Фирдавсикалом

№9 (4115) 16.01.2020

(Ба ёди Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров)

 ghafurov_pg252Дар заковат, дар қазоват, дар сухан,

Шамъ не, қандил ба ҳар як анҷуман.

 

Рози ӯ бо сози миллат ҷӯр буд,

Ҳикмати ӯ халқро манзур буд.

 

Муқтадои оқилону фозилон,

Баҳрдил дар маҳзари дарёдилон.

 

Ҳамсадову ҳамдилу ҳамҷони мо,

Ифтихори мулки кӯҳистони мо.

 

Мо дар авсофи чунин як ҷонфидо,

Ҳамнаво гаштем, бо халқи Худо.

 

Халқ мегӯяд, ки Бобоҷон Ғафур,

Зулмати таърихро бахшид нур.

 

Аз азал чун боадолатзода буд,

Дар китоби худ адолатро сутуд.

 

Умқи таърихи Ватанро кофт, кофт,

Ахтаронро аз таги ахгар биёфт.

 

Буда пешоҳанг дар даврони худ,

Восифи ин миллати пуршони худ.

 

Солҳо ӯ сарвари ин хок буд,

Хоки мо аз бенизомӣ пок буд.

 

Бурд андар солҳои сарварӣ,

То ба арш ӯ қимати одамгарӣ.

 

Водии зархезро бунёд кард,

Шаҳру деҳу киштаҳо обод кард.

 

Вахшро дар хизмати деҳқон бидод,

Бас биёбонро зи файзаш ҷон бидод…

 

Бар ҷаҳони ҷовидонии сухан,

Бурд ӯро ишқи таърихи Ватан.

 

Ӯ як умре ғосибонро санг зад,

Сангҳо бар фарқи ҳар бенанг зад.

 

Сӯхт андар оташи дил дар гирифт,

Каштали Чингизу Искандар гирифт.

 

Миллатам, гуфт, аз азал бедор буд,

Халқи тақводору ҳикматёр буд.

 

Ҳикмати Синову Афлотун гирифт,

Аз Куруш ӯ нусхаи қонун гирифт.

 

Дар қадамҳояш зи ҳикмат гул фишонд,

Боз андар маснади Бобул нишонд.

 

Аз Куруш омӯхт, миллатпарварӣ,

Ҳам матонат, ҳам адолатгустарӣ.

 

Васф кард ӯ тоҷикон дар «Тоҷикон»,

Ҳамчу халқи тоҷдору комрон.

 

Миллати донишвару ояндабин,

Миллати фарзонаи рӯи замин.

 

Буда умре ҳамдами ҳамсояҳо,

Огаҳ аз бешу ками ҳамсояҳо.

 

Ҷабри таърих дида азмаш кам нашуд,

Пеши оламгирҳо сархам нашуд.

 

Ӯ ба фарҳангаш ғановат зам намуд,

Бегумон Қутайбаро сархам намуд.

 

Оташи Сомониён дар ҳар замон,

Боз ҳам тобандатар шуд Меҳрсон.

 

Шамъҳо сӯзанд дар қандили ӯ,

Оқилу одил буд Исмоили ӯ.

 

Шавқату шони Хуросони кабир,

Ҳаст дар таърихи олам беназир.

 

Ин ҳама андар китоби «Тоҷикон»,

Сабт гашту ёфт умри ҷовидон.

 

Тоҷиконро дод ӯ ному нишон,

«Тоҷикон»-аш кард як қутби замон.

 

Муттакои ӯ китоби «Тоҷикон»,

Шуд баҳористони умраш бехазон.

 

Панд гирем аз китоби «Тоҷикон»,

«Тоҷикон» дар қалби мо дорад макон.

 

Гуфт, тоҷик аз азал боор буд,

Бо хирадмандони олам ёр буд.

 

Ҳамсадо будаст бо аҳли башар,

Теша мезад решаи бедодгар.

 

То ба Истиқлол фахри олимон,

Буду Истиқлол кардаш ҷовидон.

 

Буд агар ӯ ибрати донишварон,

Файзи Истиқлол кардаш қаҳрамон.

 

Ҳамчу Бобоҷони машҳури ҷаҳон,

Гашт бобоҷони ҳар пиру ҷавон.

 

Халқ шод аз ӯст, рӯҳаш шод бод,

Қасри илми ӯ абадобод бод.

 

Миллатам дорад ҳазорон эҳтиром,

Бо чунин фарзанди фирдавсикалом.

 

 Ҷумъа ҚУВВАТ