Гӯри Восеъ дар куҷост?

№147 (3627) 01.12.2016

Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ соли 1888 аз андозҳои гарон ва зулму ҷабри амирони манғитӣ ба танг омада, шӯриш бардошт. Амири Бухоро шӯришро пахш кард ва Восеъро дар Шаҳрисабз, ки имрӯз ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст, ба қатл расонд. Дар васфи ӯ шеъру қиссаҳои зиёде эҷод шуда, Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Сотим Улуғзода оид ба корнамоиҳояш роман навишт. Ба хотири арҷгузорӣ ба қаҳрамонии ӯ ноҳияеро низ дар вилояти Хатлон ба номаш гузоштаанд. Мутаассифона, бо гузашти наздики 130 сол то имрӯз қабри ин абармарди миллати тоҷик номаълум буда, касе пайи муайян кардани он кӯшиш накардааст. Раҷабалӣ Камолов — абераи Восеъ мегӯяд, ки зимни ҷиддитар машғул шудан имкони пайдо кардани қабри Восеъ вуҷуд дорад.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода зимни суҳбат гуфт, ки таърихшиносоне, ки давраи шӯриши Восеъро таҳқиқ кардаанд, бояд барои муайян кардани қабраш низ иқдом менамуданд.

- Таҳқиқи пурра ва муайян кардани қабри Восеъ муҳим аст, зеро он агар ёфт шавад, бояд ба зиёратгоҳи тоҷикон табдил ёбад. Агар муайян нагардад, як қабри рамзии Восеъ бояд дар Тоҷикистон сохта шавад.

Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон Зикриё Акрамӣ мегӯяд, ки Восеъро бо ваҳшоният ба қатл расониданд, ҷасадашро сӯзониданд ва ё нобуд карданд, маълум нест. Мо қабри Темурмаликро ҳам намедонем. Бо ёфтани қабри шахсият ягон паҳлуи норавшани илм кушода намешавад. Масъа­лаҳои асосиро ҳал кунем, баъд ба ин корҳо даст задан мумкин аст.

- Агар шахсони саховатманд ба ин кор ҳавас дошта бошанду маблағгузорӣ кунанд, аз паси ин кор шудан мумкин аст. Барои ҷалби сайёҳ роҳҳоро обод карда, инфрасохтор ташкил кардан даркор. Қабри бузургтарин инсон ҳам бошаду роҳ набошад, аз 2-3 нафар зиёд ба зиёрат намеравад, — муътақид аст номбурда.

Муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Сайфулло Сафаров мегӯяд, ки гоҳе модарон фарзандашонро фаромӯш мекунанд, аммо Ватан на. Баргардонидани боқимондаҳои ҷасади Восеъ муҳим аст. Дар шароите ки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯ ба гармшавӣ доранд, ин кор барои боз ҳам беҳтар шудани муносибатҳо мусоидат мекунад. Бо бостоншиносони ӯзбек ҳамкорӣ кардан лозим аст. Барои тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби сайёҳон ҳам ин омил мусоидат карда метавонад.

Доктори илми таърих Ҳайдаршоҳ Пирумшоев, ки шӯриши Восеъро таҳқиқ кардааст, гуфт, ки мувофиқи маълумот гӯё Восеъ дар ҷое, ки ба қатл расида буд, дафн шудааст, зеро хоҳараш, ки аз пасаш рафта буд, сари гӯри ӯ чанд вақт азодорӣ кардааст. Саҳнаи куштанаш ҳамин буд, ки вақте Восеъ ба пеши амир сар намефарорад, амир фармон медиҳад ва ҷаллод бо шамшер ба сараш зада, ҷасадашро дар дор овезон мекунанд. Аммо қабраш маълум нест ва пайдо карданаш ҳам душвор аст. Китоби «Таърихи омӯзиши Восеъ»-ро навиштам ва дар бораи шӯриш аз бойгонии Империяи Россия 12-13 ҳуҷҷат ёфтам. То ҳол дар бораи ҷойи дафнаш ба ягон маълумот вонахӯрдам.

- Роҳҳои ҷустуҷӯ бисёр аст. Агар тахмин ҳам ёбем, аз рӯи ташхиси химиявӣ (ДНК) муайян кардан мумкин аст, зеро хешу табори Восеъ ҳастанд, — гуфт ӯ.

Сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев низ пайдо кардани қабри Восеъро қобили дастгирӣ медонад. Номбурда гуфт, ки дар деҳаи Дараи мухтори ноҳияи Ховалинг Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ ташкил шудааст.

- Восеъ дар Шаҳрисабз ба қатл расида, ҳамон ҷо дафн шудааст. Шаҳри мазкур имрӯз тобеи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад ва ин масъала бе дахолати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намешавад, — изҳор дошт ӯ.

Воқеан, агар дар арафаи 130-солагии шӯриши Восеъ барои пайдо кардани қабр ва ба Тоҷикистон интиқол додани боқимондаҳои ҷасади Восеъ иқдоме рӯи даст гирифта шавад, амали саривақтиву савоб аст. Давлатҳо нишони фарзандони қаҳрамонашонро аз ҳар гӯшаи олам ҷуставу ёфта, ба Ватан мебаранд ва пайи зинда нигоҳ доштани ному корнамоии онҳо тадбир меҷӯянд. Чанд сол пештар ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Туркия боқимондаи ҷасади Анварпошоро, ки дар ноҳияи Балҷувони Тоҷикистон хок шуда буд, ба ватан баргардониданд. Чанд вақт пештар (6 октябри соли 2016) бо дархости Қазоқистон Федератсияи Россия косахонаи сари Нурмагамбет Кокембайулуро (Кейкӣ Ботир), ки яке аз фаъолони шӯриши соли 1916 бар зидди шоҳи Россия мебошад, бозгардонд.

Дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ баъди 86 соли ба қатл расидан амир Ҳабибуллои Калакониро бори дигар ҷаноза карда, бо шукуҳи хоса ба хок супориданд. Пас, чаро мо барои пайдо кардани қабри ин фарзонафарзанди миллати тоҷик иқдом нанамоем?

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»