Либос шиносномаи инсон мебошад

№151 (3945) 20.12.2018

Чанде пеш Вазорати фарҳанг бо кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон»-ро пешниҳод намуданд. Он тарзи дурусти либоспӯширо дар корхонаву мактаб ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба бонувони тоҷик тавсия медиҳад. Инчунин, бо мақсади ба танзим даровардани тарзи либосӯшии миллӣ роҳандозӣ шуда, тибқи он  пӯшидани сатр, «топик», нимдоман, «деколте», сарпоӣ ва калӯш дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қобили қабул нест.

Андешаҳо дар ин боб гуногунанд, вале, ба фикри банда, ба танзим даровардани либос айни муддаост.

Либоспӯшии тоҷикон аз қадим аз дигар миллатҳо фарқ дошт, он як ҷузъи  фарҳанги миллӣ ба ҳисоб мерафт. Мутаассифона, солҳои охир як идда зану духтарон майл ба сатру либосҳои комилан барои миллат бегона намуда, маданияти либоспӯширо сарфи назар менамоянд. Иддае аз хонумҳо ба занони турку араб тақлид намуда, худро дар сатру ҳиҷоби сиёҳ печонданд. Бархе дигар бо либосҳои нимурён ва танги аврупоӣ дар кӯчаҳо сайругашт намуда, ҳатто ба ёд намеоварданд, ки пӯшидани онҳо ба зани тоҷик намезебад. Кор ба ҷое расида буд, ки иддае аз духтарон  аз худ «супер-модел» сохта, бо шими тангу куртаҳои беостин ба мактаб меомаданд ва ин масъала мудом боиси ба миён омадани баҳсу мунозира байни шогирдону устодон мегардид. Ҳар як инсон бояд дар куҷо, чӣ хел либос пӯшиданашро донад. Либоси толибаи мактаб бояд аз либоси муаллима ва либоси омӯзгор аз либоси зане, ки дар бозор мешинад, фарқ дошта бошад.

Мардуми рус мақоли хубе доранд: «Встречают по одежде, провожают по уму». Ин мақоли русӣ маънии баланд дорад. Аз ҳамин хотир зану духтарони тоҷик бояд минбаъд ин тавсияҳоро риоя намуда, либоси мувофиқро ба бар созанд. Фаромӯш набояд кард, ки либос моҳиятан шиносномаи инсон аст.

Мавҷуда РАҶАБОВА, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №62, шаҳри Душанбе