Истиқлолият арзиши маънавист

№111 (4373) 07.09.2021

ramz_30solagiИбтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар ҷаҳон рӯйдодҳое ба вуқӯъ пайвастанд, ки дар натиҷа системаи пешини сотсиалистӣ пароканда шуда, дар заминаи давлати абарқуд­рати Иттиҳоди Шӯравӣ давлатҳои мустақил ба вуҷуд омаданд. Тоҷикис­тон низ Истиқлолияти давлатӣ ба даст оварда, роҳи худро муайян кард. Мутаассифона, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, манфиатҷӯии душманони дохиливу хориҷӣ хатари аз байн бурдани давлати Тоҷикис­тонро ба вуҷуд оварданд.

Истиқлолияти давлатӣ — ормони ҳазорсолаи тоҷикон қариб аз даст мерафт. Танҳо пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ марҳилаи рушди устувор оғоз ёфт. Тоҷикистон роҳи мушкили ташаккули давлатдориро аз сар гузаронд. Аксарияти мардум дарк карданд, ки бе давлати тавоно ва ниҳодҳои вай  ҳам амнияти ҷомеа ва ҳам тараққиёти мунтазами соҳаҳои асосии онро таъмин кардан имконнопазир аст.

Сарфи назар аз душвориҳое, ки дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли оқибати ҷанги шаҳрвандӣ ба миён омаданд, Тоҷикистон тавонист барои рушди минбаъда қадамҳои устувор гузорад. Ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои харобиовари он ҳоло ба монанди хоби мудҳиш ва ё афсонаи даҳшатбор ба назар мерасанд. Зеро Тоҷикистони ҳозира аз Тоҷикистони аввали солҳои 90-уми асри гузашта хеле фарқ мекунад. Баъзан сарусадоҳое мешунавем, ки ба ваҳдат расидем ва истиқлолият дорем, зарурати ҷашнгириву таъкиди он нест. Ба чунин даъво розӣ шудан комилан нодуруст мебошад. Зеро ба даст овардану нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ хусусиятҳои тақдирсоз дорад. Албатта, собит аст, ки Тоҷикистон қадамҳои устувор барои рушд мениҳад ва амнияти мо хуб ҳифз мешавад, лекин технологияҳои имрӯзаи бархӯрди манфиатҳо хеле тағйир ёфтааст.

Яке аз хусусиятҳои консепсияи Истиқлолияти давлатӣ дар он аст, ки он аҳамияти ҳуқуқӣ ва арзиши маънавӣ дорад. Агар аз як тараф, Истиқлолияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ, яъне, санадҳои таъсису таъмини истиқлолияту демократияро талаб кунад, аз тарафи дигар, Истиқлолияти давлатӣ дар қисми муайян берун аз доираи танзими ҳуқуқӣ қарор дорад. Зеро он дар асоси ғояҳо ва анъанаҳои чандинасраи ахлоқӣ ва маънавии мардум, озодӣ ва эътиқоди он ташаккул меёбад. Истиқлолияти давлатӣ дар ҳама маврид решаи маънавӣ ва таърихӣ дорад. Яке аз  ғояҳои калидии Истиқлолияти давлатӣ ҳуқуқ ба худмуайянкунӣ мебошад, ки дар заминаи ҳуқуқи байналмилалии муосир асос мегирад. Мазмуни он ҳар як халқ барои мустақилона ва озодона ҳал кардани мавҷудияти ояндаи давлат, мақоми сиёсӣ ва ҳуқуқии он, самти такмили иқтисод ва рушди фарҳанг комилҳуқуқ аст.

Дар ин замина, Тоҷикистони соҳиб­истиқлол таҳти сарварии Пешвои миллат, дар пояи қонуну стратегияву барномаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ қадамҳои устуворро барои пешрафт гузош­та истодааст.

Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ рӯзҳои охир аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ марҳилаҳои таърихии рушди Тоҷикистонро нишон медиҳанд ва ҳар шахси соҳибақл бевосита онро бо вазъияти баъзе аз давлатҳо, ки дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор доранд, муқоиса мекунад. Бори дигар, таърих собит месозад, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ вакилон интихоби дурусти тақдирсоз кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзҳои барои миллат талху сангин ба ҳама минтақаи кишвар сафар намуда, барои сулҳу субот ва якпорчагии марзу бум далерона баромад карданд. Бо ин мақсад ҳатто ба мамлакатҳои дигар низ сафар намуданд. Хушбахтона, ҳоло Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва тоҷикон ҳамчун миллати соҳибихтиёр дар ҷаҳон мақоми арзандаро соҳибанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки новобаста ба фазои мураккабу тезутунди таҳаввулоти ҷамъиятӣ Тоҷикистон ба зинаҳои чашмраси инкишоф боло меравад, ки ин шаҳодати тақвияти пояҳои иқтисодию иҷтимоии давлатдории миллии тоҷикистониён тайи солҳои охир мебошад. Дар муддати сипаригашта кишвар нумӯъ ёфта, он асосҳои боэътимоди дастгирии ҷамъиятиро дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба даст овардааст. Бо такя ба касби чунин асоси ҷамъиятӣ ҳоло давлат кӯшишу захираҳоро ба таъмини рушди иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи халқ равона намудааст.

Тоҷикистон дар минтақа низ яке аз кишварҳои соҳиби ҷойгоҳи хос мебошад. Бо қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ – «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» сарфароз гардидани Пешвои миллат далели суханҳои боло мебошад. Пешниҳодҳое, ки аз ҷониби Президенти кишвар баҳри ба эътидол овардани вазъияти Афғонистон сурат мегиранд, аз ҷониби сарони давлатҳо ва сиёсатмадорону коршиносон хуб қабул мешаванд. Лозим ба ёдоварист, ки вобаста ба вазъияти феълии Афғонистон ҳанӯз чанд сол пеш муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ ҳушдор медоданд. Ҳоло вазъияти Афғонистон на танҳо ба минтақа хатар дорад, балки мушкилоти байналмилалӣ мебошад.

Мавқеи сиёсии давлат дар арсаи байналмилалӣ яке аз масъалаҳои бисёр муҳим мебошад. Ба он тақрибан ҳама соҳаи рушд ва амалишавии на фақат сиёсати байналмилалӣ, балки шароити дохилии давлат ва ояндааш вобастагии ногусастанӣ дорад. Шароити пуртазоду пурпечутоби ҷаҳон аз давлатдорону сиёсатмадорон назорату таҳлили доимиро тақозо менамояд.

Тезутундшавии мубориза барои ба даст овардани захираҳои инкишоф дар сатҳи ҷаҳониву минтақавӣ водор месозад, ки дар пешрафти сиёсати берунаву дохилӣ хеле  ҳассос ва нуктасанҷу дурбин бошем. Мутаассифона, ҳоло ҳам қувваҳое ҳастанд, ки нисбат ба миллат душманиву кин меварзанд, ягонагиву суботи моро халалдор сохтан мехоҳанд.

Зимнан, давлатҳои абарқудрат барои ҳимояи манфиатҳояшон тактикаву стратегияҳои гуногунро истифода мебаранд ва дар «муколамаҳо» давлатҳои хурд, новобаста ба хоҳишашон, ворид шуда, баъзан дар муайян намудани ирода комилан озод буда наметавонанд. Барои ин ба давлатҳои хурд омилҳои зиёд лозим мешаванд, ки истиқлолияту манфиатҳояшонро ҳимоя намоянд.

Ҳамин тариқ, дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир, танҳо ба василаи ваҳдату сарҷамъӣ, заҳмати аҳлона ва саъю талоши ватандӯстонаи сокинони кишвар бо сарварии хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем Истиқлолияти давлатии Тоҷикис­тонро ҳифз намоем. Танҳо дар чунин шароит имкон дорем давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта гардонем ва ҳама нақшаву ҳадафҳои миллиро амалӣ намоем.

Омили дигари пешгирикунандаи бесуботӣ дар амал татбиқ шудани қонунҳо мебошад, зеро дар сурати риоя нашудани онҳо мақомоти ҳокимият фалаҷ мегардад.

Хушбахтона, миллати тоҷик бо Сарвари кишвар тавонист мамлактро тадриҷан аз буҳрони сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ раҳонад, собит сохт, ки дар Тоҷикистон қувваи солим, қувваи тавоное мавҷуд аст, ки пеши роҳи ҳама гуна низоъро гирифта метавонад.

Вақте ки таърихи роҳбарии Сарвари давлат, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро меомӯзем, фазилатҳои пешниҳоднамудаи бузургон ба ёд мерасанд, ки фармудаанд: «Ҳар кӣ ин даҳ фазилат шиори худ созад, дар дунёву охират кори худ созад: бо Худо бо сидқу бо халқ боинсоф; бо нафс бо қаҳру бо дарвешон ба лутф; бо бузургон ба хидмату бо хурдон ба шафқат; бо дӯстон ба насиҳату бо душманон ба ҳилм; бо ҷоҳилон ба хомӯшиву бо олимон ба тавозӯъ».

Бале, чунин аст мактаби сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки давлат барои рушд қадамҳои устувор мемонаду гул — гул мешукуфад ва шаҳрвандонаш барои амалӣ намудани орзуҳояшон аз ин имконот самаранок истифода мебаранд.

Насиба СОДИҚӢ,

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, доктори илмҳои фалсафа