Кашидадӯзӣ. Ҳунаре, ки то имрӯз мавқеашро гум накардааст

№58 (4008) 23.05.2019

ВышивкаКашидадӯзӣ ҳунари халқиест, ки бо сӯзан, чангаки махсус ва ё ба воситаи мошини махсуси гулдӯзӣ дар рӯи матоъҳои гуногун, пӯст ва ғайра бо риштаҳои пахтагӣ, абрешимӣ ва пашмӣ, нахҳои зарҳалию нуқрагӣ, инчунин бо марҷону рахшон, марворид ва танга иҷро мешавад.

Аз қадим дар байни мардуми тоҷик гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, бофандагӣ, заргарӣ, чармгарӣ, ҷомадӯзӣ, наққошӣ, дӯзандагӣ ва даҳҳо касбу ҳунар роиҷ буда, то давраи мо расидаанд. Санъати кашидадӯзӣ таърихи бисёрас­ра дорад. Ҳафриёти давраи қадим аз мавҷуд будани кашидадӯзӣ дар асрҳои IX – XII шаҳодат медиҳанд. Маснуоти ёфташуда аз гулҳои зебо ва нафиси аз риштаҳои зардӯзӣ дӯхташуда ва либос иборатанд. Дар қадим либоси ашхоси воломақом – подшоҳону мансабдорон ва ходимони ибодатгоҳҳоро бо риштаҳои зардӯзӣ оро медоданд. Анъанаҳои санъати кашидадӯзӣ мунтазам тараққӣ мекард. Дар асрҳои XIV – XVII аллакай либосҳои ҳаррӯза мепӯшида бо кашидадӯзӣ оро дода мешуданд. Аз асри  XVIII кашидадӯзӣ дар сачоқчаҳо, дастурхон, чойникпӯшонак, пешдоман ва дигар ҷиҳози рӯзгор расм шуд.

Айни замон ҳунармандон нусхаҳои зебову навро ихтироъ карда, аз онҳо истифода мебаранд. Мардум ҳазорҳо сол зебоӣ офариданд, ки онҳо дар нақшунигори дилписанд инъикос ёфтаанд. Усулҳои кашидадӯзӣ аз гул ва рангҳои дар он муҷассамшуда аз насл ба насл гузашта, такмил ёфта, намунаи нотакрори ҳунар гардидаанд. Дар маҷмӯъ, кашидадӯзӣ то ҳол мавқеи худро гум накардааст. Бинобар ин, бояд боз ҳам бештар ба ривоҷи ин навъи ҳунар диққат дода шавад, то наслҳои оянда низ ба ин пеша машғул шаванд.

Анзурат ЗАХИРОВА, омӯзгори фанни технологияи МТМУ №94, ноҳияи Сино