1 июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон буд

Кӯдак ба муҳаббат ниёз дорад

№66 (3051) 03.06.2013

1 июня

Ҳамасола якуми июн дар бештари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин сана 64 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шӯрои Федератсияи байналмилалии демократии занон эълон гардид ва бори аввал соли 1950 дар 51 кишвари дунё таҷлил шуд. Санаи мазкур дар Тоҷикистон низ маҳбубият пайдо намудааст, зеро ҳамасола бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар чорабиниҳои гуногун баргузор ва дар он ҳунари кӯдакону наврасон ба намоиш гузошта мешавад. Дар чунин чорабиниҳои идона беҳтарин расмҳо ва аксҳои кӯдакон ба маърази тамошо гузошта, мусобиқаҳои варзишию бозиҳои шавқовар ва консертҳои идона ташкил мегардад.

Муҳимияти ин сана боз дар он зоҳир мегардад, ки дар ин рӯз ҳисси масъулиятшиносии калонсолон ва волидайн нисбат ба кӯдакон зиёдтар мешавад. Вақте волидайн бо кӯдак мисли калонсол муносибат намуда, ба дархостҳояш гӯш медиҳанд, он замон заминае фароҳам мешавад, ки кӯдакон ба ҳаёт омода гарданд.

Чунин масъулияти бузург, яъне фароҳам сохтани муҳити хубу муносиб, на танҳо аз ҷониби волидайн, балки атрофиён ва масъулини соҳа низ бояд бештар эҳсос шавад. Ба ин васила дарк мегардад, ки ба хурсандии кӯдакон на дар як сол як маротиба, балки ҳар рӯз шарик шудан мумкин будааст. Ҳарчанд аз ҷониби Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таълиму тарбияи ҳама гурӯҳҳои кӯдакону наврасон шароит муҳайё шудааст, вале ин масъулият барои баъзеи дигар сангин ба назар мерасад. Вақте амиқтар ба мавзуъ таваҷҷуҳ менамоем, маълум мегардад, ки иҷрои ин кор чандон мушкил нест. Масалан, вақте ки калонсонон кӯдаконро дӯст медоранд ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди покашон  ҷой медиҳанд, магар аз ин тарзи муносибат чеҳраи хурдсолон болида намегардад? Ва ё барояшон шароити маънавие фароҳам оварда, муносибати наздик ва доимӣ барқарор мекунанд, илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ ҷӯё намешаванд?

Вобаста ба тарзи муносибат ва тарбияи кӯдак аз даврони Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) воқеаеро нақл мекунанд, ки кӯдаке тақрибан ҳар рӯз аз меъёр зиёд асал мехӯрд, волидайн аз ин рафтори фарзандашон дар ташвиш афтода, аз тарси хурӯҷи бемориаш монеи асалхӯриаш мегардиданд, вале ба он муваффақ намешуданд. Ҳамин тавр, ӯро назди Ҳазрати Имом Аъзам оварда, мегӯянд: «Ин кӯдак зиёд асал мехӯрад, ҳарчанд монеи хӯрданаш мешавем, вале муваффақ намешавем. Илова бар ин, мо ҳар рӯз имкони харидани асал надорем». Ҳазрати Имом каме фикр мекунад ва мегӯяд: «Кӯдакро баред ва пас аз  40 рӯз ба наздам оред». Баъди чил рӯз кӯдакро боз меоранд. Имом кӯдакро ба наздаш хонда, сарашро сила мекунад ва ба рухсораҳояш нигариста, тавсия медиҳад, ки дигар асал нахӯрад. Падару модари кӯдак аз ин рафтори Имоми Аъзам каме хашмгин шуда, ҳайратомез мепурсанд: «Ё Имом, дар рӯзи аввале, ки ӯро ба назди шумо овардем, чаро чунин насиҳат накардед?» Имоми Аъзам ба сӯяшон табассум карда, посух медиҳад: «Дар он рӯз худи ман ҳам асал хӯрда будам. Агар он замон кӯдакро аз коре, ки худ иҷро кардаам, манъ мекардам, шояд гуфтаи ман ба ӯ таъсир намекард. Дар давоми чил рӯз аз асал парҳез карда, ҳоло хостам кӯдакро дар мавриди нахӯрдани асал насиҳат кунам».

Аз ривояти мазкур бармеояд, ки дар ҷомеаи имрӯз бештар ашхоси намуна ва таҳаммулпазир метавонанд дар мавзуи таълиму тарбияи хурдсолон муваффақ шаванд. Инчунин аз воқеае, ки ба саргузашти Имоми Аъзам нисбат медиҳанд, мутафаккирон зикр намудаанд, ки дар асл ба тарбияи кӯдак аз замони инкишофёбиаш, яъне аз батни модар, аҳамияти ҷиддӣ бояд дод.

Мутаассифона, имрӯз чунин ба назар мерасад, ки дар кишвар имкониятҳои тарбиявии оила то андозае суст шудааст. Шумораи зиёди кӯдакон аз муносибати ноадолатонаи падару модар азият мекашанд. Аз ҷумла ҳодисаҳои ҷудошавӣ байни ҳамсарон бисёр рух медиҳад. Рӯзи 23 майи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо ҷавонони кишвар насли калонсолро ба хуб омода кардани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ ва муқаддас нигоҳ доштани оини хонадорӣ ҳидоят кард. Тавре Сарвари давлат иброз дошт, соли 2011 дар миқёси кишвар 94 ҳазору 600 ақди никоҳ баста шуда, 6800 – тои он бекор карда шудааст. Дар соли 2012 бошад, 97 ҳазору 800 ақди никоҳ баста шуда, 7600 оилаи ҷавон вайрон шудааст. Ин ҳолат басо ташвишовар буда, ба инкишофи неруи ақлонӣ ва ташаккулёбии кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Мутобиқи нишондоди оморӣ, имрӯз тақрибан 40 фоизи сокинони ҷумҳуриро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Яке аз ҳадафҳои қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳамин аст, ки дар радифи Давлату Ҳукумат падару модарон масъулияти худро дар назди фарзандон бештар дарк кунанд, зеро кӯдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон барои бароварда сохтани эҳтиёҷоти онҳо вазифадоранд.

Тавре ба мушоҳида мерасад, ҳанӯз дар рӯйи замин теъдоди зиёди кӯдакон ба мушкилоти ҷиддии иқтисодиву иҷтимоӣ мувоҷеҳ ҳастанд. Онҳо ба меҳнати вазнини ҷисмонӣ фаро гирифта шуда на ҳамаашон зиндагии шоиста доранд. Теъдоди зиёди кӯдакон аз шароити шоистаи зиндагӣ ва таълиму тарбия маҳрум буда, бо умеди қути лоямут дар кӯчаву хиёбон рӯзро шаб мекунанд. Дар аксар  кишварҳои Осиёву Африқо кӯдакон зери таҳдиди калонсолон қарор гирифта, аз гуруснагӣ, бесаводӣ ва бемориҳои сироятӣ азият мекашанд.

Тибқи мушоҳидаҳо, дар кишвар тақрибан нафаре нест, ки наздиконаш бо мақсади пайдо намудани кор ба Федератсияи Россия муҳоҷир нашуда бошад. Бештари онҳо, ки соҳиби оила ва фарзанданд, на кам аз ду-се соли умрашонро дур аз наздикони хеш мегузаронанд ва муддате дар ватанашон наистода, боз тарки кишвар мекунанд. Дар ин ҳолат бо иллати дурии падарон тарбияи фарзанд аксаран бар дӯши модарон қарор мегирад, ки дар натиҷа қисмати зиёди кӯдакону наврасони муҳоҷир аз тарбия ва сиёсати падарӣ дур монда, бархеашон назди модарони «танҳо» хашмгин, саркаш ва якрав ба воя мерасанд. Раванди муҳоҷират аллакай таъсири манфиашро ба рӯҳияи бархе кӯдакон расонидааст. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ин омил, ки гӯё «аксари падарон аз ночорӣ рӯ ба мусофират меоранд», бештар рӯҳияи занон ва  фарзандонро шикастааст. Илова бар ин, ба таҳсили бархе кӯдакон асари бад гузошта, шавқу завқашон нисбат ба таълим ва мутолиаи китоб коҳиш ёфтааст. Яъне, натиҷаи даҳ-понзадҳсолаи муҳоҷирати пайваставу тӯлонии падарон аллакай эҳсос гардидааст, ки дар ҷомеаи имрӯз сатҳи ҷинояткорӣ  байни ноболиғон дар ҳоли афзудан аст. Вобаста ба ин Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармудааст: «Ба кӯдакони худ эҳтиром бигзоред ва ба хубӣ онҳоро тарбият кунед». Ҳамчунин мефармоянд: «Ҳеҷ ҳадяе аз тарафи волидайн барои кӯдакони худ беҳтар аз тарбияти хуб нест». Дар робита ҳар як падару модарро мебояд барои машғулият бо фарзандон вақти муайяни ҳаёти хешро ҷудо намояд!

Хайруллои АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум»