Фарёд

№14 (3808) 01.02.2018

Фото: © Twitter/Shahab KhanАфғонистон пайкари пора-пораву маҷруҳ, сарзамини инфиҷорҳо, дардҳо, фарёдҳо, бедодҳо, аламу чашмҳои хунполо…

27 январ боз дили Кобул аз таркише пора шуд, дарёи хун ҷорӣ гашт. Чодари мотами модару хоҳари афғон, чодари мотами дунё шуд. Орзуҳо бар бод рафтанд, ғунчаи табассумҳо ношукуфта аз қомати гулбунҳо рехтанд.

Чанд бедарде мушт ба кундаи сина заданд: мо таркондем, қурбон кардем, хун рехтем…

Вой бар мо, агар роҳу расми инсонӣ ин аст. Вой бар мо, агар оини доварӣ чунин аст!…

Ҳон, тоҷик!

Ҳон, паштун!

Эй ҳазора!

Эй бародар!

ҳой, хоҳар!

Эй мусалмон, пора-пора!

З-инфиҷоре қомати ту чун самову чун ситора.

 Дод з-ин афкор!

З-ин пайкор!

З-ин бовар!

З-ин хунмастии ашрор,

З-ин дилбастаи террор!

Инфиҷоре дар дили Кобул,

Инфиҷори пайкари инсон.

Марг борад бар сари одам

Ин қадар бедард,

     ин қадар осон.

 Сӯгвору сангбаста модари афғон,

Қомати сарви шикаста хоҳари афғон.

Карбалои ошиқон аст Кобули дар хун нишаста,

Мерасад имрӯз ҳам фавҷи Язидон даста-даста.

 Ин чӣ динхоҳиву диндорист?

Ин магар оини бедорист?!

Ё магар роҳи расидан бар Худо ин аст?

Куштани ҳамкеш ҳам аз рӯи оин аст?!

 Ҳон, тоҷик!

Ҳон, паштун!

Эй ҳазора!

Чашми худ бикшо, синаро во кун!

Эй бародар!

Ҳой, хоҳар!

Эй мусалмон!

Бо забони поку ширинат дуо кун!

Бо тамоми ҳастии худ ишқро, лабхандро фарёд зан!

Аз мазори ҳар шаҳиде оташе бунёд кун!

Зиндагиро соз!

Зиндагиро шод кун!

 ВОРИС,

«Садои мардум»