«Ишораабрӯ» бозгӯйи ҳаёти мардум аст

№108 (3588) 18.08.2016

DSC_0182Чанде пеш  дар Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ рӯнамоии китобҳои нави нависанда Гулчеҳра Муҳаммадиева бо номи «Мунтахаби осор» ва «Ишораабрӯ» баргузор гардид.

Директори китобхона Абдуқодири Абдуқаҳҳор зимни ифтитоҳи чорабинӣ гуфт, ки дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидани китобҳои нависандаи хушбаён Гулчеҳра Муҳаммадиева туҳфаи хубе барои ҳаводорони адабиёт аст. Нависанда Амирхони Аҳмадхон, шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, Саидалӣ Маъмур, Муҳаммад Ғоиб, коргардон Муҳаббат Сатторӣ ва ҳунарманди шинохта Ҷаъфари Ҷалол атрофи шахсият ва эҷодиёти нависанда фикру андешаҳояшонро баён карданд. Амирхони Аҳмадхон, ки дар аксари китобҳои Гулчеҳра Муҳаммадиева муҳаррир аст, гуфт, ки воқеаҳои асарҳои нависанда аз ҳаёти мардум буда, бо сабки баланди нависандагӣ тасвир шудааст. Аксари нотиқон ба ин нукта ишора карданд, ки бо вуҷуди фаъолият кардан дар вазифаҳои пурмасъул вақт ёфтану асар эҷод кардан нишонаи сермаҳсулии нависанда мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Гулчеҳра Муҳаммадиева солҳои зиёд дар вазифаҳои масъулиятноки роҳбарӣ, аз ҷумла мақомоти ҳизбӣ, муовини раиси ноҳия, мудири бахши шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Қобили зикр аст, ки то имрӯз ҳашт китоби Гулчеҳра Муҳаммадиева дастраси хонандагон гардидааст. Гулчеҳра Муҳаммадиева узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, бо медали «Хизмати шоиста» ва нишонҳои сарисинагии Аълочии матбуот ва Аълочии фарҳанг қадр шудааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,  «Садои мардум»