Фестивал: ҷалби кӯдакон ба китобхонӣ

№33 (3179) 04.04.2014

Дуюми апрели соли 2014 дар саҳни Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар маҳфили ифтитоҳи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» баргузор гардид.  Дар он хонандагону  омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳама ноҳияҳои шаҳри Душанбе ширкат доштанд.

Ба  ҷамъомади тантанавӣ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбеков ва  як зумра адибону нависандагони тоҷик, ки бештар барои кӯдакон эҷод мекунанд, ташриф оварданд.

Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки мақоми  китоб дар рӯзгори мардуми тоҷик аз замонҳои пеш маншаъ гирифта, мавқеи марказӣ дорад.  Ӯ баргузории фестивалро дар фасли баҳор, ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва дигар санаҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, аз қабили  17- солагии Ваҳдати миллӣ, 23-солагии Истиқлолияи давлатии Тоҷикистон.  20 — солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли нек хонд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» барои наврасону кӯдакон 41 номгӯй аз силсилаҳои «100 панд», «Атфол» ва «Ман ба мактаб меравам»-ро бо теъдоди 67000 нусха аз чоп баровард.

Бояд гуфт, ки имрӯз кӯдакону  наврасон дар ҷумҳурӣ қисми зиёди аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ,  фардои миллати тоҷик маҳз ҳаминҳоянд, ки бо сатҳи маънавиёт ва дониши аз бар намудаашон обруву эътибори Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ нигоҳ медоранд.

Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» аз 2-юм то 9-уми апрел дар саросари кишвар бо барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ идома меёбад.

Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»