Хатари ҳизбҳои динӣ ба давлатдории миллӣ

№11 (3805) 27.01.2018

вавап.Тавре таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба «шарофати» ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмӯъ, монеаи рушди бомароми давлатҳо гардидааст.

Мисоли рӯшани ин андеша Афғонистон аст, ки беш аз 40 сол мардумаш аз гирудорҳои сиёсатмадорони дорои платформаҳои мухталифи динӣ ранҷ мекашанд. Либия, Судону Ироқ, Сурияву Филиппин, Тунис ва бисёре аз мамолики Африқои Шимолӣ солҳои зиёдест, ки ноором буда, равиши муътадили пешрафтро аз даст додаанд. Омили асосии ин навъ носозгорӣ дар муборизаи ҳизбҳои динист, ба ин маъно, ки ақаллияте бо идеологияи динӣ мехоҳад мафкураи худро ба аксарият бор кунад, вале чун дар муборизаи табиӣ тавассути интихобот дасти қудрат намеёбанд, ночор роҳи муборизаи ғайриқонунӣ – бо ташкили табаддулоту шӯришҳо кӯшиши сари ҳокимият омадан мекунанд.

Таҷрибаи Тоҷикистон низ мисоли равшани ин гуна шакл гирифтани ҳодисаҳост. Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ беш аз 40 сол дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон амал кард. Ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта, ба эътибори иқрори масъулини ин ҳизби манъшуда, мавзӯи сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба давлати сирф динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд. Баъди анҷоми муноқишаҳои дохилӣ ҳизб парлумонӣ гардид, аммо набудани имконоти сари қудрат омадан тавассути интихобот оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии онҳоро кушод. Охирин умеди наҳзатиён табаддулот буд, ки билохира дар он шикаст хӯрданд. Чунин хулоса мешавад, ки сенарияи баъзе аз кишварҳои хориҷӣ оид ба ташкили табаддулот тавассути неруҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон амалан татбиқ нагардид.

Мутаассифона, ин таҷриба то кунун барои мафкурапардозон сабақ нашудааст, ҳанӯз ҳам баъзе аз фирориёни ин ҳизби террористиву ифротӣ эъломшуда дар хориҷа аз «адолат»-у «нақзи ҳуқуқи инсон» сухан меронанд, аммо боре нашуда, ки гиребон бӯ кардаву амалҳои хешро дар тарозуи воқеият баркашида, ба хулоса оянд, ки чӣ кори баде барои ҷомеаи Тоҷикистон ва чӣ хиёнате барои миллат кардаанд.

Ба назар чунин мерасад, ки онҳо дар муборизаи иттилоотӣ бо мардуми шарифи Тоҷикис­тон танҳо нестанд, созмонҳои тунд­гаро ва иғвоангези «Гурӯҳи 24»,«Ҳизб-ут-таҳрир», «Ваҳҳобия», «Салафия» ва амсоли инҳо бо тамоми қувва ба сари мардум борони туҳмату буҳтон мерезанд. Дар ин миён барои яке аз мафкурапардозони онҳо – Сайидюнуси Истаравшанӣ ҷойи махсусе таъин шудааст. Ӯ аз номи дини мубини ислом ва «ҳақиқатҳои исломӣ» чунон даъвоҳое пеш меорад, ки касро ба ҳайрат мегузорад. Аз ҳуқуқи инсон, шарофати инсон ва манофеи инсон он нафаре ҳаққи сухан кардан дорад, ки тимсоли некӣ ва шарофат бошад, яъне накукирдору сирату сураташ мутобиқи ҳам бошад. Мактуби як гурӯҳ намояндагони мардуми Истаравшан ба номи сафири Эрон дар Тоҷикистон, ки чанде пеш дар матбуот чоп шуд, гувоҳи он аст, ки ин шахс нафаре набудааст, ки худро вонамуд месозад. Ӯ яке аз таҳрикгарони ҷунбиши навест, ки ҷонибдорони он мехоҳанд ҳақиқатҳои маълумро аз нав санҷиш кунанд ва гӯиё «адолат»-ро барқарор намоянд.

Боиси нигаронист, ки дар баъзе аз мамолики Ғарб ба ҷонибдорони Кабирӣ ва «Гурӯҳи 24» гӯш медиҳанд, онҳоро дар маҳфилҳо бологузар намуда, садояшонро пахш мекунанд. Аслан созмонҳои дифои ҳуқуқи инсон бояд дар ҷумҳурӣ вазъро ба мушоҳида бигиранд, таҳлили фарох дошта бошанд, аммо ин тавр нест. Аз назари Кабирӣ ва ёронаш гӯиё дар Тоҷикистон дин хор шудааст ва ҳеҷ гуна озодии эътиқодӣ риоя намешавад.

Аммо воқеият дигар аст, ҳар нафаре, ки худро пайрави дини ислом меҳисобад, комилан озодона метавонад озодиҳои эътиқодиашро пурра татбиқ намояд. Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид шуд, мардум аз асли дин беҳтару бештар огоҳӣ ёфт. Акнун маросими сӯгу сур, оинҳову анъанаҳо тибқи муқаррароти аслашон баргузор мешаванд ва инро як гардиш дар мафкураи динии мардум бояд донист.

Наҳзатиён хостанд аз дини мубини ислом суиистифода кунанд, чунки хоҷагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо ҳам бо маблағ ва ҳам раҳнамоиҳои маънавӣ меомӯзониданд. Пазируфта шудани Кабирӣ ҳамчун меҳмони воломақом дар Эрон, ҷонибдорӣ шудани ӯ аз ҷониби мансабдорони калони эронӣ, бо вуҷуди он ки ин ҳизб дар Тоҷикис­тон террористӣ ва экстремистӣ эълон шуд, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳайрат овард. Аслан, аз ибтидои таъсиси ҳизб мардуми Тоҷикистон онро намепазируфтанд, зеро аз таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, ки дар онҳо ҳизбҳои исломӣ мавқеи фаъол доштанд, маълум буд, ки сиёсӣ сохтани дин ҳеҷ гоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеорад. Дин бояд поку озода бимонад, дин ба сони офтобест, ки аз нурҳои ҷонбахши он ҳама бояд истифода баранд ва ниҳоят, диндорӣ як кори доимии шахс бо Худои хештан аст.

Далелҳои қуръонӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дин сарҷамъӣ ва иттиҳоди мардумро дар назар дорад: «Ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва шаъну шавкат аз шумо биравад» (Анфол, 46). Ё ин ки: «Монанди он касоне мабошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф варзиданд, албатта, барои инҳо азобе бузург хоҳад буд» (Оли Имрон, 105).

Худованд бар мусалмонон иттиҳоду пайравӣ аз ҷамоат ва дурӣ ҷустан аз омилҳоеро, ки сабаби парокандагӣ мегарданд, заруру ҳатмӣ шуморидааст. Пас ба гувоҳи ин оятҳо ва дар заминаи баррасии мазмуну моҳияти онҳо таъсиси ҳизбҳои сиёсии динӣ ҳаром аст, зеро яке аз муҳимтарин нишонаҳо ва натиҷаҳои он парокандагӣ хоҳад буд.

Аслан, бо номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро барои сиёсат суиистифода кардан дар умқи худ ихтилофи ҷомеаро ба вуҷуд овардан аст. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки ҳадафи аслии он суст гардонидани таҳкурсиии бақои давлату миллат мебошад. Беҳуда Сайидои Насафӣ нафармудааст:

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

 Бознашр аз АМИТ «Ховар»