Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Хати эҷоди ман гуфтори халқ аст

№50 (3196) 16.05.2014

Мирзо Файзалӣ. Ин ному насаб ба ҳама шинос аст.

Гӯё дирӯзакак буд, ки Мирзо Файзалӣ қалам ба даст гирифта, ба майдони адабиёт ворид гардид. Аммо чун ба гузашта менигарем, мебинем, ки аз байн чилу ҳафт сол сипарӣ гардидааст.

Чилу ҳафт сол! Кам аст ё зиёд?!

Дар назди таърих, албатта, хеле кам аст. Аммо барои шоире, ки «қатрае аз хуни ҷигар кам» карда, эҷод кардааст, хеле ва хеле бисёр аст. Мирзо Файзалӣ бо маҷмӯаи «Шери тағош» шерона қадам монда, маҷмӯаҳои зиёди назмиву насрӣ офарида, пешкаши хонандагон намуд. Раҳи шоирӣ на танҳо ҳамвор нест, балки хатарнок ҳам ҳаст. Заҳмат, машаққат ва ҷустуҷӯйро талаб мекунад.

Имрӯз Мирзо Файзалӣ дар адабиёти тоҷик ҳамчун адиби ҳаҷвнигор шинохта мешавад. Ин жанр на танҳо истеъдод, балки ҷасоратро ҳам талаб мекунад, зеро ҳаҷв гапи рост, танқид аст. Ба кӣ танқид форидааст? Худи шоир ҳам иқрор мекунад:

Гаҳе ҳаҷви маро танқид гуфтанд,

Гаҳе эроди бемаврид гуфтанд.

Аз ин рӯ, ҳаҷв кори шоири шердилу ҷигардор аст. Худи ҳамин далел гувоҳӣ медиҳад, ки шоир ба тақдири ватанаш бетараф нест. Боз муҳим он аст, ки Мирзо Файзалӣ то кунун ба ин жанри адабиёт содиқ мондааст.

Дар китоби «Шов-шови мардум» беҳтарин ашъори ҳаҷвиаш, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, гирд омадаанд. Маҷмӯа бо унвони шеъри «Бузурге ғайри халқи худ надорам» оғоз мешавад, ки, ба пиндори мо, рамзист. Ин шеър як навъ арзи садоқат ва эҳтирому сипосгузории шоир ба халқаш аст.

Ба ҳаҷвам нафъ бар халқам  расонам,

На маддоҳи ду-се тан  нокасонам.

Бузурге ғайри халқи худ надорам,

«Манам аз халқ, халқ аз ман!» шиорам.

Бале, ӯ ҳуқуқ дорад бигӯяд: «Манам аз халқ, халқ аз ман!». Зеро шоир бо заҳмати тоқатфарсо, вале ҳалол, пояҳои баланди эҷодиро фатҳ кардааст.

Бояд тазаккур дод, ки Мирзо Файзалӣ шоири рӯз ва рӯзгори худ буда, хеле ҳассосу дардошно мебошад. Печидагиҳои ҳаётро дарк мекунад, дар онҳо фурӯ меравад ва дард мекашад. Аз ин рӯ, ҳаҷви ӯ лутфу зарбу оҳанги махсус дорад. Ва ин аз ишқи дили ӯ, аз муҳаббати модар ва меҳри ватан сарчашма мегирад.

 

Сухан аз донишу фарҳанг гуфтам,

Зи хайри сулҳу шарри ҷанг гуфтам.

 Сухан аз дӯстӣ, ваҳдат бигуфтам,

Зи шаъну шавкати миллат бигуфтам.

Ин шеъри самимӣ гувоҳи он аст, ки зиндагӣ барои шоир як саҳнаи воқеаҳо ва рӯйдодҳо мебошад. Ва чӣ метавон кард, ки дар ин саҳна падидаҳои носолиму носавоб ва зараровар хеле зиёданд. Шоир бо сӯз мегӯяд:

Ба ҳар ҷо гул бирӯяд, хор ҳам ҳаст,

Куҷо ганҷ аст, он ҷо мор ҳам  ҳаст.

Боиси хушнудист, ки Мирзо Файзалӣ ба рӯйдоду ҳодисаҳои зиндагӣ назари бетафовут надорад. Ба ҳама гуна зуҳуроти носолим, нопокону риёкорон, чоплусону мансабталошон, ҳасуду порахӯрон, кинаву адоват ва хашму ғазаб созиш намекунад.

Ба тундӣ ҳаҷв кардам сарваронро,

Ҳасуду порахӯр, бадгавҳаронро.

Бахилу беадабро карда коҳиш,

Накардам ҳеҷ бо ин турфа созиш.

Ишқ ва нафрат! Ин ду мафҳум ба ҳам тавъаманд. Боз мегӯянд, ки аз ишқ то нафрат як ваҷаб аст. Ишқу нафрати Мирзо Файзалӣ паҳлуи ҳаманд. Шоир ба Меҳани худ муҳаббат ва ба ҳамон андоза нисбат ба бадгавҳарон, ҳасудону порахӯрон ва бахилу беадабон нафрат дорад.

Шеърҳои Мирзо Файзалӣ дар назари аввал хеле сода менамоянд. Чун ба умқи онҳо фурӯ меравӣ, дармеёбӣ, ки шеърҳояш рӯҳу равони инқилобӣ доранд. Ҳар шеъри ӯ малҳамест  ба захми дӯстон ва ханҷарест, ки дили душманонро мешикофад. Барҳақ, ақлу ҳисси аҳли ҷомеаро ба бозсозӣ, ба такони бузурги инқилоби фикрӣ раҳнамун мешавад.

Дар шеърҳои Мирзо Файзалӣ тазодҳои зиндагӣ мақоми воло, нақши хоса дорад. «Тоҷикам ман!» – гуфта ифтихор мекунем. Вале амалу рафторамон тамоман дигар аст. Шеъри «Эътироз» далели қатъиест нисбати ҳукми мазкур:

Ватан ҳасту замин ҳасту ба мо аммо фаросат нест,

Ҳукумат ҳаст, девон ҳаст, лек аз мо итоат нест.

Гузашта аз он, баъзеҳо аз ифодаи «фарҳанг» ҳазар мекунанд, онро чун як мафҳуми қариб бемаънӣ чандон ба инобат намегиранд. Зиёда аз ин, ба идроки эшон, пул бошад, фарҳангро харидан мумкин. Чунин пиндошт, албатта, як дарёфти пуч асту бас! Ва оқибати он нек нахоҳад буд. Мирзо Файзалӣ хушдор медиҳад, ки киштаат ҷав бошад, ҷав медаравӣ, гандум бошад, боз ҳамон гандум. Ин ҳама ҳиссиёту андешаҳо дар либоси бадеӣ арзи вуҷуд мекунанд. Яке аз шеърҳои китоб, ки «Сухани дардолуд» ном дорад, ба ин гуфтаҳо гувоҳ шуда метавонад. Дар ин шеър ақли солим ва рӯҳи исёнкор нидо мекунад, ки ба кохи бузурги фарҳанг, ки тайи ҳазорсолаҳо бо хуни дил пайрезӣ шудааст, хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад. Ин шеър бо шеваи таассуфу дард, хитобу ҳушдор ва дилсӯзона ба қалам омадааст:

То замонро майл бар фарҳанг нест,

Қалбҳоро тозагӣ аз занг нест,

Бар ҷавонон кайф ҷуз аз банг нест,

Ҳеҷ парвое ба ному нанг нест,

Зиндагониро дигар оҳанг нест.

Ин мавзӯъро идома дода, дар шеъри «Шов-шови мардум» мазаммат карда мегӯяд:

Не оҳангаш дилнишин,

Не матни шеъраш ҳалол,

Лекин сарояндаро

Унвон – «Ситораи сол».

Хушнуд аз он гаштем,ки китоби устод Мирзо Файзалӣ «Гулхори чида-чида» барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пешниҳод шудааст.

Бад-ин минвол, рӯҳи замона ва дарки тозаи ҳақиқати воқеӣ ғолибан ашъори китоби «Гулхори чида-чида»-ро фаро гирифтааст.

Лоиқи таъкид аст, ки дар ашъори Мирзо Файзалӣ бузургдошти сухан мақому мавқеи хоса дорад. Шоири ҳассосу ватандӯст ҳифзу эҳтиром ва поку беолоиш нигоҳ доштани суханро фарз медонад ва ҳастии муқобилони онро на дар бақои онҳо, балки дар фанопазирӣ мебинад. Ва амри дили худро бо ин мисраъҳо равшан менамояд:

Сухан ҷон аст, ҷон нақди илоҳист,

Сухан гар хор шуд, рамзи табоҳист.

Намебояд суханро хор кардан,

Нисори як-ду-се пулдор кардан.

Бале, солҳои охир мардум рӯ ба молу сарват оварда, қадру қимати инсон коҳиш ёфт, касодии маънавӣ рӯ зад. Суханвар беэътибор ва сухан хор гардид. Шоир дар ин падидаҳои номатлуб, пеш аз ҳама, тамаъҷӯёнро гунаҳгор медонад. Ин тамаъҷӯёни бе шаъну шарафро ба ҷуз нафъи худ дигар ҳадафе нест. Ҳарчанд дар сина кина мепарваранд, забонашон дар мадҳ булбул мегардад.

Тамаъҷӯён суханро хор созанд,

Маҳи беайб аз маккор созанд.

Зи садри порахору дузду ғофил

Тарошанд одами бофаҳму оқил.

Баъзе ашхоси дигар худро «султони иқлими сухан» медонанд. Бо сари баланду забони дароз чунон рафтор мекунанд, ки гӯё Рӯдакии сонӣ бошанд. Ин падидаи номатлуб шоирро сахт ба ташвиш овардааст ва дар шеъри «Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан» зери тозиёнаи танқид гирифтааст. Шеъри «Қолабӣ» давоми мантиқии шеъри боло мебошад. Дар он шоир симои чунин ашхосро хеле ҳаққонӣ ба риштаи тасвир кашидааст:

Гоҳ шоир, гоҳ носир,

Гаҳ мунаққид,

Гоҳи дигар публисист.

Бо чароғи барқ кобӣ,

Дар вуҷудаш заррае аз ҷавҳари аслии шеъру шоирӣ чизе наёбӣ,

Шеърҳои қолабиаштахта-тахта,

Аксари ашъори ӯро нест сакта,

Лек ҳамчун хиштҳои лоини дар кӯраи оташ напухта,

Нест эҳсосе дар онҳо,Сӯзи қалби поку ҳассосе дар онҳо…

Шоир масъулияти мансабдоронро дар назди ҷомеа ва мардум басо бузург мешуморад. Дар баробари ин худнамоиву ғафлатгароӣ, бетафовутию бепарвоӣ, ришвахорию шиорбозии бархе аз онҳоро зери тозиёнаи мазаммат мегирад. Шоир асоси сифатҳои манфии онҳоро дар нафси саркаш мебинад, ки воқеан сабаби бадбахтиҳои зиёди мардуми мост. Вай зикр мекунад, ки нафсу мансаб дар ҳама давру замон бо ҳам пайванд будааст. Ва онро аждаҳои ҷисму ҷон хондааст. Нафси бад инсонро ба касифӣ мебарад. Танҳо имон метавонад инсонро аз нафси бад раҳоӣ бахшад.

Агар бигӯем, ки асрори ҳама нокомиҳо ва бадбахтиҳои мо дар ашъори Мирзо Файзалӣ нуҳуфтааст, зиёдаравӣ нахоҳем кард. Бале, хидмати шоир дар таҳқиқи бадеии дардҳои ҷомеа бағоят бузург аст. Муҳимтар аз он, шеърҳо равону нишонрас ва ҳамеша фикри шоир, матлаби ӯ муъҷаз ва дақиқу равшан иброз мегардад. Ба ин сатрҳои Мирзо Файзалӣ таваҷҷуҳ фармоед:

Умри мо бо маҷлисулақ-лақ гузашт,

Бо ҳаёҳу, қарсаку вақ-вақ гузашт.

Аз қафои чанд тан ҳангомаҷӯ,

Бо шиору урраю байрақ гузашт.

 ***

Шаҳру деҳ пур шуд зи аҳли доктору номзад,

Нест аммо тоҷиконро як нафар кайҳоннавард.

Кори илмӣ бингарӣ– «Ҷунбидани боли малах»,

Ё «Чаро фасли зимистон ях бубандад оби сард».

***

«Зиёӣ – ганҷи тиллоии миллат!»,

Валекин бенаво, бехона бошад.

Замона ин суханҳо кард исбот:

«Макони ганҷ дар вайрона бошад».

Яке аз рукнҳои асосии эҷодиёти шоирро нақиза ташкил медиҳад. Бо камоли боварӣ гуфта метавон, ки ӯ дар ҷумҳурӣ ягона шоирест, ки ба ин жанр ҷиддӣ машғул аст. Умуман, Мирзо Файзалӣ беш аз 100 нақиза ба табъ расонидааст, ки гувоҳи ба шоирон ихлосу меҳру муҳаббати бекарон доштанаш мебошад. Воқеан ҳам, ӯ эҷодкоронро аз дилу ҷон дӯст медорад. Ифодаи ин эҳсосот дар нақизаҳояш хеле самимона ва барҷаста сурат гирифта, ба дилу шуури хонанда таъсири амиқ мегузорад. Вай ба ашъори як зумра шоирони мо, мисли Лоиқ, Бозор Собир, Гулназар, Ашӯр Сафар, Қутбӣ Киром, Камол Насрулло, Сайидалӣ Маъмур, Ҳақназар Ғоиб, Алӣ Бобоҷон, Маҳмадалишо Ҳайдаршо, Юсуф Аҳмадзода, Бобо Ҳоҷӣ нақиза гуфтааст. Дарвоқеъ, ин масъала бояд яке аз мавзӯъҳои асосии рӯз қарор гирад, зеро бе якдигарро дӯст доштану эҳтиром гузоштан ба ҷое расидан, тинҷу осоишта зиндагӣ кардан мушкил аст.

Дар нақизаҳои Мирзо Файзалӣ сухан рӯирост ва бе парда гуфта шудааст. Аз ин рӯ, касро водор месозад ба зиндагии худ ба чашми андеша, бо нигоҳи худшиносӣ бингарад ва баҳо бидиҳад. Албатта, хулоса барораду сабақ гирад.

Мирзо Файзалӣ шоирест, ки пайваста барои пешрафти сифати шеъраш мекӯшад.Ин байт гувоҳи он аст, ки ӯ аз шоирӣ тамаъ наҷустааст ва даъвое надорад:

Манам аз шоирони байни мардум,

Худаш донад қиёси ҷав зи гандум.

Хати эҷоди ман гуфтори халқ аст,

Баёни лутфи шаккарбори халқ аст.

Барҳақ, китоби «Гулхори чида-чида» хеле хушмуҳтаво буда, сазовори мутолиа ва таҳаммулу андеша мебошад, зеро хонанда сурату сирати бадгавҳарон, ҳасудону порахӯрон ва бахилу беадабонро аз оинаи таҳқиқ дармеёбад. Сониян, мебояд қайд намуд, ки ин ба хонанда ҳам дарси ибрат мегардад.

Чӣ хубу нишонрас гуфта Мирзо Бедил:

То чашм ба ибрат накушодаст касе,

Гардан ба итоатнаниҳодаст касе.

Бешубҳа, метавон гуфт, ки китоби Мирзо Файзалӣ «Гулхори чида-чида» сазовори дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.

Шералӣ МӮСО, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ