«Кӯҳҳои Помир» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд

№81-82 (3066-3067) 01.07.2013

Боғи миллии Тоҷикистон «Кӯҳҳои Помир» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд. Ин қарор дар Иҷлосияи 37-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, ки аз 16 то 27 июни соли равон дар шаҳри Пномпени пойтахти Шоҳигарии Камбодҷа баргузор шуд, қабул гардид. Боғи миллӣ бо мақсади муҳофизати табиати нодири Помир, аз байн нарафтани  олами ҳайвоноту набототи гуногуни камёфт, ҳифзи мероси фарҳангию таърихӣ, рушди соҳаи туризм, дуруст истифода бурдани бойигариҳои табиӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолие, ки дар минтақаи Боғи миллӣ истиқомат мекунанд, таъсис ёфтааст. Феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ мутобиқи Низомномаи Конвенсияи соли 1972 оид ба ҳифзи мероси умумиҷаҳонии фарҳангӣ — табиӣ, ки қариб 1000 иншоотро дар бар мегирад, ташкил шудааст.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин иҷлосия  раиси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ, котиби масъули Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО Шаҳло Абдураҳимова ва сардори Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов намояндагӣ карданд. Дар доираи иҷлосияи мазкур ҳамчунин барномаҳои Тоҷикистон оид ба ворид намудани Боғи миллии Тоҷикистон ва ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мисли шаҳрҳои қадимаи Ҳулбук, Ҳисор ва Панҷакент  (дар доираи лоиҳаи Шоҳроҳи бузурги абрешим) ба  Феҳристи мероси умумиҷаҳонии  ЮНЕСКО ва таҷлили санаҳои таърихӣ баррасӣ гардид.

Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»