Исо Раҳим

№58 (4008) 23.05.2019

ИСО РАХИМ1Исо Раҳим рӯзноманигоре буд шоир ва шоире буд рӯзноманигор. Дили ҳассос дошту инсони самимӣ буд. Умрро сарфи  кори рӯзноманигорӣ карду зиндагиро сарфи хидмати халқ. Ҳар чӣ мегуфту менавишт, ҳаёти одамони касбу кори гуногунро ифода мекард. Ҳамчунин, содиқона зисту содиқона зиндагиро падруд гуфт.

Ба хотири афрӯхтани шамъи хотираи ӯ ду  шеърашро манзур мегардонем.

                 Мақоми чашм

Чун мавҷ беқарорам, аз шӯри ҷоми чашмат,

Ин беқарорӣ, аммо гардида роми чашмат.

То осмон саршор аз нури  ишқ бошад,

Хуршед з-он баландӣ ояд ба боми чашмат.

Ҷонам, ки нур гирад, аз як нигоҳи мастат,

Парвоз мекунад дил ҳар сӯ ба номи чашмат.

Ҳар дам, ки чашмаки ту бар чашми ман бияфтад,

Сармаст менамояд ҷоми паёми чашмат.

Занҷири зулф бастӣ бар банд — банди ҷонам,

То ҳамчу нола хезам аз банди доми чашмат.

Аз погаҳи дари худ, эй меҳрубон, маронам,

З- он рӯ, ки ин дили мо гашта ғуломи чашмат.

Доранд аҳли олам бар хеш қиблае гар,

Аз баҳри Исӣ, аммо бошад мақоми чашмат.

 

                   Ман навоям

Ман навоям, аз найистон омадам,

Ошиқам, риндам, ғазалхон омадам.

Чун Ҳилолӣ ғарқа дар хунам ҳанӯз,

Бар алайҳи сангдорон омадам.

Ҷо намеёбам дар ин дунё агар,

Рӯҳи Носирам, зи Юмгон омадам.

Дар адои розҳои маънавӣ,

Ман чу Иқболи сухандон омадам.

Ҳофизам кардаст масти ҳар ғазал,

Бо ҳавои шеърборон омадам.

Шуд Душанбе сад Бухорои дигар,

Ман чу девори Хуросон омадам.

Хомаам бахшид теғи Бӯалӣ,

Исиам, аз баҳри дармон омадам.