Солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Иқдоме, ки ҳунарҳои мардумиро аз нобудӣ эмин дошт

№62 (4012) 30.05.2019

sdsdsdfvДостон Ҳамроқулов беш аз 10 сол аст, ки дар маркази ноҳияи ба номи Б. Ғафуров ба касби аҷдодӣ — оҳангарӣ машғул аст.

 - Аслан аз ноҳияи Ашт ҳастем, — мегӯяд ӯ. — Падарам — Неъматҷон мегӯянд, ки гузаштагонамон бо ин касб рӯз гузаронидаанд. Қиблагоҳ оҳангариро аз бобояшон Худойқул омӯхтаанду ман аз он кас.

Дар пештахтаи дӯкони Достон намунаҳои маҳсули заҳматаш — досу каланд, панҷшохаву табар, тешаву ҷоду гузошта шудаанд. Ӯ мухтасар андешаашро оид ба ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба эълон намудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чунин баён кард:

- Иқдоми мазкур муҳиму саривақтӣ буда, ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, оҳангарӣ мусоидат мекунад. Муҳимияти он дар он аст, ки ба шарофаташ ҳунарҳои мардумӣ, ки дар вартаи нобудӣ қарор доштанд, эмин монданд. Илова бар ин, эълон шудани моратория ба ҳама гуна санҷиш аҳли ҳунарро басо мамнун кард. Дар маҷмӯъ, ғамхориву пуштибонии Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор месозад, ки нисбат ба такмили касб ва ҳар чӣ бештар истеҳсол намудани маҳсулоти сифатнок кӯшиш ба харҷ диҳем.

М. Мақсудов, «Садои мардум»