Қонун ва иҷрои он

«Хона ба хона» — усули таъсиррасон ва манфиатбахш

№120 (3600) 20.09.2016

НикохМутобиқи муқаррароти моддаи 14 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бастани никоҳ байни хешовандони наздик: байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар, байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода манъ карда шудааст. Инчунин, нагузаштани муоинаи тиббии ҳатмӣ низ монеа барои бастани ақди никоҳ мегардад.

Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бо чанде аз шахсони масъул ҳамсуҳбат шудем.

- Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо мақсади иҷрои муқаррароти Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаҳои 14 ва 15 гурӯҳи корӣ таъсис намудааст, ки ба он мутахассисони соҳаи тандурустӣ, ҳуқуқшинос, равоншинос, намояндагони бахшҳои ҷавонон ва сайёҳӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, шуъбаҳои маориф, кор бо занон ва оила, фарҳанг ва ҷамоатҳои деҳот шомил мебошанд, — гуфт мудири шуъбаи кор бо занони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Хуршедабону Ӯроқова ва афзуд:

- Гурӯҳи мазкур давоми сол оид ба масъалаҳои никоҳи хешутаборӣ, аёдати кӯдакони маъюбе, ки аз никоҳи хешутаборӣ ба дунё омадаанд, таҳлилҳо анҷом дод. Ҳоло дар шаҳри Турсунзода 4120 нафар кӯдаконе ҳастанд, ки аз никоҳи хешутаборӣ таваллуд шуда, 59 нафари онҳо маъюби модарзоданд. Мо аз рӯи усули «Хона ба хона» дар 923 оила бо мақсади омӯхтани вазъи иҷтимоӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, оид ба пешгирии зуҳуроти номатлуб, ҳамчунин роҷеъ ба баланд бардоштани масъулияти оиладорӣ, маърифати ҳуқуқии занон, тарғиби ташхиси тиббии пешазникоҳӣ, пешгирии никоҳҳои хешутаборӣ дар 203 хонаводаи шаҳр вохӯриву суҳбатҳо гузаронидем ва ин иқдом идома дорад.

Телевизиони маҳаллии «Регар» низ дар ин амри хайр ҳиссаи муносиб мегузорад. «Оилаи солим — ҷомеаи солим», «Дунёи модар», «Зан — чароғи хонадон», «Набзи рӯзгор», «Зан ва ҷомеа» номгӯйи нопурраи барномаҳои ин телевизион мебошанд, ки ба масъалаҳои доғи рӯз бахшида шудаанд. Фаъолони маҳаллаҳои шаҳру деҳот, собиқадорони меҳнат, омӯзгорон, равоншиносон ва намояндагони қишрҳои дигари аҳолӣ меҳмони доимии барномаҳои телевизион ва радиои маҳаллӣ буда, дар бораи пешгирии омилҳои номатлуб, аз ҷумла барҳамхӯрии оилаҳо, ҷинояткорӣ дар байни занон, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, зӯроварӣ дар оила, ба шавҳар додани духтарони ноболиғ, никоҳи хешутаборӣ фикру мулоҳизаҳои манфиатбахш иброз менамоянд.

Муовини менеҷери шабакаи Кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Турсунзода оид ба табобат, Аълочии тандурустии Тоҷикистон, духтури дараҷаи олӣ Мирзошариф Аюбов изҳор дошт, ки то соли 2015 теъдоди маъюбоне, ки аз никоҳи хешутаборӣ дар шаҳри Турсунзода таваллуд шудаанд, ҳар сол меафзуд. Хушбахтона, аз соли 2015 шумораи ин гуна маъюбони модарзод тамоюли камшавӣ дорад. Эълон шудани соли 2015 ҳамчун соли оила, вусъат ёфтани корҳои фаҳмондадиҳӣ, хона ба хона гашта суҳбат оростан, махсусан бо оилаҳое, ки дар заминаи хешутаборӣ оила бунёд кардаанд, зери назорати доимӣ гирифтани занҳое, ки обистан мебошанд ва монанд ба ин корҳо боиси камшавии маъюбони модарзод шуд.

Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ таваллуди маъюбони модарзод аз никоҳи хешутаборӣ умуман ба қайд гирифта нашудааст. Зарур бар таъкид аст, ки фарзандони аз никоҳи хешутаборӣ бадунёомадае, ки аломатҳои маъюби модарзодӣ доранд, ба бемориҳои гуногун, аз қабили нуқсони модарзодии қалб, гӯш, фалаҷ, фалаҷи майнаи сар, майдасарӣ, бемории бадфизоли авҷкунандаи мушакҳо, коксоартроз ва якчанд бемории дигар мубтало мешаванд. Барои табобати онҳо маблағи калон зарур аст. Масалан, барои иваз кардани клапани қалби бемори модарзод 10-12 ҳазор сомонӣ харҷ кардан лозим меояд, ки ин гуна маблағро на ҳама имкони пардохт кардан доранд.

Дар таҷриба бемориҳое низ дучор меоянд, ки авлодӣ буда, аз насл ба насл мегузаранд. Дар деҳоти «Работ» оилае зиндагӣ мекунад, ки дучори бемории коксоартроз мебошанд. Ин навъи беморӣ аз падар ба фарзанд мегузарад ва фарзандони ҳар се бародар ва хоҳарашон низ (беш аз 10 нафар) мубталои ин бемориянд. Коксоартроз бемории буғумҳои кос ва сутунмуҳра буда, мубталоёни он дар зиндагӣ хеле азият мекашанд ва табобати ин беморӣ хеле мушкил ва ҳатто ғайриимкон аст.

Ҳангоме ки бо судяи Суди шаҳри Турсунзода Назарзода Манучеҳр Ҳалимҷон аз хусуси тағйиру иловаҳои ба Кодекси оила воридшуда суҳбат мекардем, номбурда, аз ҷумла гуфт, ки соли гузашта ҷавонмарде аз деҳаи Шарқи деҳоти «10-солагии Истиқлолият» бо ариза муроҷиат карда, дархост намуд, ки ақди никоҳашро бекор кунем. Вақте сабаб пурсидам, ҷавоб дод:

- Ман аз зиндагии якҷоя бо ҳамсарам, ки холабачаю холадухтар мебошем, ду фарзанд дорам, яке писару дигаре духтар. Вақте ки фарзанди аввалинамон (писар) маъюби модарзод таваллуд шуд, (аз миён поёнаш фалаҷ буд) хеле ғусса хӯрдем. Гумон доштем, ки фарзанди дуюм сиҳату саломат ба дунё меояд, вале сад афсӯс, дуюмӣ (духтар) низ айнан ба ҳамон ҳолати фарзанди нахустинамон гирифтор буд.

Баъди гузашти муҳлати тибқи қонун муқарраршуда суд ақди никоҳи ин оиларо бекор кард, то ин ки онҳо тавонанд оилаи нав барпо карда, фарзандони солим ба дунё оранд. Ҳар ду ҷавон бо исрори модаронашон – апаву хоҳар хонадор шудаанд. Ҳоло апаву хоҳар афсӯс мехӯранд, ки боиси бадбахтии фарзандонашон шудаанду кӯдакони маъсуму маъюб як умр азоб хоҳанд кашид.

 Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»