Гӯшаи Ҷомӣ дар китобхона

№111 (3257) 25.09.2014

Имрӯзҳо дар сар то сари кишвар ба ифтихори 600 — солагии бузургдошти  Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ доир гашта истодаанд.

Дар Китобхонаи марказии ноҳияи Файзобод (директораш Абдуҷаббор Сафаров) гӯшаи Абдураҳмони Ҷомӣ ташкил ёфтааст, ки  дар он асарҳои пурарзиши шоир гирд оварда шудаанд. Дар китобхона то имрӯз се конфронс доир ба ҳаёт ва фаъолияти Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид, ки шоирону нависандагон, олимону китобдӯстон иштирок доштанд ва аз ғазалиёти мавсуф пораҳои шеърӣ қироат  карданд.

Асарҳои бадеии Абдураҳмони Ҷомӣ дар рушду такомули таъриху фарҳанги  халқи тоҷик нақши бузург дорад. Бесабаб нест, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ осори Ҷомиро меомӯзанд.

Агар ба осори Абдураҳмони Ҷомӣ назар андозем, аҳамияти илмию назариявӣ ва амалии пурарзиш доранд.

Масалан «Рисолаи арӯз», «Рисолаи ҳофиз», «Рисолаи мусиқӣ», «Шарҳи мулло», «Шарҳи Ҷомӣ», «Нафаҳот-ал-унс» аз намунаҳои  барҷастатарини осори гаронбаҳои ӯ ба шумор мераванд. Мавлоно Ҷомӣ шоир, тарбиятгар, мутафаккири бузургест, ки тамоми эҷодиёти худро ба васфи инсони ватандӯст, меҳнатдӯст ва ба манфиати мардум бахшида, дар асарҳои пурарзишаш ишқи поки ватан, инсонпарварӣ, маърифат ва дӯстию бародарии миллату халқиятҳоро тарғиб намудааст. Дар бораи бузургии китоб чунин мегӯяд:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар ғамкадаи замона  ғамхоре нест.

Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,

Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Дар китобхонаҳо ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Файзобод ба ифтихори бузургдошти Мавлоно Абдураҳмони  Ҷомӣ чорабиниҳои адабию фарҳангиро омода ва пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ гардонида истодаанд.

Ҳокими САФАР, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон