Фарҳанги баланд занонро дар ҷамъият фаъол мегардонад

№26 (3976) 07.03.2019

Зан – Модар. Дар ин ду калимаи ба дил наздик хушиҳои олам нуҳуфтааст. Бо модар зиндагии шахс хуш асту хотираш ҷамъ, дилаш моломоли муҳаббат. Зеро модар тарбиятгари аҳли башар буда, маҳз тавассути суруди аллааш, афсонаҳояш, қиссаҳояш ҷаҳонро ҷилои дигар мебахшад.

Зан ва зебоӣ ду мафҳумеанд, ки бе ҳастии якдигар гӯё вуҷуд надоранд. Зан ва ҳунар ба мисли гӯшту нохун аз азал ба ҳам пайванданд. Зан ва фарҳанг амсоли ду паҳлуи як чизанд, ки бе ҳам будан комилиятро аз байн мебарад. Зан офаридаи олии осмонист, ки бо зебоии ақлу ҳунари воло ва фарҳанги бемисл зиндагиро нуру сахо мебахшаду барои рангинии ҳаёт аз олами пур аз фасонаю тахайюлоти бемисл намунаҳо меорад. Аз ҷумла, зани тоҷик аз азал ҳунарманд буд ва тавассути ҳунари воло дар ҷаҳон ном баровардааст.

Дар мамлакат, тибқи нишондодҳои оморӣ, занон 49,7 фоизи аҳолиро ташкил менамоянд. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳама соҳа шароит муҳайё намудааст. Бахусус дар соҳаи маориф ва тандурустӣ солҳои охир шумораи занону духтарон бамаротиб афзоиш ёфт.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ низ таъкид доштанд, ки: «Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем».

Пешвои миллат аз зиёд гаштани шумораи занон дар сохторҳои хизмати давлатӣ изҳори хушнудӣ намуданд, зеро алҳол теъдоди онҳо афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи он 25 фоизро ташкил медоданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал оварданд, ки дар риояи қонунҳои миллӣ — «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини инсонист, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму оин, анъанаву суннат ва фарҳанги миллиро ҳифз намоянд. Зеро модарон қувваи бузург доранд, ки фарзандонро моил намоянд.

Тарбияи фарзанд масъулияти аҳли хонавода ва хусусан модар ба ҳисоб меравад. Тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзандро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нақши созгори модар мебинанд, ки гуфтаанд: «Дар оилае, ки модар дорои маърифати баланд аст, фарзандони нек ба воя мерасанд. Бинобар ин, худи модарон бояд соҳибмаърифату бофарҳанг ва дорои ҷаҳонбинии васеъ бошанд, то ин ки дар тарбияву парасторӣ, камолоти маънавию ҷисмонӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода кардани фарзандонашон нақшу мақоми онҳо ба хубӣ эҳсос гардад».

Бо ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ бароямон имконияти таърихӣ фароҳам омад, ки Ватанро соҳибӣ ва давлатдории миллиро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем ва озоду осуда ба cap барем. Ин неъмати бебаҳо ҳар яки моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвар бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ доимо зираку ҳушёр бошем, то ин ки қарзи фарзандиро дар назди Ватан сазовор адо намоем.

Анжела Мавлоназарова, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 101, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе