Фарҳанги оиладорӣ ба устувории он мусоидат мекунад

№148 (3942) 11.12.2018

Озмуни ҷумҳуриявии «Нақши оила дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки аз ҷониби Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад. Бо баргузории он масъулин мехоҳанд сатҳу сифати хизмат­расониро беҳтар намоянд.

Чанде пеш озмун дар ноҳияи Шаҳринав баргузор гардид. Иштирокчиён намоишгоҳи маҳсули дасти ҳунармандони ноҳияро тамошо карда, ҳусни хати беҳтарин ва ҳуҷҷатгузорӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро баҳогузорӣ намуданд.

Сипас, дар толори Бахши асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо иштироки роҳбарияти Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинӣ баргузор гардид, ки сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатбибӣ Сироҷзода ҳадафи онро ба мустаҳкамии оилаҳо ва ташкили ҷомеаи солим маънидод намуд. Дар ҷамъбаст ба як қатор волидайни навзодон дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи таваллуд супорида, кормандони Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Шаҳринав бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»