадахшон, ба монанди собиқ Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Ғоибназар Паллаев, собиқ муовини Раиси Совети Комиссарони Халқии РСС Тоҷикистон Хуҷам Шодмонов, ходимони ҳизбӣ, давлатӣ ва фарҳангӣ Давлатбек Раҷаббеков, Ҷавов Гурезӣ, Отамов Мамадназар, Ҷорӯбов Файзмамад, Исломов Назаршо – устоди журналистони Бадахшон, Фаросатшоев Муборакшо, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатмамад Саркоров, Абдураҳмон Қобилов, Карамхудоев Назархудо, Чоршанбиев Азизмамад ва Раҳматуллозода Бахтулло, аксарашон зодагони ноҳияи Рӯшон мебошанд, аз энсиклопедия берун мондаанд.

Булбули Бадахшон Майсара Дилдорова, кормандони шоистаи Тоҷикистон Гулмамадов Азизмамад, Илолов Музофир, Мамадризоев Мамадвафо ва писараш нависанда ва драматурги шиноха Тоҳир Мамадризоев, Худоиев Миродасейн, Рӯзадоров Муҳаббатшо, Ниёзмамадова Амондавлат, Сафар Абдолов ва боз даҳҳо нафари дигар ба энсиклопедия дохил нашудаанд.

Маълумот дар бораи шахсиятҳои шинохта аз ноҳияи Мурғоб Исманов Оразо, Таштанов Бозорбой ва Бердибаев Гожо дар энсиклопедия нест. Тарҷумаи ҳоли Идрис Шоҷонов дар саҳ. 458 бо се ҷумла ҷамъбаст шудааст. Дар бораи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Кенҷекулова ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Мурғоб Ҷошбаев Мурзабай, саҳ. 261 ягон ҷумлаи дуруст нанавиштаанд.

Дар сарсухани энсиклопедия навишта шудааст:

«Табиист, ки дар китоби ба чунин фарохию гуногунҷабҳагии масоили дар доираи ВМКБ ҷойдоштаро фарогир тамоми масоили марбутаро бо ҷузъиёти комил баррасӣ намудан аз имкон берун аст. Шояд дар ин қомуси дар дастдошта баъзе ҷузъиёти муҳими таърихию фарҳангие, ки барои хонандаи дақиқсанҷ маълуманд, аз назари муаллифону таҳиягарон берун мондаанд. Сабаби онро на дар беэътиноии касони ба ин таълифоти нисбатан мураккабу мукаммал? даст дошта, балки дар маҳдудияти маводи дастрасшуда? бояд ҷуст?»

Шӯрои илмию таҳрирӣ ва аъзои ҳайати таҳририяе, ки «Энсиклопедияи Бадахшон» дорад, ҳатто сарредаксияи «Энсиклопедияи миллии тоҷик» надорад. Лозим ба ёдоварист, ки дар таҳияи китоби «Шуғнон» ҳайати таҳририя аз 12 нафар, ки аз онҳо танҳо се-чор нафар фаъол буданд, китоб бо сифати баланд чоп шуд.

Ё ки ба таҳияи китоби «Таърихи Рӯшон» (Душанбе, «Илм», 2012) 414 саҳифа) танҳо шоир ва журналист Маҳмадалӣ Бахтиёров машғул буд.

Дар омода кардани «Энсиклопедияи Бадахшон», ки он 472 саҳифаро дар бар мегирад, раиси Шӯро, академик Мамадшо Илолов, муовинаш, профессор Парвона Ҷамшедов ва 20 нафари дигар, ки аксарияташон раисони шаҳру ноҳияҳои вилоятанд, «саҳм» гузоштаанд.

Аъзои ҳайати таҳриррия иборат аз 17 нафар, вале дар байнашон шахсони менавиштагӣ танҳо 5-6 нафар. Боқӣ, ба қавле «ба оши тайёр бакавул».

Мураттибони китоби «Шуғнон» (Душанбе, «Ирфон»), 2014 чанд сол пеш таърихи Шуғнон, дастовардҳои он ва фарзандони барӯманди онро дар 704 саҳифа ғунҷонида натавонистанд. Бештари шахсиятҳо барои ҷилдҳои оянда монданд. Аммо қомуснигорони навбаромади бадахшонӣ таърихи шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Роштқалъа, Шуғнон, Рӯшон, Ванҷ ва Дарвозро дар 468 саҳифа «ғунҷониданд». Офарин ба истеъдоду ҳиммати баландатон!.

Қомус барои як даҳсола ё ду даҳсола не, барои солҳои зиёд пешбинӣ мешавад. Аз ин рӯ, пешниҳод дорам, ки китоби «Энсиклопедияи Бадахшон» (адади нашраш 1000 нусха) аз истифода гирифта шавад.

Аз роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки харҷи маблағи сарфшударо санҷанд.

Инчунин, пешниҳод дорем, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иштироки гурӯҳи босалоҳият ва поквиҷдон «Энсиклопедияи Бадахшон» иборат аз ду ё се ҷилд омода карда шавад.

 Тиллои НЕКҚАДАМ, 

«Садои мардум»