Фарҳанг миллатҳоро ба ҳам наздик месозад

№126 (4076) 22.10.2019

15 октябри соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири фарҳанги мамлакат Шамсиддин Орумбекзода бо муовини раиси Шӯрои миллии фарҳанг, адаб ва ҳунари Давлати Кувайт Бадр Дувеш мулоқот кард.

Таъкид гардид, ки Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт, ки нахустин маротиба дар Тоҷикистон баргузор мегардад, моҳиятан пулест, ки миллатҳоро бо ҳам наздик месозад.

Ба андешаи Бадр Дувеш, ин чорабинӣ дар арафаи 25-умин солгарди муносибатҳои давлатии Тоҷикистону Кувайт баргузор гардид, ки далели муносиботи хуби тарафайн аст.

Дар интиҳо Шамсиддин Орумбекзода ва Бадр Дувеш ба суолҳои рӯзноманигорон посух доданд.

ВОРИС, «Садои мардум»