Фарёди дил

Фарзанди ягонаамро 25 сол боз надидаам

№11 (4117) 21.01.2020

Ман собиқадори  соҳаи савдо будам ва солҳои зиёд дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) фаъолияту зиндагӣ доштам. Писари калониам Муҳаммад соли 1992 аз хона баромада бедарак шуд.

Аз ҳавли ҷон охирҳои тирамоҳи соли 1992 Зафарҷони хурдсоламро гирифта, бо азобе худамро ба пойтахти мамлакат расонидам. Вазири савдои ҷумҳурӣ шодравон Каттаев ба ман каме пул ва талони хӯрокаи ройгон дод. Рӯзе як бор ғизои ҳаққи худамро ба фарзанди ягонаам медодаму бо  пораи нон қаноат мекардам. Баъди вазъият дар пойтахт ноором шудан ба ноҳияи Ҳисор рафтам. Чанд муддат дар манзили Муҳаббат Салимова  ном шахси бароям тамоман ношинос, вале дилсӯзу меҳрубон, ки ба танҳоӣ се духтарашро нигоҳубин мекард, меҳмон шудам. Аз он ҷо тавассути қатора ба Тошканд ва сипас, ба шаҳри Москва рафтем.

Сафири фавқулода ва мухтори Арабис­тони Саудӣ дар Федератсияи Россия Абдулазиз Муҳиддин Хоҷа бо эҳтиром ба ман  ҳамчун модар гуфт, ки агар розӣ бошам, ба таври ройгон ба ҳаҷ мефиристад. Консули  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия — Ҷабборов ба зудӣ ба мо шиноснома доду модару писар ба ҳаҷ  рафтем. Баъди ду моҳ ба Москва баргаштем.  Абдулазиз Муҳиддин Хоҷа барои  иқомати  муваққатӣ дар Арабистони Саудӣ бароямон санад тайёр кард. Аз соли 1993 то соли 1995 дар ин кишвар будем. Писарам Зафар ба гармои Арабис­тони  Саудӣ тоб наоварда, зора кард, ки ба Туркия равем.

Мо ба шаҳри Анқара рафтем. Дар он ҷо духтари як хонаводаи бонуфуз (собиқ  сафиру корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) ба писарам таваҷҷуҳ кард. Писарам он вақт 15-сола буд. Рӯзе аҳли хонавода моро берун аз шаҳр ба меҳмонӣ даъват намуданд.  Баъдтар огоҳ шудем, ки ин маросими «ҳадяи ангуштарӣ» будааст. Яъне, духтарашонро бо писарам номзад намуданд. Ман ба писарам эътироз кардам, ки ба Ватан баргашта, дар ҳузури хешу табор ва аҳли маҳалла барояш арӯси тоҷик  меёбаму тӯй мекунем. Ин эътироз ба сарам мушкилӣ овард. Маъмурони пулиси турк маро ба боздоштгоҳи муваққатӣ бурданд. Аз он ҷо ҳуқуқшиноси  мустақилу худотарс маро  раҳо намуда, барои ба шаҳри Москва рафтан чипта харид. Муҳлати шиносномаам баъди 2 моҳ ба итмом мерасид. Вақте (соли 1996) ба шаҳри Москва баргаштам, барои гирифтани шиноснома мушкилӣ пеш омад. Дигар маблағ надоштам, ки  ҳуҷҷатҳоямро тахт намоям. Сафири Арабистони Саудӣ дар Федератсияи Россия низ дигар шуда буд.

Чанд сол боз дар шаҳри Душанбе  дар  хобгоҳе зиндагӣ мекунам. Борҳо кӯшиш кардам, ки ба ҳузури сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Алӣ Рифъат Кӯксал дароям, то ки барои пайдо кардани фарзанди  ягонаам мусоидат кунад. Аммо  муҳофизони сафорат, ки аз дарди дили мани модар бехабаранд, роҳ намедиҳанд.

Ҳоло намедонам, кӣ ба мани дилсӯхта барои ёфтани фарзандам, ки 25 сол боз надидаам кумак карда метавонад? Шояд идораҳои марбута ба ин савол ҷавоб дошта бошанд? Қаблан ба онҳо изҳори миннатдорӣ мекунам.

Ф. ШАРИПОВА, сокини шаҳри Душанбе, 75-сола