Фарзона – барандаи озмуни «Килки заррин»

№59 - 60 (3853 - 3854) 15.05.2018

ываываВазорати иттилоот ва фарҳанги Ҷумҳурии Афғонис­тон озмуни «Килки заррин»-ро натиҷагирӣ намуда, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандиро сазовори ҷоизаи асосӣ донист, ки аз ҷониби мушовири Шӯрои амнияти миллии Афғонистон Наҷибуллоҳ Маналай ҷоиза ба намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Афғонис­тон барои расонидан ба соҳибаш тақдим карда шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, озмуни «Килки заррин» аз соли 2010 бо ташаббуси Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонис­тон доир мегардад ва дар он ҳар сол шоирон ва нависандагони афғон бо пешниҳоди китоб ва шеърҳо иштирок мекунанд. Имсол дар қатори асарҳои 30 адиби афғон асарҳои шоираи тоҷик Фарзонаи Хуҷандӣ бори аввал ба озмун пешниҳод шуд.

М. Мақсудов,

«Садои мардум»