Фидокор

№49 (3686) 06.05.2017

пппппппппппппппп 002(Порае аз рӯзгори ибратомӯзи се даъват вакили Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон Сангин Ҳафизов)

Сангин Ҳафизовро дар ҷумҳурӣ хуб мешиносанд. Некукорӣ, садоқату вафодорӣ, меҳру муҳаббати инсонӣ, ҷасорату фидокорӣ ва дигар хислатҳои нек боиси ба қуллаҳои баланди зиндагӣ ва обрӯю шарафи инсонӣ расиданаш шудаанд.

Номбурда ёдовар мешавад, ки моҳи марти соли 1973 бо тавсияи котиби якуми Кумитаи Марказии Партияи коммунистии Тоҷикистон Ҷаббор Расулов, котиби якуми ҳизби коммунисти ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) интихоб гардид. Вай то ин дам дар вазифаҳои муаллими омӯзишгоҳ, сарвари комсомолони ноҳия, муовин ва сипас раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи ноҳия кор кард. Ташаббускорӣ ва масъулиятшиносӣ асоси ба зинаҳои нави роҳбарӣ боло рафтанаш гардид.

Қабл аз С. Ҳафизов вазифаи котиби якумро Ғоибназар Паллаев иҷро мекард. Ӯро ба вазифаи дигар – раиси Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Тоҷикселхозтехника» гузарониданд. Дар байни мардуми ноҳияи Ленин гапу калочаҳо хеле зиёд буданд. Баъди Ғоибназар Паллаевич киро роҳбари ноҳияи калонтарин таъин мекунанд? Зеро масоҳати ноҳия аз ағбаи Анзоб то сарҳади ноҳияи Шаҳритус  тӯл мекашид.

Тахминҳо ба ҳаво рафтанд ва одами худӣ — касе, ки дастоварду мушкилоти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ва сокинони онро чун панҷ панҷааш медонист, роҳбар таъин гардид.

Солҳое, ки Сангин Ҳафизов роҳбари ноҳия буд, истеҳсоли пахта ба 28 — 30 ҳазор тонна расид. Хоҷагиҳои махсусгардонидаи истеҳсоли меваю сабзавот, ангур, гӯшту шир, тухм ва гӯшти паранда ташкил ёфтанд. Боғдорию токпарварӣ дар талу теппа ва заминҳои лалмӣ вусъати тоза гирифт.

Собиқадори кори ҳизбӣ ва давлатӣ Мақсадулло Расулов он солҳоро чунин ба ёд овардааст:

- Ман раиси кумитаи назорати халқии ноҳия ва мутасаддии сари вақт ҷамъоварӣ кардану ба фонди умумииттифоқӣ фиристодани меваю сабзавот будам. Як вақт чунин шуд, ки бинобар кам будани вагон дар гармои тобистон, дар истгоҳи роҳи оҳан автомобилҳои пурбор аз хоҷагиҳои ноҳия ба масофаи тӯлонӣ саф кашиданд, ки боиси талафи меваю сабзавот мешуд. Гуфтугузори ман бо кормандони роҳи оҳан натиҷа надод. Вазъиятро ба Сангин Ҳафизов фаҳмонидам ва масъала зуд ҳалли худро ёфт.

Айёме ки С. Ҳафизов котиби якуми ҳизби коммунисти ноҳияи Ленин буд, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, манзилӣ-коммуналӣ ва мактаб дар авҷ буд. Дар ин давра бинои кумитаи ҳизбии ноҳия (ҳоло ҳукумати ноҳия), беморхонаи марказӣ, 63 мактаби дорои аз 800 то 1640 ҷойи нишаст, мактаби бачагонаи мусиқӣ, ҳаммом сохта, садҳо километр роҳ асфалтпӯш шуд.

Дастпарварони ноҳия С. Ҳақназаров, А. Саидмуродов, Азизбек Шарифов, Суюнмурод Мамасаидов, Ҳусноро Назарова, Насриддин Ибодов, Шавкат Мустафоқулов, И. Акмалҳоҷаев, Усар Мустафоқулов, В. Фадеев, В. Юсуфов, Г. Сиплухин ва бисёр дигарон ба мансабҳои баланд расиданд, ки аз Сангин Ҳафизов дарси роҳбарӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба давлатро омӯхтаанд.

Шогирдаш Насриддин Ибодов меҳнатдӯстии устодашро чунин васф мекунад:

- Маро, ки маълумоти олии зоотехникӣ доштаму сарнозири хадамоти хариди маҳсулот кор мекардам, моҳи августи соли 1976 Сангин Ҳафизов дар ҷаласаи кумитаи ҳизбӣ таъкид кард:

- Ба Эсанбой, ба хоҷагии ба номи Калинин, ба вазифаи директорӣ меравӣ, корро дуруст мекунӣ.

Ин кор бароям ғайричашмдошт буд. Зеро хоҷагӣ 45 ҳазор гӯсфанд, 3 ҳазор чорвои калон, галаи асп дошт. Дере нагузашта, бо дастгирии роҳбарони ноҳия ва ҷумҳурӣ хоҷагӣ ба мактаби зотпарварӣ табдил ёфт. Дар парвариши ҷуворимакка барои дон ва пиёз низ натиҷаҳои баланд ба даст омад.

Моҳи апрели соли 1981, бо иштироки Ҷаббор Расулов дар ноҳия доир ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ машварати калон доир гардид. Ман аз хусуси корҳои хоҷагӣ сухан кардам. Вақте аз минбар  поин шудам, Ҷаббор Расулов гуфт:

- Дар қатори пеш шинед ва гӯед, ки чӣ камбудӣ доред?

Ман дархостамро оид ба обшор намудани заминҳои бекорхобида иброз ва хоҳиш кардам ки: «Ҷаббор Расулович, як бор ба хоҷагии мо биёед».

Ҳамин сабаб гардиду таваҷҷуҳ ба ин минтақа зиёд шуд. Бештар аз 1500 гектар замини дашти Карағоз ва Корак обёрӣ шуда, роҳи Эсанбой — Шуртуқай мумфарш, деҳоти ба номи Қарахон Сардоров бо барқ пурра таъмин гардид. Ҳар гоҳе қаҳрамони матлаб ба ин макон меомад, барои сокинон ид мешуд.

Соли 1983 Сангин Ҳафизов муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Хизмати ӯ дар рушди кори осорхонаю китобхонаҳо дар ёди бисёр кормандони соҳа то ҳанӯз боқист.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоёни фарзанди фарзона ва созанда Сангин Ҳафизовро бо ду ордени «Байрақи Сурхи меҳнат», медал ва грамотаҳои фахрӣ сазовор гардонидааст. Ҳамчунин, меҳнаткашони ноҳияи Ленин ӯро се даъват (солҳои 1971-1974, 1975-1980 ва 1980-1985) депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб кардаанд.

Ин пири хирад аз он ифтихор дорад, ки дар солҳои Истиқлолият дар кишвар дигаргуниҳои азим ба амал омаданд ва мардум ба оянда некбин аст. Аз он хуш аст, ки оташи ҷанги шаҳрвандию нооромиҳои кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хомӯш шуд ва рӯзҳои нек фаро расиданд. Хушбахтии худро дар он мебинад, ки барои Ватан содиқона хизмат кардааст.

А. ШАРИФЗОДА,

М. МИРБОБОЗОДА