«Кӯзаҳо чӣ мегӯянд?»

№66 (3051) 03.06.2013

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон», Бунёди мусаввирони Тоҷикистон ва Иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» маросими ифтитоҳи намоиши нави рассом Далер Меҳтоҷов бо шогирдонаш таҳти унвони «Кӯзаҳо чӣ мегӯянд?» доир гардид.

Ҷамъомадро директори осорхона Абдувалӣ Шарипов кушода, меҳмононро хайра мақдам гуфт ва зикр намуд, ки бори аввал дар ин ҷо намоиши нави рассоми шинохта Далер Меҳтоҷов баргузор мегардад. Он  ба бузургдошти Умари Хайём бахшида шудааст. Сипас, рассоми шинохта Сабзаалӣ Шарипов, раиси Иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Хоҷаев, муовини раиси Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон Манзура Улҷабоева ва Шоираи халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева оид ба намоиши асарҳои рассом андешаронӣ намуданд.

«Кӯзаҳо чӣ мегӯянд?» мувофиқ ба забони ноби тоҷикӣ буда, розҳои кӯзаҳо дар мусаввараҳо инъикос ёфтааст.

Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА,  «Садои мардум»