Нақл дар бораи инсонҳои наҷиб

Хуршед зи Вализода нишон аст

№148 (3941) 11.12.2018

DSC_1229Саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳои замони шӯравиро варақгардон намуда, дар бораи кормандони касбу кори гуногун лавҳаю мақолаҳои хонданибобро пайдо намудан мумкин аст. Аз ҷумла, дар баробари сахт будани назорат аз болои фаъолияти чойхонаю ошхонаҳо, дар бораи беҳтарин ошпазон мақолаҳо ба табъ мерасиданд. Ин дар замони мост, ки шахс аз ноилоҷӣ пушти рафи дӯкону мағозаҳо ва дорухонаҳо савдо мекунад. Ё дилхоҳ шахси аз соҳа дур, вале дорои имконоти молиявӣ ошхона таъсис медиҳаду чун дар соҳаи киносозии имрӯза ба хотири сарфаи маблағ одамони ғайриҳирфавиро ба кор мегирад. Дар аҳди шӯравӣ бошад, техникумҳои савдо мутахассисони баланд­ихтисосро тайёр мекарданд.

Ҷамъияти хӯроки умумӣ шуҳрати ҷаҳониро касб карда буд. Омӯзишҳои такмили ихтисос, озмунҳо гузаронда мешуданд. Ошхонаҳои махсуси парҳезӣ фаъолият доштанд. Дар солҳои охир нон дар ошхонаҳо қариб ки бепул шуда буд. Бинобар ин, эҳёи он анъанаи нек дар замони соҳибистиқлолӣ метавонад, ки муаррифии хуби ҳунари пухтупази миллӣ бошад.

Мақсад аз навиштани ин сатр­ҳо шиносоии яке аз таббохони моҳир Хуршед Вализода мебошад. Шахсе, ки бародарзодаи шоири халқӣ Сайдалӣ Вализодаи хушчақчақу зарофатгӯй мебошад. Бо вуҷуди тафовути касбӣ Хуршед ва амакашро монандии чеҳра ва муҳаббат ба шеъру адабиёт бо ҳам сахт пайвастааст. Ба ибораи дигар, шеърдӯстӣ бо хун ба Хуршед гузаштааст. Фаразан ӯ пайроҳаи амакро интихоб мекард, эҷодкори хубе мешуд. Вале нозири тақдир бо ишорачӯби худ шахсро ба сӯе ҳидоят менамояд, ки дар ҳамон ҷо зарураш медонад.

Хуршед соли 1962 дар хонадони деҳқони серфарзанди иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Аброр Валиев ба дунё омадааст. Бо хатми мактаби миёнаи № 4 — и шаҳри Кӯлоб чанд муддат дар сехи қаннодии шаҳр кор кард. Солҳои 1981 – 1983 хизмати ҳарбиро дар шаҳри Харкови Украина адо намуд. Он ҷо  низ бахт ба рӯяш хандид. Баъди суҳбати кӯтоҳе роҳбарияти қисми низомӣ ӯро ба омӯзиши ихтисоси ошпази ҳарбӣ фиристоданд.

Бо хатми аскарӣ, чанд сол дар шуъбаи хӯроки умумии шаҳри Кӯлоб кор карда, бо мақсади такмили ихтисос ба Техникуми савдои советии шаҳри Душанбе (ғоибона) ба таҳсил пардохт. Тӯли се сол аз устодони соҳа нозукиҳои касбро омӯхт. Солҳои 1993 — 1997 дар Раёсати савдои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 1997 — 2009 дар шуъбаи ақибгоҳи вазорат вазифаи ниҳоят масъулиятнок — сардори хадамоти хӯрокаро ба дӯш дошт.

Соли 2009, бинобар расидан ба синни нафақаи ҳарбӣ бо иззату икром бо рутбаи капитан ба ҳаёти муқаррарӣ баргашт. Алҳол, ба ҳайси сарошпази ошхонаи КВД КТН «Шарқи озод» фаъолиятро идома дода истодааст. Инсони кушодачеҳраву сахӣ буда, ба зердастон муносибати ғамхорона зоҳир менамояд. Бо вуҷуди аз рӯзноманигорони табиатан нозукмиҷоз, серталаб ва танқид­гаро иборат будани мизоҷонаш тавонистааст, ки ба дили онҳо роҳ ёбад. Ҳамеша кӯшиш дорад, ки ғизоҳои ошхона табъи дили мизоҷон бошанд. Бо истифода аз таҷриба зуд – зуд дар анвои хӯрокҳо дигаргунӣ медарорад.

Дарвоқеъ, якрангӣ на танҳо дар шеъру шоирӣ, балки дар кори пухтупаз, тайёр намудани таомҳо низ қобили қабул нест. Ин пеша ҳам эҷодкорию навоварӣ ва заҳмату бедорхобиҳоро мехоҳад ва аз ҳама муҳим масъулияти баланд, кордонию дасту дили покро аз соҳибкасб талаб мекунад. Аз инсоф дида, назоратчии сахтгире барои ошпаз буда наметавонад, зеро мизоҷон бо умеду боварӣ ба ошхонаи ӯ меоянд. Беҳтарин мукофот барои ошпаз шунидани «Раҳмат!» аст. Миннатдорие, ки сазовор шуданаш ба кам касон муяссар мегардад.

Сухандонӣ, огоҳӣ аз осори бузургони адаб танҳо барои шоирону нависандагон, рӯзноманигорону омӯзгорон не, балки барои дигар мутахассисони касбу ҳунарҳо низ зарур мебошад. Барои пизишкону аҳли савдо бошад, зиёдтар, чунки сухани хуш, муомилаи нек, хоксорию чеҳраи хандон ба одамон ҳаловати маънавӣ мебахшанд.

Муҳити давраи бачагӣ Хуршедро дар ҳаёт хеле ба кор омад. Зуд – зуд шоҳиди маҳфилҳои адабӣ, зарофатгӯиҳои устод Сайдалӣ Вализода бо ҳузури устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Қутбӣ Киром ва бисёр дигарон, ки меҳмони хонадон мешуданд, мегардид. Суҳбатҳои соҳибдилон барояш ҷаҳон — ҷаҳон лаззати маънавӣ бахшида, рағбаташро ба дунёи шеъру шоирӣ бештар ҷалб менамуданд.  Аз ҳаёт ва фаъолияти амаки ҳофиз ва шоири мардумиаш қиссаҳои зиёдеро дар хотир нигоҳ доштааст.

Устод Сайдалӣ Вализода бо шарофати шеъри хеле машҳури «Ленин бародар — раҳнамо», ки овозхони ширинадо Сурайё Қосимова месуруд, маҳбубияти зиёд пайдо намуд.

Аз Хуршед таърихи шеъри дигари шоир — «Бачам, дар тӯят инҳора хабар кун»-ро пурсон шудам. Онро ширинкорони маъруф Устоқадам Машрабов ва Мастибек Паллаев месуруданд, ба дили мардум роҳ ёфта буд.

Рӯзе яке аз ҳамсояҳои устод Вализода маъракаи хурсандӣ барпо ва ҳамсояҳоро ба он даъват намуд. Аз серкорию такудав бошад, ки шоири гули сари сабади маҳфилҳо ва бологузари маъракаҳоро фаромӯш кард. Баробари иштибоҳашро дарк кардан, бо маъзарати бисёр ба манзили шоир шитофт ва  шоирро болои кати ҳавлиаш қаноатманд дарёфт. Бо дидани соҳибтӯй дар лабони Вализода табассуми зебое пайдо шуд. Узр ва даъвати ҳамсояро пазируфта, лутфомез гуфт:

- Акнун дер кардӣ! Ман аллакай як шеъри ҳаҷвӣ – танқидӣ нисбат ба ту барин одамон навишта мондам.

Ҳамсоя ба ваъдаи шоир, ки ҳатман ба тӯй меояд, қаноат накарда, ӯро ҳамроҳаш, ба хонааш бурд ва аз ҳама боло шинонда, ба шоир як пиёла чой дарозкунон хоҳиш кард, ки шеъри тозаэҷодашро дар ҳузури ҳама қироат кунад. Пас аз шунидани шеър ҳама завқ бурда, онро бо қарсак истиқбол гирифтанд:

Бачам, дар тӯят инҳора хабар кун,

Аввал раиси райпора хабар кун.  

Касоне, ки надоранд гову гӯсфанд,

Увора мон, дигарора хабар кун…

Лутфи сухан дар кору зиндагии Хуршед Вализода ҳам беасар намонд. Мутолиаи китобҳо ва рӯзномаю маҷаллаҳо дер боз барояш одати муқаррарӣ шудааст. Ӯ аз тарғибгарони фаъоли матбуоти даврӣ маҳсуб меёбад. Шеъру сухандон ва суҳбаторост. Аз кор дар муҳити барояш ошнои эҷодкорон шод аст. Зиндагии осудаҳолона, фарзандони соҳибмаълумот, набераҳои дӯстрӯяк ва ҳамсари меҳрубону чун худаш бомаърифат дорад. Барои хушбахтии инсон дигар чӣ ҳам лозим аст?

Гӯянд чинорон, ки яке сатри равонем,

Чун дастниҳолон зи Вализода нишонем.

Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»