Бонги изтироб!

«Гузаштум ай лаби об»

№109 (3903) 06.09.2018

Ё сарояндагони китобқимоб

Замони шӯравӣ дар ҳар деҳа оила­ҳои ангуштшумор соҳиби магнитофон буданду суруду оҳанги дилхоҳро такрор ба такрор мешуниданд. Дигарон ба сурудҳои аз радио пахшшаванда қаноат мекарданд. Дар радиою телевизион сурудҳои ба васфи Ватану меҳнат, ишқу муҳаббати беғаш, эҳтироми модар бахшидашуда ва маънии тарбиявидошта ба эфир мебаромад.

Имрӯз дар ҳар хона радиоприёмники хитойӣ, DVD, телефони мобилӣ мавҷуд аст. Илова бар ин, дар бозору нақлиёти мусофиркаш низ ғайри хоҳиши бисёриҳо, садои мусиқӣ баланд мешавад. Кош онҳо ҳама фораму маънидор бошанд.

Чанде пеш тавассути хатсайри рақами 13 ба ҷойи кор меомадам. Сарояндаи ҷавоне зӯр зада  зам — зама мекард:

Гузаштум ай лаби об,

Дидум духтари ноёб (?),

Гуфтум: «ай куҷо мешай?»

Бо ханда гуфт: «ай Кӯлоб».

Чунин сурудҳои бемантиқро, албатта, касоне гӯш мекунанд, ки сатҳи фаҳмишашон баробар ё поёнтар аз сароянда аст. Зеро, агар  сароянда китобхон мебуд, сараро аз носара, пухтаро аз хом ва дурро аз хармӯҳра фарқ мекард.

Сарояндае, ки китоб мехонад, ҳеҷ гоҳ мисраъҳои каммазмунро ҳамчун суруд пешкаши шунавандагон намекунад:

Явош явоше,

Ёрум куҷоше?

Чашмой сиёҳше…

Барои намояндагони миллате, ки Рӯдакиву Саъдӣ, Аттору Ҷомӣ, Соибу Сайидо ва ҳазорон шоири соҳибдевон дорад, сурудани таронаҳои  бемантиқи зер айб аст:

Рафтиву номадӣ ҷон,

Дигар маро насӯзон.

Сӯхтам, сӯхтам,

Дар ишқи ту  пухтам.

Аз марги «Булбули шӯридаи Шарқ» Аҳмад Зоҳир қариб 40 сол сипарӣ мегардад, вале таронаҳояшро то ҳол  мухлисон бошавқ гӯш мекунанду касе аз сарояндагони форсизабон ба сатҳи ӯ нарасидааст. Мегӯянд, ки Аҳмад Зоҳир китобхонаи хусусие дошт, ки иборат аз 3 ҳазор нусха китоб буд. Сарояндаи маъруф соатҳо ғарқи мутолиа шуда, аз ашъори хондааш беҳтарин матнҳоро интихоб мекард. Ҳамин аст, ки сурудҳои ӯ дар баробари  оҳанги марғуб доштан маънии баланд низ доранд.

Мутаассифона, имрӯз иддае аз ҷавонон, ки даъвои сарояндагӣ мекунанд, худро аз мутолиаи китоб канор гирифта, ба матнҳои сабук оҳанг мебанданд. Масалан, ба ин таронаи Мино таваҷҷуҳ фармоед:

Ишқи аввал ногаҳон меомадай,

Бехотир дар дилакут медаромадай.

Ай ману ай ту намепурсидай,

Ошиқ ай ҳичӣ наметарсидай.

Вақте матнҳои харобро  мешунавӣ, ба қавли шоир, дили кас месӯзад.

Ба хотири такрор нашудани  фачсароиҳо масъулони шабакаҳои телевизиониро зарур аст, ки минбаъд ҳангоми пешниҳоди суруд, дар баробари номи сароянда, аз  ашъори кӣ будани матни он ва муаллифи оҳанг низ нависанд. Ин талаботро дар студияҳои сабти овоз низ ҷорӣ бояд кард. Агар студияе, ки сурудхониҳои фачро зиёд сабт намояд, масъалаи бастанаш пеш гузошта шавад. Шояд бо ҷорӣ кардани талаботи сахт фачсароён рӯ ба китоб оранду оянда сурудҳои  баландмазмун эҷод кунанд?!

С. АМИНИЁН, «Садои мардум»