Хабарнигори «Садои мардум» яке аз ғолибони озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» дониста шуд

№142 - 143 (4092 - 4093) 26.11.2019

IMG_8267Дар толори Қасри ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шеъри бачагона», ки бо ибтикори нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи «Ҷумҳурият» моҳи июни соли 2018 эълон шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Дар чорабинии ҷамъбастӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода баромад ва иқдоми нашрияи «Ҷумҳурият»-ро нек арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси аҳли қалами «Ҷумҳурият»,  бешак, ба рушди адабиёт, хоса адабиёти бачагона, парвариши меҳру муҳаббати бачагон ба шеър мусоидат хоҳад кард.

Бино ба гуфти Раҷаббой Аҳмадзода, дар озмун 100 довталаб иштирок намудааст.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ шоҳҷоизаи озмун ба шоира Ҷумъагули Назар тақдим карда шуд. Ифтихорномаи озмун ва мукофотҳои пулиро ба шоирон Алӣ Бобоҷон, Латофат Кенҷаева, Юсуфҷон Аҳмадзода, Раҷаби Мусулмониён, Зебунисо Ҳамидзода, Лоиқи Одина, Сувайлои Ёвовар, Мадина Каримова Шоири халқии Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш тақдим намуд.

Дипломи дараҷаи сеюми озмунро Мирзо Рустамзода — корманди масъули нашрияи «Садои мардум», дараҷаи дуюмро Султонмурод Ҳоҷибоев ва Ёсумани Шарафҷон соҳиб шуданд. Ҷоизаи махсуси рӯзномаи «Ҷумҳурият»  ба шоир Ҷӯра Ҳошимӣ ва ҷоизаи махсуси раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ тақдим гардид.

М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум»