Биёед, бихандем

Ишқи аввалин ва мулоқоти охирин

№53 (3533) 23.04.2016

КАЛЛЛЛЛЛМусаллам аст, ки ишқу муҳаббат фасли сол, моҳу ҳафта ва рӯзу соат надорад. Вале ишқе, ки дар баҳор тавлид мешавад, ба вуҷуди кас реша давонида, ҳамеша сарсабз боқӣ мемонад.

Айёми Наврӯзи хуҷастапай буд. Он ҳангом донишҷӯ будам. Хобгоҳамон дар маҳаллаи Совет — 2 қарор дошт. Дар дохили даромадгоҳи он аз тарафи чап дастгоҳи телефон насб гардида буд, ки  гӯшии онро ҳамеша комендант мебардошт.

Боре аз куҷое баргашта, вориди хобгоҳ шудам ва баробари дохил гардиданам садои ҳамон телефон ба гӯшам расид. Телефон пай дар пай занг мезад, вале комендант дар ҷояш набуд, ки гӯширо бардорад. Ман беихтиёр наздик рафта, гӯшии телефонро бардоштам. Аз он садои маҳину форами духтарона шунида шуд. Баъди салому алейк ӯ ба ман чанд савол дод: — Ин ҷо куҷост? Шумо кӣ ҳастед? Номатон чист? Дар курси чандум мехонед?

Намедонам аз чӣ сабаб бошад, ман аз ӯ чизе намепурсидам — на номашро, на ҷои таҳсилу кор ва чизи дигарро. Ба фикрам, бетаҷрибагию содадилии деҳотӣ буд, ки ман вазифаамро фақат аз бодиққат гӯш кардану бехато ҷавоб додан медонистам.

Шояд ҳамин беҷуръатӣ ба ӯ писанд омад ё умедашро аз савол додани ҳамсуҳбаташ канда буд, ки бо  оҳанги хеле нарм ва як андоза ҳиҷолатомез саволеро, ки ман бояд медодам, ӯ ба миён гузошт:

- Мумкин аст бо шумо аз наздик шинос шавам?

Баъди шунидани ин саволи бароям ногаҳонӣ тамоми ҳастии маро эҳсоси хурсандӣ ва ҳаяҷон фаро гирифт, гӯшии телефон дар дастам ба ларзиш даромад. Забонам ҳам гирифта буд, ки ба саволаш ҷавоб гардонида наметавонистам.

- Пас аз каме интизорӣ аз телефон боз садо баромад:

- Хайр, майлаш, агар нахоҳед, ихтиёратон.

- Не, не, ман мехоҳам, вале… вале чӣ хел ҷавоб доданамро фикр карда истодаам, — гуфтам бо овози ларзону  гулӯгир. Воқеан ҳам намехостам, ки ӯ бо ман хайрухуш кунад, баръакс, дилам мехост, ки ҳар чӣ зиёдтар гап занад, то ман гӯш кунаму аз овози дилкашаш ҳаловат барам.

Хуллас, бо пешниҳоди тарафи дуюм фардои  ҳамон рӯз соат ва ҷои мулоқот таъин гардид.

Баъди хайрухуш, ба утоқи хобамон рафта, суҳбати гарми рафиқонамро бурида, ҳамчун шахси муждарасон воқеаро ба онҳо нақл кардам.

Рафиқонам бодиққат суханони маро гӯш карда, сипас саволборонам карданд:

- Ӯ кӣ будааст? Дар куҷо таҳсил мекардааст? Ҷои кораш куҷо будааст?

Ман ба ҳама саволҳо як хел ҷавоб медодам: — Намедонам, инашро аниқ накардам.

Дар охир аз ман суол карданд, ки лоақал номашро  пурсидам ё не? Гуфтам, ки инашро ҳам напурсидам.

Пас аз шунидани ин ҷавоб баъзеҳо бо қаҳр ва ҳатто баъзеҳо бо тамасхур маро сарзаниш мекарданд.

Баъди машварату маслиҳати зиёд, билохира қарор додем, ки бахтро санҷидан лозим, яъне ман бояд дар вақти таъингардида ба ҷои мулоқот ҳозир шавам.

Рӯзи дигар ҳама ҳамкурсҳое, ки ба ин кор «масъул» буданд, дар утоқи мо ҷамъ шудем. Онҳо маро мисли оне, ки  домодро чанд лаҳза пеш аз тӯй омода месозанд, тайёр мекарданд. Яке шими тозаи нав  дарзмолкардаашро ба ман пешниҳод мекарду дигаре куртаи ҳанӯз гиребонаш қатъ нагардидаро, яке бароям галстук интихоб мекарду дигаре туфлии рангу  андозааш мувофиқ ва ғайра.

Ниҳоят, маро аз таҳти дил дуо дода, гусел намуданд. Ман савори троллейбус шуда, ба маркази шаҳр равон гаштам. Чун то оғози вақти муқарраргардида ҳанӯз фурсат буд, як истгоҳ пештар  фаромада, хостам дар ин миён худро як бори дигар дар алоҳидагӣ тайёр кунам. Роҳравон гуфтаҳои рафиқонамро такрор карда, ба сару либосам аз поён то боло назар  андохтам. Дар нигоҳи аввал ҳама чиз ба ҳам мувофиқ менамуд, вале ногоҳ чашмам ба ҷуробҳои поям расид, ки гоҳ- гоҳе ҳангоми боло рафтани почаи шим намоён мешуд. Ранги кандаю сафедчатобшудаи онҳо аз куҳнагиашон шаҳодат медод ва ба маҷмӯи либосҳои наву тоза ҳамҷӯр намегашт. Табъам хира шуд. Қарор додам, ки аз дӯкони сари роҳ як ҷуфт ҷуроб харида, сипас тезтар ба ҷои мулоқот рафта, то  расида омадани ӯ ҷуробҳоямро дар ягон ҷои мувофиқ иваз кунам. Ба ҳамин ният баъди харидан ҷуробро аз халтаи селофаниаш берун карда, ба ҷайбам задам.

Вақте ки ба ҷои таъиншуда расидам, дидам, ки духтараке аллакай он ҷост ва синчакунон ба ин тарафу он тараф назар меандозад. Ӯро дидан баробар даступо гум кардам. Бо вуҷуди ин, ман ба нуқтае, ки духтарак қарор дошт,  наздик шудам, вале барои ба наздаш рафтану салом гуфтан ҳам ҷуръатам намерасид. Кадом қуввае маро ба пеш тела доданӣ мешуд, вале қувваи дигаре аз ҳаракат боз медошт.  Дар сарам сад хаёл давр мезад: «Агар рафту ин дигар духтар бошад, пас ба ӯ наздик шуданам нишонаи густохию беодобист. Агар рафту худи ҳамон бошад, пас бо дермонӣ ба наздаш расидан беэҳтиромист…».

Вале тарсу ҳароси аз ҳама зиёдам дар он буд, ки ин духтар шояд ҳамон бошаду лек маро написандад. Охир, ӯ хеле зебо буд: мӯйи тиллоранги дарозу якбофташ қомати сарвашро боз ҳам зеботар ва ҳар як ҳаракаташро ҷолибу дилрабо мекард, чеҳрааш дилкашу нигоҳи чашмони шаҳлояш беҳад ҳалиму меҳрубонона буданд.

Баробари наздик шудану салом доданам, ӯ он қадар хушҳолӣ намуд, ки гӯё шахси азизтарини  чандин сол боз надидаашро вохӯрдааст. Танҳо бо оҳанги шӯхӣ аз каме дер монданам гила кард ва таъкид намуд, ки минбаъд ҳеҷ кадоми мо бояд ба вохӯрӣ дер наоем. Ин  суханонаш ба ман умед бахшиданд: мо минбаъд мулоқот хоҳем кард.

Ҳангоме ки суҳбаткунон роҳ мерафтем, ман фахр мекардам, фикр мекардам, ки ҳама ба ман ҳасад мебаранд.

Баъди хеле роҳ рафтан тасмим гирифтем, ки ба троллейбус савор шуда, то боғи  ба номи устод Садриддин Айнӣ равему сайругаштамонро он ҷо идома диҳем. Дар байни троллейбуси  серодам паҳлуи ҳам қарор гирифтем. Ҳангоми ин  тарафу он тараф гузаштани одамон ба хотири роҳ додан мо худро каме ба як тараф мекашидем, ки дар ин ҳолатҳо гоҳ- гоҳ ё китфҳои мо ва ё даст ё оринҷҳоямон ба ҳам мерасиданд, ки ба ман фараҳу ҳаловати беандоза  мебахшид. Ҳар қадар ин ҳолат зиёд такрор мешуд, ҳамон қадар бароямон гуворо буд. Суҳбатамон низ самимона идома дошт.

Ногоҳ маслиҳати яке аз ҳамкурсони дар ин кор соҳибтаҷрибаам ба ёдам омад. Ӯ гуфта буд, ки дар ҷараёни суҳбат гоҳ — гоҳ бегумон дастатро ба киса бурда, аз он рӯймолчаатро гир, арақи пешонӣ ва лабу рӯятро пок кун, зеро одати одамони маданиятнок ҳамин аст.

Ман тибқи «насиҳат» — и ӯ амал кардам. Баъди молиш додани лабу рӯям чизи аз киса гирифтаамро дубора боз ба киса андохтам ва бо ҳамин нишон доданӣ шудам, ки  ман ҳамин хел маданияти баланд дорам. Вале баъди ин рафтори ман ҳолати духтарак якбора дигар шуд, вуҷудашро қаҳру ғазаб фаро гирифт, дар нигоҳаш аломати таҳқир хонда мешуд. Ӯ ба истгоҳ расидан замон ҳам ман ва ҳам дигар мусофиронро бо китфаш тела дода, бошитоб аз троллейбус фаромад. Ман низ саросема аз троллейбус поён шудам. Духтарак аллакай 15- 20 метр аз истгоҳ дур шуда буд. Хостам ба сӯяш давам. Шояд ӯ инро пай бурд, ки бошиддат ба қафо, сӯям нигариста, ангушти ишоратиашро ба гӯшаи сараш гузошта тобонид, ки ин маънои «гаранг», ҳатто «беақл»-ро ифода мекард.

Як вақт пай бурдам, ки тамоми баданам саршори арақ шудааст. Намедонам, ки ин аз шарму хиҷолати зиёд буд ё аз ғояти зиқию нороҳатӣ ва дарду алам. Дар ҳар сурат, хостам арақи рӯю пешонаамро пок кунам, вале ин дафъа на ба мақсади намоиш додани «сатҳи маданият», балки аз рӯи зарурат. Бо ҳамин ният дастамро ба киса бурда, ҳамон чизеро, ки дар троллейбус оҳиста гирифта, лабу рӯямро молида будам, берун карда, ба пешониям бурдам. Дидам, ки он на рӯймолча, балки ҳамон ҷуробе буд, ки аз дӯкон харида, ба ҷайбам андохта будам.

… Инак, аз он рӯз панҷоҳ баҳор пушти сар шуду то кунун  намедонам онро рӯзи бобарор ҳисобам ё бебарор, рӯзи иқболи нек гӯям ё беиқболӣ, рӯзи хуш биномам ё нохуш.

Ман он рӯзро баъди гузаштани панҷоҳ Наврӯз на ба хотири он ёдовар шудам, ки  бо ин роҳ аз он духтари зебою меҳрубон бахшиш пурсам. Не, ҳаргиз ин корро раво намебинам, зеро гуноҳе, ки ман бо содагии худ содир кардам, билкул бахшиданӣ нест. Худам низ ин гуноҳи худро ҳаргиз бахшида наметавонам.

Ман аз қаҳр кардану хайрухушро нася мондани ӯ низ  нороҳат нестам. Баръакс, шодам, ки дигар ӯро надидам. Аз ин рӯ, он духтарак якумр дар хаёлу хотирам як хел — бо ҳамон симову сурат ва ҳусну малоҳату латофат нақш баст.

Агар медонистам, ки як ҷуроб ба сарнавишти мо чунин таъсир мерасонад, тамоми умр пои луч мегаштаму ҷуроб намехаридам.

 Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»