Зикри хайр

Марде, ки ҷасорат дошт

№9 (4115) 16.01.2020

НуруллоЁде аз вакили халқӣ, раиси Комиссияи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ, ҳуқуқ ва муроҷиати шаҳрвандон (1990 — 1991) Нурулло Ҳувайдуллоев

Дар зиндагии ҳар фард, алалхусус, баъди расидан ба синни камолот, замоне фаро мерасад, ки сар рӯи зону ниҳода, ба дарёи фикру андеша ғӯтавар мешавад. Раҳи паймудаи зиндагиро пеши назар оварда, амалҳои анҷомдодаро дар мизони ақл бармекашад. Чун дафтари рӯзҳои сипаригаштаро варақгардон мекунад, дар сафҳаҳои он кирдору гуфторҳо, рӯйдоду ҳодисаҳо ва бахусус, сарчашмаи ин ҳама гирудорҳо — одамон, пеши назар чун навори кино падид меоянд.

Дар ин лаҳзаҳо бештар нафаронеро ёдовар мешавӣ, ки дар қайди ҳаёт нестанду зиндагиро кайҳо падруд гуфтаанд. Албатта, дар байни он афроди бешумор шахсоне ҳастанд, ки кайҳо фаромӯш шудаанд. Аммо симои бархеро бо муҳаббат ва самимият пеши назар оварда, мехоҳӣ ҳеҷ аз лавҳи хотир дур нараванд.

Шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев аз зумраи он шахсоне мебошанд, ки ба гурӯҳи дуюм мутааллиқанд. Барои ман дар зиндагӣ бахти бузург насиб шуду бо Нурулло Ҳувайдуллоев — марди қавииродаю боҷасорат, донишманду нуктафаҳм якҷо кор кардам.

Шиносоии мо ба солҳои ҳафтодуми асри гузашта иттифоқ афтода буд. Он вақт Нурулло Ҳувайдуллоев дар мақомоти судӣ, ман дар мақомоти прокуратура фаъолият мекардам. Сипас, ман дар шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ифои вазифа намудаму номбурда баъди хатми аспирантураи Академияи илмҳои ҷамъиятӣ дар назди Кумитаи Марказии ҲКИШ нахуст ба ҳайси муовин ва баъд сардори ҳамин шуъба кор карданд. Солҳои ҳамкорӣ эҳсос намудам, ки он кас марди шердил ва айни замон соҳиби донишу заковати баланд мебошанд. Дар кор сахтгиру серталаб, фориғ аз кор шахси ҳалиму хоксор буданд. Дарк кардам, ки бо чунин шахсон ҳамкор будан кайфияти хосае дорад, зеро ҳам донишу таҷрибаат афзун мешавад, ҳам аз мактаби одамгарию одамшиносӣ сабақ меомӯзӣ. Солҳои баъд, вақте ки он кас дар он замони пурошӯб прокурори генералӣ интихоб шуданду ман дар бахши тафтишотии мақомоти прокуратура ифои вазифа менамудам, дӯстиамон қавитар гардид. Занҷираи хамдигарфаҳмию эҳтироми якдигар, дӯстию бародарии тӯли солҳои ҳамкорӣ байни мо бавуҷудомада то интиҳои умри шодравон гусаста нагардид. Ҳамон тавре ки мавсуф дар солҳои ҳафтодум маро сарвару устоди раҳнамо буданд, пас аз даргузашташон (солҳои навадум) ман чунин муносибатро бо писари эшон — Фурқатҷон, ки ҷиҳати амалӣ гардидани орзую омоли падар баҳри тантанаи қонунияту адолат фидокориҳо намуд, идома додам.

Шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев аз мактаби ҳамонвақта ҳизби муқтадир ва пешбари ҷомеа сабақ гирифта, донишу малакаашонро тақвият бахшида, таҷрибаи андӯхтаро дар ҷараёни фаъолият ба ҳайси вакил ва раиси Кумитаи Шӯрои Олии кишвар дар амал татбиқ намуданд. Алалхусус, роҳи ҳақгӯиву ҳақталошӣ, ростгӯиву ростқавлӣ, адолатхоҳию принсипнокӣ ва риояи ҳатмии қонуниятро, ки чун ҳуқуқшиноси варзида пеша карда буданд, ҳангоми фаъолият ҳамчун узви комиссияи тафтишотии воқеаҳои моҳи феврали соли 1990 нишон доданд. Аз ҳамон рӯзҳо мухолифоне, ки қасди ғасби ҳокимият ба сар доштанд, он касро ҳамчун монеаи ҷиддие дар роҳи амалӣ кардани нақшаҳои зишташон ҳисобида, нисбат ба ӯ дар қалбҳои нопокашон тухми кинаю адоват коштанд.

Аз моҳи феврали соли 1991, вақте ки қаҳрамони матлаб дар Иҷлосияи Шӯрои Олӣ аз байни се номзад нахустин прокурори генералии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон интихоб шуданд, адовати мухолифин бештару амиқтар гардид, зеро бадхоҳон роҳеро, ки бо қонуну адолат хилоф буд, пеша карданд.

Имрӯз он давраи бенизомию беҳокимиятӣ, ҳуқуқвайроникунию қонуншиканиҳоро, ки муҷиби ҷанги шаҳрвандию куштори ҳазорон шаҳрвандони бегуноҳ гардид, ба ёд оварда, афсӯс мехӯрам, ки агар дар он лаҳзаҳои тақдирсози миллат шахсони ғаюру боҷасорат, ҳақгӯю ҳақшинос, ҳомии ҳақиқии тартиботу риояи қонунҳои амалкунанда чун шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев бештар мебуданду дар як саф бо ӯ қарор медоштанд, шояд метавонистем пеши роҳи он ҷанги хонумонсӯзро гирем. Дар ин маврид ҳақ ба Саъдии бузургвор аст, ки чандин аср пештар огоҳ карда буд:

Сари чашма шояд гирифтан ба бел,

Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил.

Оре, он шарораро дар ибтидо андак пиндоштем, аммо он забона заду сӯхтори азимеро ба вуҷуд овард, ки дар натиҷа хушк ҳам сӯхту тар ҳам. Мудҳиштарин давра дар аввали соҳибистиқлолии кишвар маҳз ҳамон ҷанги шаҳрвандӣ буд. Алалхусус хисороти маънавии он барои мардуми кишвар басо гарон омад, чунки дар баробари шаҳрвандони бегуноҳ, боз шахсиятҳои барҷастаи миллат мавриди таъқибу куштор қарор гирифтанд, ки яке аз онҳо Нурулло Ҳувайдуллоев буд.

Рӯзи наҳси 24 августро ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам. Рӯз бароям басе душвор оғоз гардид. Аз нимаҳои шаб хобҳои парешон оромиро аз ман рабуда буд. Субҳи барвақт бо нороҳатӣ бархоста, бо табъи нохуш, ҳатто наҳорӣ накарда, ҷониби коргоҳ равон шудам. Дар идора ҳам, ки хотирам парешон буд, натавонистам ба коре андармон шавам. Даст пеш намерафт. Аз як тараф, ҳаводиси ахири кишвар маро безобита карда бошад, аз ҷониби дигар, қалбам гӯё аз паёмади нохуше гувоҳӣ медод. Дере нагузашта хабари куштори ҳомию нигаҳбони қонуният дар кишвар — Нурулло Ҳувайдуллоев ба гӯшам расид. Ман бошитоб сӯи макони ҳодисаи ваҳшатбор роҳ пеш гирифтам.

Ҳеҷ боварам намеомад, ки пастфитратону нокасон то ин дараҷа аз худ рафта, ба ҷони прокурори генералӣ, нафаре, ки аз ҳама риояи ҳатмии қонунро талаб дошт, қасд кардаанд. Ҳарчанд ба Нурулло Ҳувайдуллоев борҳо таҳдид кардаву фишор оварда бошанд ҳам, анҷом додани ин амали разилона ба назарам ғайриимкон менамуд. Дертар маълум шуд, ки ду ҳафта пеш аз ин рӯйдоди хунин аз муҳофизон даст кашидани ин марди боҷасорат барои тарсӯёни кунҷи девор ҷиҳати анҷом додани кирдори ноҷавонмардона шароит фароҳам овардааст.

Шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев ба таҳдидҳои афроди мухолифони ҳукумати конститутсионӣ танҳо бо як ибора — «Ман тарсончак нестам», ҷавоб медод. Мубоҳисаи тезутунди телевизионие, ки ғайричашмдошти ташкилкунандагон бо пирӯзии комили шодравон хотима ёфт, обрӯю эътиборашро дар байни мардуми кишвар баландтару сафи душманонашонро бештар гардонд. Дарк карданд, ки бо ин шери жаён дар майдони кушод тавони ҳамнабард шудан надоранд, пас барои расидан ба мақсади разилона роҳи макру ноҷавонмардиро пеш гирифтанд.

Баъдтар тафтишот муайян кард, ки нақшаи кушторро ҳамонрӯза роҳбарони ҳизби мухолифони ба ном демократию исломӣ, вале дар амал террористӣ, ба мисли Шодмони Юсуф, ки худро роҳбари «Наҷоти Ватан» номида буд, сардори он ситоди ҷаллодпеша Саидмурод Қурбонов ва чанд ҳаммаслаки онҳо тарҳрезӣ карда будаанд. Нақшаи кушторро онҳо барвақт кашидаю зархаридони нопокро ҳам пайдо карда, дар пайи фурсати мувофиқ будаанд.

Шояд дар воситаҳои ахбори зердасташон зидди нигаҳбонҳои шахсии прокурори генералӣ ҳангома бардошта, онҳоро аз «бозӣ баровардан» як самти он нақшаи бадхоҳона буд? Як гурӯҳ депутатҳои Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, ки он рӯзҳо мухолифони ҳукумати конститутсиониро ошкору пинҳонӣ дастгирӣ менамуданд, ба фишору таҳдиди ҷисман нест кардани прокурори генералӣ воқеъбинона назар накарда, ҷиҳати бозхонд намудани шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев овоз доданд. Ҳамин мавқеъгирии ноодилона низ ҷинояткоронро ба ин амали бераҳмона таҳрик бахшид ва онҳо бо фаро расидани фурсати муносиб ин кирдори ваҳшиёнаро бо дасти ҷаллодони хунхор Раҳимбек Нуруллобеков ва Давлатбек Маҳмудов амалӣ намуданд. Ҳарчанд ҳақ ба ҳақдор расид ва қотилон зуд дастгир ва бо ҳукми суд ба қатл маҳкум шуданд, аммо талафоти ба мардуми ҳақҷӯю ҳақпарасти кишвар, ба қонуният расонидаи онҳо ҷуброннопазир боқӣ монд.

Ӯ мегуфт: «Агар марги ман ба ҷумҳурӣ оромӣ орад, ман ба марг омода ҳастам». Вале на бо марги ӯ, балки баъди панҷ соли даргирию кушторҳо, муколамаю машваратҳо, ҷаҳду талошҳо ва ҳамдигарбахшию гузашткуниҳо бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ замони осоиштагӣ фаро расид. Ба гуфти шоири шодравон Лоиқ Шералӣ:

Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Воқеан, барои он ки ҳар чӣ зудтар сулҳи деринтизор фаро расад, басо хунҳои ноҳақ рехта, басо мардони майдон, далерони ватандӯст ҷонашонро қурбон намуданд. Моро мебояд ба қадри осоиштагии бар ивази ҷоннисориҳо бадастомада бирасем, оромиро ҳифз намудаю чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Ин нукта борҳо дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст.

Бояд ҷавононро аз он воқеаҳои мудҳиши ҳаёти кишвар огоҳ карда, номи он шахсиятҳоеро, ки барои фардои дурахшони ин сарзамин ва мардуми шарифи он ҷонашонро дареғ надоштанд, ба некӣ ёдрас шуда, хотираашонро абадӣ гардонем. Бояд гуфт, ки барои абадӣ кардани поси хотири шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев дар кишвар иқдомҳое сурат гирифтанд. Аз ҷумла, кӯчаеро дар пойтахти ҷумҳурӣ ба номи он кас гузоштанд, ки боиси қадршиносию дастгирист. Зеро номбурда тавонист дар зиндагии кӯтоҳ, вале пурбаракат бо қатъияту устуворӣ ва меҳандӯстӣ номи хешро дар таърихи солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт намояд. Ин корномаи аввалин прокурори генералӣ, ки барои риояи қонун, тантанаи адолат ҷонфидоӣ карданд, барои ҳар як фарди ҷомеа, хусусан, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бояд мактаби сабақомӯзӣ бошад.

Хотираи неки ӯ ба мо, насли имрӯзу фардо, аз воқеаҳои фоҷиабори солҳои навадум ҳикоят карда, ҳамзамон таъкид месозад, ки барои риояи қонуну қонуният, ҳаёти орому осоиштаи мардуми кишвар бояд чунин нотарсу фидокор ва нисбат ба ҳуқуқвайронкуниҳо набояд бетараф буд.

Мехоҳам саҳифаҳои парешону нопурраи дафтари хотиротро дар бораи шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев бо мисраҳои таскинбахши шодравон Лоиқ Шералӣ анҷом бахшам. Шоири шаҳир гӯё бо ин байт лаҳзаҳои нотакрори умри мавсуфро, ки бо ҳама таъқибу таҳдид, озору азият пеши ҳар палиду нокас сар хам накард, тасвир намудааст:

Мард он, ки шарафманду баномусу ҷавонмард,

Бо ин ҳама озор сазовор бимирад!

Амирқул АЗИМОВ, мушовири ҳақиқии давлатии адлия, собиқадори мақомоти Прокуратураи Ҷу