Чанде пеш дар қасри фарҳанги ба номи Ҳоҷӣ Абдулазизи ноҳияи Рашт ҳунармандон аз ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Нуробод, Сангвор, Рашт ва шаҳри Роғун, ки дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ғолиб омада буданд, барномаҳои ҷолибу диданиро пешниҳоди ҳакамон гардониданд.
Боиси таассуф аст, ки бо сабаби авҷи бемории сироятии коронавирус мухлисони санъат натавонистанд ҳунарнамоии санъаткоронро тамошо кунанд. Барномаи санъаткорони шаҳраки Роғун хеле рангин буд ва яке аз довталабони асосӣ барои ширкат дар даври ниҳоӣ ба шумор мерафт. Дар тайёр намудани санъаткорони ҷавон ба озмун Мактаби мусиқии шаҳри Роғун саҳми назаррас гузошт.
Санъаткорони ноҳияи Рашт низ барои ширкат дар озмун хуб тайёрӣ дида буданд. Шаҳриёри Қосимҷон ва Бурҳониддин Бурҳонов аз зумраи санъаткорони соҳибистеъдоди ноҳияанд. Шаҳриёр дар жанри анъанавӣ ва Бурҳониддин дар жанри эстрада ҳунарнамоӣ карданд ва ҳар ду соҳиби роҳхат шуданд.
Самрат Мирзоев ва Муҳаммад Абдиев аз ноҳияи Тоҷикобод дар жанри эстрада ҳунар нишон доданд ва дар байни калонсолон ҷойҳои якум ва дуюмро ишғол карданд. Овозхони ҷавон Айҷалқин Худойбердиева аз ноҳияи Лахш суруди тоҷикиро хуб иҷро кард ва муваффақ шуд, ки дар даври ниҳоии озмун ширкат варзад.
Ҳамин тариқ, ҳайати ҳакамон ғолибони даври дуюмро аз рӯи талаботи низомномаи озмун ба тариқи зайл муайян намуданд: шаҳри Роғун — 8 нафар, ноҳияи Рашт-5, ноҳияи Тоҷикобод-3, ноҳияи Сангвор-3, ноҳияи Лахш -2 ва ноҳияи Нуробод 1 нафар.
Ҳунарнамоӣ ва шавқу рағбати наврасону ҷавонон гувоҳи он аст, ки онҳо барои сайқал додани ҳунар талош менамоянд, аммо бинобар набудани устодони касбӣ ва фаъолияти хуби мактабҳои мусиқӣ ба натиҷаи дилхоҳ расида наметавонанд.
Навозандагон дар навохтани асбобҳои мусиқӣ чандон моҳир набуданд ва дар чанд маврид оҳангҳои интихобшуда хуб иҷро нашуданд. Хуб мебуд, ки масъулини соҳа ин нуктаро ба назар гиранд ва барои ансамбли навозандагон беҳтарин мутрибонро ҷалб кунанд.
Санъаткорони ҷавон бештар маврид дар интихоби матни суруд низ ба иштибоҳ роҳ доданд. Шеърҳое аз тарафи онҳо интихоб шуданд, ки ба талаботи низомномаи озмун ҷавобгӯ набуданд. Дар ин маврид ба омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик зарур аст, ки ба онҳо дасти ёрӣ дароз намоянд.
Интихоби либос низ бояд ба назар гирифта шавад. Санъаткор аз кадом жанр ҳунарнамоӣ мекунад, бояд либос ба он мувофиқ бошад. Мақсади озмун дар баробари пайдо намудани чеҳраҳои нав, эҳё намудани сурудҳои фаромӯшшуда мебошад. Масъулини соҳа мебоист сари ин масъала низ андеша мекарданд.
Бояд омодагӣ барои ширкат дар озмун аз оғози сол шурӯъ шавад ва масъулини соҳа дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо нақшаи чорабинӣ дошта бошанд.
Бо вуҷуди баъзе аз камбудиҳо гуфтан мумкин аст, ки озмуни зикршуда дар Раштонзамин натиҷаи хуб дод. 21 санъаткор дар давраи ниҳоӣ иштирок мекунанд. Умед дорем, ки онҳо соҳиби ҷоиза низ хоҳанд шуд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»