Хуршеди Истиқлол

№108 (3745) 09.09.2017

Самандарвор миллат зист бо уммеди Истиқлол,

Дамид аз қуллаи уммеди ӯ хуршеди Истиқлол.

 Саре аз иртифои ҳимматаш афрохт болотар,

Назар афканд бар фардои хеш аз диди Истиқлол.

 Зи по барканд то занҷири заррини тааллуқро,

Варо шуд зеби гардан шаддамарвориди Истиқлол.

 Худо ҳар миллатеро медиҳад гар аз дилу ният,

Ба мо дод аз дилу аз нияти испеди Истиқлол.

 Фазои бекарону гардиши гардуни гардонро

Куҷо ин рафъати як лаҳзаи ҷовиди Истиқлол.

 Имоми барҳақи миллат башорат дод аз  Ваҳдат

Ба мо ҳамчун дуо дар шаҳраҳи тавҳиди Истиқлол.

 Раҳи созандагӣ бикшоду тарҳи зиндагӣ бинҳод,

Ки сад таҷдиди дигар зод ҳар таҷдиди Истиқлол.

 Зи нав озода минбар ёфт, фарри эзадӣ дарёфт,

Ки миллатрост тавлиди дигар тавлиди Истиқлол.

 Кунем обод кишварро, ризо  созем модарро,

Бувад шарти ватандорӣ ҳамин таъкиди Истиқлол.

 Диёри соҳибистиқлолам, ин сарвода аз Мирзо

Нисорат бод  чун идонае дар Иди Истиқлол!

МИРЗО КЕНҶА