Манзура УЛҶАБОЕВА: «Шуморо ҳамеша ёд мекунам, устодону ҳамкорони азиз!»

№26-27 (3327-3328) 24.02.2015

DSC_3682Манзура Улҷабоева байни бонувони тоҷик аввалин шуда,  касби мушкил – рассоми сару либосро  дар  санъати кино  интихоб кардааст. То имрӯз  ӯ  ба  чандин филмҳои  ҳунарӣ  ангора (эскиз)-ҳо  кашида,  дар таҳияи  филмҳои нав  чун рассоми  таҳиягар  саҳм гузоштааст. 

Узви  Иттифоқи  собиқ  кинематографистони  СССР  ва узви  Иттифоқи  рассомон ва  дизайнерони Тоҷикистон  мебошад.

Чанде пеш бо ин  рассомзани  боҳунар ҳамсуҳбат  шудем.

- Мафҳуми олами киноро чӣ гуна маънидод мекунед? Чӣ сабаб гардиду  ба ин олам ворид  шудед?

- Олами кино бузург ва ҷалбкунанда аст. Вақте ки  вориди  ин олами  зебо мегардӣ, дубора  онро тарк кардан ғайриимкон мешавад.  Он ба монанди ишқи аввал  пок, беолоиш ва бе муҳобот нурафшон аст.

Аз овони хурдсолӣ  киноро бениҳоят дӯст медоштам. Ҳанӯз дар даврони мактабхонӣ филми ҳунарии  « Бачагони  Помир» — ро, ки режиссёраш В. Мотил  буд, тамошо карда будем ва  тамоми ҳамсоядухтарҳо ба қаҳрамонони ин филм ошиқ буданд.

Ҳамон вақт  ба ҳамсоягии мо оилаи наве кӯчида  омаданд.  Онҳо ҳамсояи  одӣ набуданд, балки писари онҳо яке аз қаҳрамонони  филми «Бачагони Помир» буд ва Олег Тулаев ном дошт.

Барои ман ин туҳфаи тақдир  гардид.  Олег баъд аз таҳсил дар ВГИК- Донишкадаи давлатии умумииттифоқии  кинематографияи Москва маро бо худ ба киностудияи  «Тоҷикфилм»  овард ва шомили гурӯҳи кории филми нав – «Найшакари сурудсаро» намуд. Ман «зиндагӣ дар кино»-ро оғоз кардам.

- Мехостем донем, ки фаъолияти кориатон дар киностудияи «Тоҷикфилм»  аз кадом  филм ва бо кадом  режиссёр  оғоз ёфтааст?

- Ҳама чиз дар зиндагии инсон аз «якум бор» оғоз меёбад. Қадами аввал, синфи аввал, зангӯлаи аввал … Мо  маънои ин «аввал»-ҳоро дер дарк мекунему ба қадри он намерасем, вале вақт мегузарад.  Хусусияти инсонӣ ҳамин аст.

Аввалин филме, ки соли 1976 ман саҳм гузоштам «Буд набуд дар синфи якум буд»- режиссёраш М. Қосимова, оператор З. Дахте, рассомон Д.Илёбоев, Х.Бақоев бо ширкати ҳунармандон  Дилбар Қосимова,  Назира Мирхоновна ва  Чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Саидмумин Раҳимов.

Барои ман кори аввалин дар киностудия имтиҳони хос  ба ҳисоб мерафт.  Он оғози гардиши нав дар тақдир ва ҳунару санъати ман буд. Ба худ,  истеъдод ва  ба ҳунару  тавоноии худ бовар надоштам. Ман дар марҳилаи ҷустуҷӯ қарор доштам. Ҷустуҷӯи хеш. Ва якбора кино!  Ин олами аҷоиби кино маро чун оҳанрабо ба худ ҷалб кард. Рӯзҳои ман аҷоиб мегузаштанд. Ҳар  рӯз  вохӯрии нав, воқеаву рӯйдодҳои нав ва одамони навро бароям кашф менамуд.

Шахси комил, қавиирода ва бомаърифатро дар симои рассом  Довуд Илёбоев  кашф кардам. Дар аввал  ӯ ба назарам шахси дилгиркунандаву  туршрӯ   намуд, вале баъд дар рафти кору омӯзиш фаҳмидам, ки барои ман ҳамчун рассоми кино чӣ қадар бурди калон аст, шогирди чунин устод будан.  Ин шахс ба ман чизҳоеро омӯхт, ки бе донистани онҳо дар киностудия кор кардан имконнопазир буд.

Бо Борис Алексеевич Кимёгаров – режиссёри  бузурги тоҷик, ки номаш ифтихори халқи мо гардидааст, кор кардаам.  Барои ман ифтихор буд, ки дар киногурӯҳи ӯ кору фаъолият мекардам.  Дар он замон филмҳои  эҷодкардааш «Рустам ва  Сӯҳроб», «Достони Рустам», «Достони Сиёвуш» на танҳо дар ҷумҳурии мо, балки дар 15  ҷумҳурии бародар  ва хориҷи кишвар  шуҳрат пайдо карда буданд.

- Устоди  нахустини Шумо дар  соҳаи рассомӣ кист?

- Бахтам омад карду ман бо Леонид  Шпонко кор кардам ва мактаби хубро гузаштаам.  Албатта,  дар аввал  бо мушкилиҳо дучор шудам ва суханони сахту дурушт низ шунидам, вале дар давоми фаъолияти кориям чандин маротиба бо миннатдорӣ  дарсу суханони устодонамро ба хотир овардаам. Леонид Николаевич Шпонко- рассом – таҳиягари  беҳтарин буд. Нигораҳои ӯ бо интихоби рангҳо, реквизиту либосҳо касро мафтун мекарданд.  Ҳамчун рассом ва ҳамчун инсон ӯ дар зиндагиву санъати ман нақши назаррас дорад.

Нигораҳои аввалини ман дар филми ҳунарии «Ҷинояткор ва адвокат» (соли 1980, режиссёр Ю. Юсупов,  оператор  Р. Муҳаммадҷонов) истифода шуданд.

- Лаҳзаеро аз рафти банаворгирии филме,  ки дар таҳияи он саҳм доштед,  ба хотир оред.  Он лаҳзаҳо аз кадом ҷиҳат  хотирмон буданд?

-  Кори  нави ман аз рӯйи филми «Дастгиркунӣ» бо  режиссёр  М. Маҳмудов соли 1982 оғоз гардид.  Ин филми детективӣ буд.  Дар он як гурӯҳи шӯху пуршавқун  кор мекарданд. Ин филм боиси вохӯрии мо бо шахси накуву раҳмдил, кинооператори машҳур Ростислав  Пирумов гардид. Ӯ баъди хатми   Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кинематографияи Москва (ВГИК) ба киностудияи «Тоҷикфилм» ба кор омада буд.

Мавсуф тавонист, ки муҳаббату боварии хамкасбонро ба даст оварад.

Филми «Дастгиркунӣ»-ро дар шаҳри Душанбе ва навоҳии гирду атроф ба навор гирифтаанд. Дар он ҳунармандон аз шаҳрҳои Москва, Тошканд, Ашқобод ва ғайра иштирок намуданд. Яке аз нақшҳои асосиро Бимбулат Ватаев бозидааст. Ҳамагон ӯро ҳамчун қаҳрамони эпоси тоҷикӣ – Рустам мешиносанд. Вақти наворгирии  филм дар шоҳроҳи Душанбе  — Қӯрғонтеппа чунин воқеа рух дод:

Баъд аз ба навор гирифтани дубли дувум  ба назди мошине, ки дар он Б. Ватаев нишаста буд, мардуми зиёде ҷамъ омаданд. Чӣ тавре ки баъдтар огоҳ гардидем, мардум қаҳрамони дӯстдоштаи худ Рустамро шинохта, аз он ки барои чӣ ӯ ба бозидани нақши ҷинояткор розигӣ додааст, пурсон шудаанду норизогии хешро баён намуданд. Наворгирии филмро  муваққатан  боздоштанд ва ба мардум зарурати нақши ҷинояткорро бозидани Ватаевро фаҳмониданд.

- Филми дӯстдоштатарин аз назаратон кадом буд?

- Соли  1983 мо бо режиссёр Валерий Аҳадов ба навор гирифтани филми «Асрори оилавӣ»- ро оғоз кардем. Ин филми  дӯстдоштатарини ман аст, зеро он рӯзҳо беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёти ман буданд. Ҳама чиз осон ба даст меомад ва бо сифати аъло.  Муносибатҳо дар гурӯҳи корӣ одӣ ва дӯстона буданд.  Аз он ки режиссёри  филм котиби Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон  буд, бисёриҳо дар аввал дар дил шубҳа ва тарс доштанд. Баъдан дар рафти кор ҳама чиз ҷойи худро гирифт. Мо гӯё филмро дар як нафас ба навор гирифтем.

Гурӯҳи беҳтарини ҳунармандон Ато Муҳаммадҷонов, хоҳарон  Марям ва Сайрам Исоеваҳо, Шуҳрат Эргашов, Светлана Норбоева аз шаҳри Тошканд, Шавкат Ғозиев аз шаҳри Москва, Камол Саидмуродов, Ҷамила Содиқова дар  филми нави мо  саҳм гузоштаанд.

Филми «Асрори оилавӣ» дар Ҷумҳурии Федеративии Германия соҳиби ҷоиза барои   «Беҳтарин  кори режиссёрӣ»  гардид.

- Манзура Турсунова,  шумо нисбат ба режиссёри шинохтаи мо Анвар  Тӯраев бо эҳтироми хоса ҳарф мезанед.  Ин ҳурмату  эҳтиром аз куҷо  маншаъ мегирад?

- Тақдир ба ман боз як туҳфаи бебаҳои дигарро ҳадя  кард. Ин туҳфа – кор бо режиссёри  номвари киностудия Анвар Тӯраев  буд.

Ҳанӯз даврони  наврасиам, ки ошиқи сеҳру муъҷизаи кино будам, ҳамаи филмҳои  «Тоҷикфилм»-ро  тамошо мекардам. Духтарчаҳои кӯча  ҷамъ омада, ба кинотеатри «8 март» -и пойтахт  барои дастрас намудани чипта мерафтем ва соатҳо интизор мешудем. Тӯраевро он ҳангом ман ҳамчун  актёр  мешинохтам.  Муъҷизаи тақдирро бинед, ки баъди чандин сол бо ӯ дар як гурӯҳи корӣ аз рӯйи сенарияи филми «Гузаштаи худро ба ёд ор» кор кардам.

Аввалин сафари хизматии ман бо номи барои ман норавшани  «киноэспедитсия» аз шаҳри зебоманзари Норак оғоз ёфт. Кор душвор набуд. Дар майдони  наворгирӣ  фазои ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо буд. Ман боре нашунидаам, ки Анвар Бурҳонович  ба касе овоз баланд намояд, чӣ тавре ки дар таҷрибаи дигар коргардонҳо дида будам.

Бо майлу рағбати беандоза соли 1985 дар банаворгирии  филми «Ман ба вай маъқулам» ва соли 1987 дар филми «Писарбачаҳо аз Кобул» бо Анвар Тӯраев фаъолият намудам. Агар дар филми аввал чун ёрдамчии рассом иштирок карда бошам, дар филмҳои минбаъда ба ман рассом оид ба сару либос  ва интихоби либосҳои  актёронро дар филм бовар карданд.

Хулосаи калом, ба ман иттифоқ афтод, ки бо дигар режиссёру актёрони кино низ  ҳамнишину ҳамкор  бошам ва аз ҳар кадоме  барои худ чизе гирам.  Бо амри тақдир имрӯзҳо  дӯстони ман дар ҳар куҷо кору зиндагӣ доранд.

Мусоҳиб Д. ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»