Гиромидошти хотираи вакили мардумӣ ва журналисти ҷасур

№59 (4165) 16.05.2020

ЗайниддинЗайниддин Муҳиддинов аз журналистони ҷасуру ҳақгӯ буд, ки риштаи умраш ба таври фоҷиавӣ дар солҳои нооромии кишвар канда шуд.

Ӯро бисёриҳо ҳамчун омӯзгор ва рӯзноманигори боистеъдод мешинохтанд. Фаъолияти меҳнатиаш баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) ба ҳайси омӯзгор дар  мактаби миёнаи рақами 80-и ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) оғоз ёфт. Азбаски ростқавлу шахси бомаърифат буд, нисбат ба мушкилоти ҷомеа бетараф буда наметавонист. Ҳамин хислат ӯро ба майдони рӯзноманигорӣ овард ва муваффақ ҳам шуд. Таҳлили масоили деҳот, мушкилоти соҳаи маориф, вазъи иҷтимоии мардум аз ҷумлаи мавзӯъҳои мақолаҳои танқидию таҳлилии Зайниддин Муҳиддинов маҳсуб меёфтанд. Кордонию истеъдоди ӯро ба назар гирифта, соли 1983 сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқат» (ҳоло «Насими айём») таъин намуданд. Эътироф бояд кард, ки дар тӯли роҳбарии ӯ нашрия хонданбобу пурмуҳтаво буд.

Дар солҳои аввали 90-уми асри гузашта, ки Тоҷикис­тон ҷанги шаҳрвандиро аз сар мегузаронд, қаҳрамони матлабро раиси хоҷагии ба номи Ленин (баъдан ба номи С. Пӯлодов) таъин карданд. Дар он солҳо роҳбарӣ кардан ба ин минтақа, ки макони муқовимати силоҳбадастон гардид, кори осон набуд. Бо вуҷуди монеаҳо ҷавонмарди ҷасур барои пешбурди корҳои хоҷагӣ, таъмини сулҳу субот саъю талоши зиёд кард. Ин буд, ки соли 1995 ӯро аз ҳавзаи интихоботии Гулистон №44 номзад ба вакилии Шӯрои Олии кишвар пешниҳод карданд ва сазовори боварии мардум ва шаҳодатномаи вакилӣ гардид. Орзу дошт, ки дар мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат баҳри пешрафти ҷомеа ва беҳтаршавии рӯзгори мардум саҳмгузорӣ кунад. Вале, якчанд рӯз пеш аз иҷлосияи нахустини даъвати якум (1995-2000)-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз дасти нохалафону нотавонбинон ба қатл расид…

Дар маҳфиле, ки чанде пеш дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ бо иқдоми идораи рӯзномаи «Насими айём» баргузор гардид, аз ин ҷавонмарди сарсупурда ёд карданд. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаю ташкилотҳои ноҳия, Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дӯстону наздикони шодравон Зайниддин Муҳиддинов иштирок ва суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки агар З. Муҳиддинов дар қайди ҳаёт мебуд, ҳоло ҳафтодсола мешуд. Фарзанди Зайниддин Муҳиддинов Малоҳати Зайниддин, ки ҳоло касби падарро идома медиҳад, дар баробари суханронии пуртаъсир шеъреро, ки ба ёдбуди падари шаҳираш навишта буд, қироат кард. Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев пешниҳод намуд, ки барои поси хотири Зайниддин Муҳиддинов ба номи ӯ гузоштани таълимгоҳе мантиқӣ ва бамаврид аст.

Бовар дорем, ки пешниҳоди зикршуда аз ҷониби сохторҳои зидахл мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»