Ба пешвози Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Фестивали филмҳо дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ

№ 04.05.2021

3 майи соли равон дар толори кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо ибтикори Сафорати Федератсияи Россия, Россотрудничество ва Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Фестивали филмҳо дар мавзӯи ҷанг бо унвони «Аз таърихи кинои тоҷик: бахшида ба 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, солҳои 1941-1945» оғоз гардид. Дар маросими кушодашавии фестивал Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия И.С.Лякин-Фролов, меҳмонони дигари хориҷӣ ва аҳли илму фарҳанг ва кинои тоҷик ширкат варзиданд.

Директори МД «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён  зимни суханронӣ аз маҳсули эҷоди синамогарони тоҷик дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар гардида, изҳор намуд, ки ин филмҳо ҳамчун саҳифаи дурахшоне дар таърихи синамои тоҷик боқӣ мемонанд.

Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон И.С.Лякин-Фролов низ ба филмҳои ба фестивал пешниҳодгардида баҳои баланд дода, изҳор намуд, ки онҳо намунаи олии дӯстӣ ва муборизаи якҷояи намояндагони миллатҳои гуногун бар муқобили душмани аҳли башар — фашизм буда, ҳоло ҳам аҳамият гум накардаанд ва намегузоранд, ки мо ҳақиқати он айёми пурдаҳшати Ҷанги Бузурги Ватаниро фаромӯш созем.

Дар рӯзи нахустини фестивал филми коргардон В.Пронин «Писари Тоҷикистон», ки дар айёми ҷанг, соли 1942 наворбардорӣ шудааст, пешкаши меҳмонон гардид. Рӯзҳои дигар муаррифӣ ва намоиши филмҳои ҳунарии «Дирӯз ва имрӯз»-и  коргардон Д. Храбровитский (с. 1965), «Зане аз кишвари дур»-и коргардон Тоҳир Собиров (с. 1978), «Тобистони соли 1943»-и  коргардон Маргарита Қосимова (с. 1967), «Вохӯриҳои кӯтоҳ дар ҷанги тӯлонӣ» — коргардонҳо А.Раҳимов ва С.Чаплин (с. 1975), «Қиссаи зиндони Павиак»-и коргардон Суҳбат Ҳамидов (с.1970) баргузор мегардад. Пас аз анҷоми намоишҳо муҳокимаи филмҳои пешниҳодшуда аз ҷониби тамошогарону киношиносон дар назар аст.

Фестивал то 7 май идома меёбад.

Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»