Гармию сардӣ мушкилоти моро меафзояд

№105 (3585) 09.08.2016

 - мегӯянд кормандони Китобхонаи вилоятии ба номи Айнии шаҳри Кӯлоб

Нисфирӯзии яке аз рӯзҳои  охири моҳи июни соли равон бо нияти шиносоӣ бо нашрияҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ вориди толори хониши Китобхонаи вилоятии ба номи Айнии шаҳри Кӯлоб шудам. Назди тирезаи нимроғи толори васеи холӣ ҷавонзане нишаста буд. Пас аз изҳори матлаб карданам ӯ  бастаи маҷаллаю рӯзномаҳоро оварда, рӯи миз гузошту боз ба ҷойи қаблии худ  рафта, машғули «шамолхӯрӣ» шуд.

Ними бастаи аввалро варақгардон накарда будам, ки баданам арақшор шуд. Ночор аз миёни бастаи зери дастам рӯзномаеро гирифтаму баробари шиносоӣ, ҳамзамон машғули шамол додани  сару рӯям гардидам. Лаҳза ба лаҳза вазъам ногувор мешуд, вале ба хотири зоеъ нашудани вақт ба амали хеш идома бахшидам. Вақте охирин бастаро варақгардон мекардам, се-чор нафар корманди китобхона вориди толор шуданд. Яке аз онҳо гуфт:

- Мо мақолаи шуморо дар хусуси  вазъи китобхонаҳои минтақаи Кӯлоб хондем. Дар мақола аксар нобасомониҳои соҳаи китобдорӣ, бахусус вобаста ба китобхонаи мо,  инъикоси худро  ёфтаанд, ба ҷуз як мушкиле, ки фаслҳои тобистону зимистон ба он мувоҷеҳ мешавем.

- Он чӣ мушкил будааст? — пурсидам ҳайратомез.

- Шумо он вақт сабабҳои ба китобхона кам омадани хонандагон, бахусус кормандони ташкилоту муассисаҳоро пурсон шудед. Аҷиб, ки он вақт мо аз баёни   мушкили  асосиамон   батамом фаромӯш кардаем. Иллати кам омадани хонандагон дар навбати аввал  ба шароити мавҷудаи китобхона вобаста аст. Яъне, толорҳои хониши мо фасли зимистон сардхонаю тобистон гармхонаро мемонад. Дар ин бинову толорҳо фасли сармо дасту пой месӯзаду  айёми гармо кас нафасгиру арақшор мешавад. Хоҳишмандем, ки  рӯзномаи «Садои мардум» дар ҳалли ин мушкилот моро кумаку дастгирӣ  намояд.

Роҳи рафъи ин ҳолатро  аз директори китобхона Саймуҳаммад Обидов пурсон шудам. Ӯ чунин изҳор намуд:

- Дар толори хониш ду-се бодбезак ҳаст, вале онҳо кор намекунанд. Мо имкони харидорӣ кардани кондитсионерро надорем. Барои ҳалли ин масъала хаттӣ ба Раёсати фарҳанги минтақа муроҷиат кардем…

Аз бинои китобхона берун баромада, тасодуфан бо китобдӯстдору ёдноманависи шинохта Абдулҳамид Гулмаҳмадов, ки ба наздикӣ пасандози адои Ҳаҷи худро барои чароғон кардани маҳаллаи навбунёди Заринкӯҳ масраф карда буд, вохӯрда, аз хусуси арзи китобдорону мушоҳидаҳои худ лаб кушодам.

Шаҳрамон калон аст, наход саховатмандеву соҳибкоре пайдо нашавад, ки барои харидорӣ намудани се-чор кондитсионер иқдом намояд, — ба бинои китобхона маънидорона назар дӯхта, гуфт ӯ.

Агар воқеан мо фарзандони ватандӯсту дилбохтаи ин хоку оби муқаддас бошем, пас зарур аст, ки  ҳама имкону кумаки худро, амсоли ҳамсуҳбати мо Абдулҳамид Гулмаҳмадов баҳри рафъи мушкилоти мардум, бахусус мактабу китобхонаҳо бояд  дареғ надорем.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ,  «Садои мардум»