Ҳифзу эҳёи номҳои ҷугрофии ҷумҳурӣ мадди назар бошад

№133(3434) 06.10.2015

Чанде пеш бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ Конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ  таҳти унвони «Номҳои ҷуғрофӣ ва суннати номгузорӣ» баргузор гардид.

Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо ва комиссияҳои номгузорӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ, аъзои Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот ва аъзои маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забон»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар  Шарофзода оғоз гардида, сипас муовини сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода ва раиси Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе Сайфулло Сафаров суханронӣ карданд. Инчунин олимону муҳаққиқони забоншинос, бостоншинос ва таърихшинос дар мавзӯъҳои номгузории ҷуғрофӣ ва суннатҳову мушкилот дар ин самт маърӯзаҳои хешро ироа намуданд. Аз ҷумла раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар  Шарофзода иброз дошт, ки забони тоҷикӣ, ки имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ манзалати баланд дошта, мақоми давлатиро сазовор гаштааст, дар масири таърих муаррифгари миллатамон буд.

- Асолати таърихиро, ки забонамон бар дӯш дошт, дар ҳар калимоту ибороти он таҷассум меёбад. Бо вуҷуди ин, ҳар вожаю ҳар ибораи тоҷикӣ ҳанӯз ҳам сарнавишти нонавиштаи худро дорад. Аз ҷумла номҳои ҷуғрофӣ, ки ба қадимӣ будани забонамон шаҳодат медиҳанд, пурра таҳқиқ нагардидаанд. Боқӣ мондани номҳои куҳани шаҳрҳову рустоҳои мо гувоҳи онанд, ки ин забон дар умқи таърих реша доштааст ва ин номҳо садое аз гузаштаи дури таъриханд. Ёдовар бояд шуд, ки қисме аз номҳои ҷуғрофии кишварамон имрӯз ҳам бе таҳаввули шаклу маъно барои ифодаи номи мавзеъҳои ҷуғрофӣ корбаст мешаванд, аммо иддае аз онҳо, агар бо табодулоти забон ба тағйироти овозӣ дучор шудаанд, қисме вобаста ба пайдоиши номҳои нав ва ғайритоҷикӣ аз нутқи ҳаррӯзаи мардум баромада, танҳо дар сарчашмаҳои пешинаи таърихиву ҷуғрофӣ боқӣ мондаанд. Пас ҳифзи номҳои мавҷуда, барқарор ва зинда намудани номҳои азбайнрафта, дар радифи онҳо давом додани суннати номгузории имрӯза вазифаи ҳар як соҳибзабони ватандӯсту баору номус, бахусус забоншиносон мебошад,- иброз дошт  Г. Шарофзода.

Дар ин чорабинии илмӣ  ҳафт маърӯзаи илмӣ оид ба номҳои ҷуғрофӣ ва суннати номгузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, маърӯзаҳои  доктори илми филология, профессор Сайфиддин Назарзода бо номи «Номвожаҳои таърихии ҷуғрофии Тоҷикистон»,  доктори илми филология, профессор Шамсулло Исмоилов «Садои асрҳо»,  доктори илми филология, профессор Олимҷон Маҳмадҷонов «Фарҳанги номгузорӣ дар забони тоҷикӣ», доктори илми филология, профессор Назрӣ Офаридаев «Сохтор ва қолабҳои таърихии номҳои ҷуғрофии Тоҷикистон», доктори илми филология Мирзоҳасан Султонов  «Номҳои ҷуғрофӣ — оинаи қаднамои забони миллӣ»,  номзади илми филология  Рустам Шодиев  «Масоили номҳои таърихии ҷуғрофии Хатлон» ва «Мушкилот дар номгузории маҳалҳои аҳолинишини кишвар»-и Раҳим Зулфониён – сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд. Маърӯзакунандаҳо пешниҳод намуданд, ки ҳайати комиссияҳои номгузории шаҳру ноҳияҳои кишвар бояд аз зумраи донишмандони таърихшиносу забоншинос ташкил шуда, онҳо дар масъалаи иваз намудан ва номгузории шаҳру деҳот, кӯчаву хиёбон ва ё ташкилоту муассисаҳо нуктафаҳму дақиқназар бошанд, зеро бо саҳлангорӣ метавон як номи таърихиро аз даст дод, ки он  ифодакунандаи  маъно, нишона  ва ё хусусияти  хоси ҷуғрофии ин ё он маҳал аст. Ҳамин саҳлангориҳо боис гардидааст,  ки дар кишвар бисёр номҳои таърихӣ аз байн рафтанд.

Воқеан, баргузории чунин як ҳамоиши илмӣ, ки дар асоси татбиқи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2016»  роҳандозӣ мегардад, барои пешрафт ва рушди забони давлатӣ натиҷаҳои судманд ба бор меорад.

Дар интиҳои конференсия Тавсияномаи конференсия қабул шуд, ки он ба мақомоту сохторҳои дахлдор ирсол гардида, дар ҳамкориҳои пайваста татбиқ мешавад.

 Х. ШАРИПОВ,

«Садои мардум»