Костагии ахлоқ паёмадҳои ногувор ба бор меорад

№139 (4089) 19.11.2019

Дар ташаккули маънавии насли наврас тарзи ҳаёти солим нақши муҳим дорад. Он ҷанбаҳои муҳимро фаро мегирад, ки бо ҳам вобаста мебошанд. Дар ин миён тарбияи ахлоқӣ мавқеи хоса дорад. Аз ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тарбияи ахлоқиро муҳимтарин бахши низоми омӯзиши кишвар баҳогузорӣ кардаанд.

Зеро ахлоқ яке аз ҷанбаҳои асосии ҳаёти инсон маҳсуб ёфта, коста гаштани он паёмадҳои ногувор ба бор меорад. Биноан, ҳар яки мо вазифадорем, ки суханони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро — «агар мо имрӯз насли дорои ахлоқи ҳамида ба камол нарасонем, фардо ҷомеа ба мушкилоти сангини иҷтимоиву фарҳангӣ дучор меояд» сармашқи фаъолият қарор диҳем.

Ин таъкиди Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита ба муассисаҳои таълимӣ дахл дорад. Маҳз мактаб бахши калидии раванди такомули маънавию ахлоқии шахсият, минҷумла насли наврас мебошад. Дуруст нахоҳад буд, ки кори тарбияи ахлоқӣ фақат ба дӯши ниҳодҳои тарбиявӣ гузошта шавад.

Дар ҳалли масъалаҳои  душвор ва муҳими тарбияи маънавию ахлоқӣ ба хотири  тақвияти  тадбирҳои омӯзишӣ, ки дар мактаб ба насли наврас талқин мешаванд, қишрҳои ҷомеа бояд саҳм гузоранд.

Иҷрои ин талабот низ дар қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр шудааст.

Ҳаёти солим  ба раванди дурусти таълиму  тарбия таъсир мерасонад ва барои ҳамчун фарди пешқадам ба воя расидани кӯдак мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, дар моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дастгирии кӯдакони болаёқат ва таблиғи тарзи ҳаёти солимро яке аз уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳо муқаррар шудааст.

Яке аз ҳадафҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таълиму тарбияи фарзанд мебошад.

Он падару модар, ки сарфаҷӯ, ботадбир ва орӣ аз зоҳирпарастиву худнамо ҳастанд, метавонанд фарзандони хушодобу некахлоқро тарбия кунанд. Барои чунин волидайн на зоҳири маросим, балки моҳияти он арзиш дорад. Онҳое, ки бофарҳанг ҳастанд ва ба арзишҳои ахлоқию маънавии миллат арҷ мегузоранд, ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ намедиҳанд, фарзандонашон зери таъсири фарҳанги  номатлуби бегонагон афтанд ва ҳувияти миллиро аз даст диҳанд. Аз ин хотир тарзи ҳаёти солим, ки аз оила таълиму тарбия, аҳли ҷомеа сарчашма мегирад, метавонад садди устуворе дар пешгирии амалҳои номатлуб бошад. Одобу ахлоқи ҳамида ва тарбияи саҳеҳ сармояи фарзандон мебошад, чунонки барои падару модар низ ҳеҷ вазифае  муҳимтар аз таълиму тарбия вуҷуд надорад.

Зайнура САФДАРОВА, омӯзгори МТМУ №50, шаҳри Душанбе