Овоза ва ҳақиқат

Гурусначашмӣ боиси қиматӣ мешавад

№31 (4137) 12.03.2020

DSC_7430Хабари бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус муваққатан басташавии масҷидҳоро бархе аз ҳамватанон нодуруст фаҳмида, ба таҳлука афтоданд. Бардошт чунин буд, ки сарҳадҳо баста шуда, воридоти орду гандум қатъ мешавад. Чунин овозаҳои бардурӯғ боиси якбора  то 210 сомонӣ баланд шудани нархи як халта орд гардида, дар амборҳои нигоҳдории орд, бинобар издиҳоми харидорон, ба қавле, «ҷои сӯзанпартоӣ намонд».

Афроди ба таҳлукаафтода охирин маблағи захиранамударо сарфи харидани орд  карданд. Дидани чунин манзара бори дигар исбот намуд, ки ҳанӯз аксар ҳамватанон, бо вуҷуди мусулмон будан, аз фармудаҳои Паёмбари ислом бехабаранд.

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар як ҳадисашон  фармудаанд: «Аз дурӯғҳо ҳамин бас аст, ки ҳар чӣ шунидӣ, ба дигарон бигӯӣ». Яъне, овозаеро шунида, рост ё дурӯғ набудани онро насанҷида, миёни мардум паҳн кардан козибист (дурӯғгӯист). Шайх Саъдӣ дар ин бобат мефармояд:

Дурӯғ одамиро кунад шармсор,

Дурӯғ одамиро кунад бевиқор.

Дурӯғ, эй бародар, магӯ зинҳор!

Ки козиб бувад хору беэътибор.

Чанд сол пеш низ бо сабаби паҳн кардани  хабари дурӯғи заминҷунбӣ аксар сокинони мамлакат аз хонаҳояшон берун баромада, шабро дар кӯча рӯз намуданд.

Дуюм рафтори  номуносибе, ки дар аксар одамон ба чашм мерасад, ҳарисӣ (чашмгуруснагӣ) аст. Дар «Мукошафат -ул — қулуб»- и Имом Ғаззолӣ дар  фазилати қаноат омадааст: «Муъмин бояд қонеъ бошад.

Агар қаноат накунад, бо тамаъ ва ҳирс (чашмгуруснагӣ) олуда шуда, ахлоқаш ношоиста ва ғайриинсонӣ хоҳад гашт…»

Ғиёсуддин Мирзиёуддин дар китоби «Одоб-ул-мубин» ҳирсро  мазаммат карда, қаноатро ситоиш намудааст:

Ҳирс ранҷу қаноат омад ганҷ,

Хуб бишнос ганҷро аз ранҷ.

Аз қаноат касе нашуд бе ҷон,

В- аз ҳарисӣ касе нашуд султон.

Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Эй мардум! Ризқи худро бо роҳи ҳалол биёбед, зеро ба дасти банда танҳо чизи дар қисматаш буда мерасад. Инсон то ризқи барояш муайяншударо  нахӯрад, аз дунё намеравад».

Агар худро муъмин шуморем, чаро ба ин гуфтаҳои Паёмбари ислом камтаваҷҷуҳем? Шукр, ки ҳоло он қаҳтию гаронии солҳои  навадуми асри гузашта нест.  Аз баракати тинҷию осудагӣ сари ҳар қадам нонвойхонаю дӯкони нонфурӯшӣ мавҷуд ва мағозаҳо аз нону кулча пур аст.

Таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ ва муътадилии нархҳо зери назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, вазорату идораҳои масъул дар ин самт мунтазам чораҷӯӣ доранд.

Тибқи иттилои Маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, овозаҳо вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти озуқаворӣ, бахусус орд ва болоравии нархҳо, асос надоранд. Мувофиқи омори расмӣ, маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла, орд, равған, гӯшт, шакар, тухм ва сабзавот дар сатҳи зарурӣ ва баъзе намуди онҳо аз меъёрҳои тавсиявии истеъмолӣ зиёдтар мавҷуд мебошанд.

Соли 2019 истеҳсоли ғалла дар дохили кишвар 1,4 млн. тонна, аз ҷумла, гандум 836,2 ҳазор тонна ва воридоти он 1,1 млн. тоннаро ташкил дод. Истеҳсоли орд (бо дарназардошти коркарди гандуми воридотӣ) тахминан ба 1,5 млн. тонна баробар гардид, ки нисбат ба соли 2018-ум 132 ҳазор тонна зиёд аст.

Истеҳсол ва воридоти равғани растанӣ соли 2019 то 120 ҳазор тонна буда, нисбат ба соли қаблӣ 28 ҳазор тонна зиёд шуд.

Соли 2019 истеҳсолу воридоти гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 168,3 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2018 11 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ҳиссаи воридоти маҳсулоти хӯрока дар ҳаҷми умумии воридот аз Хитой ночиз буда, 0,3 фоизро ташкил медиҳад. Маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла, гандум ва орд асосан аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид мегардад.

Дар маҷмӯъ, барои таъмини эҳтиёҷоти бозори истеъмолӣ дар Тоҷикистон захираву иқтидорҳои зарурии истеҳсол ва нигоҳдории молу маҳсулот мавҷуд буда, овозаҳо асос надоранд.

Дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ реҷаи муқаррарии корӣ давом дошта, шаҳрвандон метавонанд ҳар рӯз эҳтиёҷоти истеъмолиро қонеъ намоянд.

Инчунин, фирефтаи ҳар гуна овозаю воҳимаҳо нашуда, қаноату чашмсериро пеша сохта, баҳри ободии диёр кӯшиш кунем.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев