Хандаи гул дар гулистон ваҳдат аст

№75 - 76 (4025 - 4026) 27.06.2019

Ватан, модар, ваҳдат, ишқ, меҳр, садоқат… аз мавзӯъҳои ҷовидонаи адабиёт ба ҳисоб мераванд. Аз ин ҷост, ки ситоиши Ватан ва ваҳдати миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бештар гардид.

Зеро ваҳдат неъмати бебаҳост. Барои расидан ба он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст.

Мехостам суханони шоири маъруфи Доғистон Расул Ғамзатовро, ки соли 2003 гуфтааст иқтибос орам: «Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд — Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад…».

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар замони хеле мушкил, барои миллату Ватан ниҳоят зарур роҳбарии кишварро ба зимма гирифтанд, моҳиятан ҳадяи Эзид мебошанд. Зеро дар ниҳодашон сифатҳои олӣ, аз ҷумла, мардонагӣ, шуҷоат, хираду андешаи азалӣ, одамияти беназир ва ғайра ҷой гирифтаанд ва маҳз дар ин замина истихроҷи сулҳу ризояти миллӣ имконпазир гардид. Аз ин рӯ, бегуфтугӯ, меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ Сарвари давлат ҳастанд.

Комилан дуруст аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатро аз сифр тарҳрезӣ ва бунёд карданд. Ва табиист, ки он саҳлу сода набуд. Пешвои миллат минҳайси меъмор ин кохро дар заминаи хираду андешаи пок бунёд намуданд. Кунун мардум дар он, ки аз ваҳдату сулҳу субот, ободиву оромӣ таркиб ёфтааст, хушбахтона зиндагӣ доранд.

Гузашта аз ин, ваҳдат ишқ аст, муҳаббат аст, ихлосу самимият аст. Аз ин боис, таманниёти шоир дар шеър бозгӯйӣ мешавад:

Он чӣ ҷамъ созад парешонии моён, ваҳдат аст,

Он чӣ рангин мекунад ин рӯзгорон, ваҳдат аст.

Он чӣ созад зиндагиро ҳамчу зиндон, душманист,

Он чӣ аз по дур созад банди зиндон, ваҳдат аст.

Он чӣ зулмобод созад зиндагиро, нафрат аст,

Он чӣ созад зиндагиро нурборон, ваҳдат аст.

Он чӣ аз хун ранг созад хокро, бошад нифоқ,

Он чӣ хандонад саҳар гул дар гулистон, ваҳдат аст.

Эй бародар, бо бародар бош чун нохуну гӯшт,

Он чӣ бахшад панҷаи моро тавон, он ваҳдат аст.

Боз кун дасти дуо, эй дӯст, ҳар шому саҳар,

Он чӣ аз офат диҳад моро наҷот, он ваҳдат аст.

 

Ва умеду орзую ормони ҳамешагии мардум ҳамин хоҳад буд:

 

Нигаҳ дорӣ Ватанро аз балоҳо, эй Худои ман,

Чунин аст ормони ҳамватан андар садои ман.

 

Лаълҷубаи МирзоҳаСан, котиби масъули шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон