Фарҳангиёни Суғд чӣ мушкил доранд?

№116 (3910) 25.09.2018

Чанде қабл вохӯрии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо аҳли фарҳанг дар рӯҳияи танқиду худтанқидкунӣ доир гашт. Ҳарчанд маърӯза оид ба вазъи имрӯзи фарҳанги вилоят, дар маҷмӯъ, характери иттилоотӣ дошт, бисёре аз муаммову мушкилоти соҳа низ ошкор гардид.

Пеш аз ҳама, маълум шуд, ки аз 7 театри касбии амалкунанда дар ду театр коргардонҳои соҳибмаълумоти касбӣ фаъолият доранд. Сабаби инро дар кам будани маош арзёбӣ намуданд.

Тавре зикр шуд, дар вилоят 13 гурӯҳи рақсӣ амал мекунад, ки нуҳ гурӯҳи он аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағғузорӣ мешавад. Аксари гурӯҳҳо мукаммал нестанд. Ҳатто дар Гурӯҳи рақсии «Маҳастӣ» (роҳбараш Н. Тоҷибоева) ягон раққоса намондааст. Сабаби инро масъулон гуфтанд, ки: «онҳо ба шавҳар баромадаанд».

Дар мулоқот дарду алами аҳли санъат бештар аз ҷониби собиқадорон садо дод, ки аз рӯи мақоли халқии «сухан аз даҳони Луқмон хуш аст» бархе аз онро айнан меорем:

Сайрам Исоева - актёри театр ва кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон:

- Яке аз сабабҳои асосии норасоиҳои соҳа дар кам будани маоши кормандон аст. Тасаввур кунед, режиссёри касбӣ, ки 5 сол дар мактаби олии коргардонӣ таҳсил кардааст, аз 800 то 1200 сомонӣ моҳона мегирад, ки назар ба маоши кормандони бонк 3 — 4 маротиба кам аст. Маҳз бо ин сабаб, сафарҳои ҳунарӣ ба шаҳру навоҳӣ ва берун аз байн рафтанд. Дар кишвар Иттифоқи ходимони театрӣ амал мекард, ки бахши он дар вилояти Суғд низ вуҷуд дошт. Мутаассифона, бо сабаби маблағгузорӣ нашудан он барҳам хӯрд.

Гавҳар Мирҷумъаева - раққосаи касбӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон:

- Даҳ сол пеш дар шаҳри Исфара Гурӯҳи рақсии «Зумрад»-ро таъсис додам, аммо толоре, ки дар он духтараконро машқ медиҳам, ба ягон талабот ҷавобгӯй нест. Фарши он кафидаву бино вайрона аст. Духтаракон бо азобе рӯи он машқ мекунанд. Толор дар тобистон гарми тоқатфарсо ва дар зимистон хунуки қаҳратун аст. Мизу курсиҳо фарсуда гаштаанд ва кас аз истифодаи онҳо метарсад. Душвортар аз ҳама он аст, ки агар имконияти дар ягон консерт баромад кардан пайдо шавад, ман маҷбурам аз ин ё он ноҳия либос «гадоӣ» кунам.

Фирӯза Аюбҷонова — раққосаи касбӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон:

- 18 сол муқаддам дар як мулоқот бо аҳли фарҳанг таклиф карда будам, ки дар вилоят мактаби рақс таъсис дода шавад, то ин ки духтаракони шавқмандро аз хурдсолӣ тарбия кунем. Масалан, ман аз 7- солагӣ дар Институти хореографияи шаҳри Тошканд таълим гирифтаам. Гурӯҳҳои рақсие, ки ҳоло таъсис медиҳем, муваққатӣ шуда истодаанд. Духтаракон аз рӯи ҳавову ҳавас ё ба хотири андак маош раққоса мешаванд. Ҳамин ки донишкадаро хатм карданд ё ба шавҳар мебароянд ё тарки касб мекунанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки аз хурдсолӣ меҳри касбро дар вуҷуди ҷавондухтарони боистеъдод ҷой кунем, то раққосагони касбӣ шаванд. Барои ин таъсиси мактаби рақс ба манфиати кор аст.

Умар Алиев - коргардон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Солҳои пеш байни театрҳои кишвар озмуну фестивалҳои касбӣ гузаронда мешуданд, ки бо сабабҳои маълум барҳам хӯрданд. Аниқтараш, ба ин кор ҳавасмандӣ кам дида мешавад. Эҳёи он аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Кор то ба ҷое расидааст, ки соли 2017 гурӯҳи донишҷӯёни шуъбаи актёрии факултети санъати ДДХ барои ба саҳна гузоштани кори дипломӣ ба саҳнаи ягон театр роҳ наёфтанд.

Муҳиддини Хоҷазод — Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Нависандаи халқии Тоҷикистон:

- Камина дар замони шӯравӣ ва замони соҳибистиқлолии кишвар дар Вазорати фарҳанг фаъолият кардам. Бинобар ин, гуфтаниам, ки фарҳанг танҳо аз рақсҳои умумӣ бо иштироки раққосаҳои зиёд иборат нест (ин гуна ҳолатҳо бештар дар консертҳо дида мешавад). Куҷо шуданд, суруду рақсҳои якка? Дар замони шӯравӣ ҳар театр соле то 4 спектакл ба саҳна мемонд. Ҳоло базӯр як ё ду спектакл ва он ҳам на ҳама театрҳо ба саҳна мегузоранд. Ба назар чунин мерасад, ки актёрҳои калонсол бо баҳонаи синнашон ба нафақа расидан аз саҳна дур карда шудаанд. Ҳол он ки айни шукуфоии ҳунари онҳосту мебояд насли ҷавони актёрҳоро тарбия кунанд.

Ҷӯрабек Муродов — роҳбари Ансамбли мақомхонони «Нури Хуҷанд»-и вилояти Суғд, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ:

- Бисёр хуб мебуд, ки бо мақсади тарғиби дурдонаи санъати миллати тоҷик «Шашмақом» фестивалҳои мақомсароён аз нав эҳё гардад. Баргузории онҳо на танҳо дар тарбияи маънавии насли ҷавон, балки таҳкими дӯстиву рафоқати халқҳои тоҷику ӯзбек мусоидат мекунад.

Вақтҳои охир масъулони баргузории консертҳои расмиву идона бо баҳонаи сарфаи вақт маҳз суруди шашмақомро «мебуранд», ки албатта, аз рӯйи одоб ва арҷгузорӣ ба санъати миллӣ нест. Ҳол он ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати рушду такомули ин намуди санъат дастуру ҳидоятҳои созанда додаанд.

Таснифи Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»