Марде, ки раҳ ба водии дилҳо гирифтааст

№56 - 57 (3850-3851) 08.05.2018

Назруллои Абдулваҳҳоб дар рустои Чавроғи Кангурти бостон пой ба арсаи ҳастӣ ниҳодааст. Падараш–амаки Абдулваҳҳоб, модараш – холаи Оймоҳ ва хешовандони ӯ ба пешаи деҳқонӣ шуғл меварзиданд. Бобои Назрулло-Ҳайдарбой шаш писар дошт. Абдулваҳҳоб аз ҳама хурдӣ буд. Рӯзноманигор ва нависанда Умари Шерхон дар бораи шаҷараи ниёгони Наз­руллои Абдулваҳҳоб асар эҷод карда, аз ҷумла, зикр менамояд, ки Ҳайдарбой писари аз ҳама обрӯманди Раҳматуллобой ба ҳисоб мерафт. Ва Ҳайдарбой ҳар куҷое, ки мерафт, писари хурдӣ Абдулваҳҳобро ҳамроҳ мебурд, чунки ӯро беҳад дӯст медошт.

Тибқи ҳикояти падар бобои Назрулло-Ҳайдарбой соли Инқилоби Бухоро фавтида, дар диёри ниёгонаш-Хоҷа Валиҳо мадфун гардидааст. Пас аз фавти бузургвор ҳама молу мулк-замин, ғалла, аспу гов, рама талаф гашта, ба фарзандон чизе боқӣ намемонад.

Вақте ки Абдулваҳҳоб ба балоғат расид, ба хотири нигаҳ доштани муносибати ҳасанаи дӯстӣ бо духтари Худойназарбой ном деҳқони обрӯманди диёр оила барпо менамояд. Оймоҳ қоматбаланду зебо ва меҳнатию меҳмондӯст буд ва нону таомҳои лазиз мепухт ва баробари шавҳар дар колхоз кор карда, шаш духтар ва як писар-Назруллоро таваллуд намуда, ба камол расониданд.

Назрулло дар хона яккаписар бошад ҳам, болои ҳафт қабат кӯрпача эркатулфор барин наменишаст. Балки ҳамроҳи падару модар ва дигар хешовандон доимо дар байни ҷӯшу хурӯши зиндагӣ печутоб мехӯрд ва обутоб меёфт. «Назрулло, досу арғамчинро бигиру хас дарав карда биёр, ки хас намондааст; Назрулло, аз пушти адири қоқдара ҳезум биёр, ки аловӣ нест, барои дандонковӣ ҳам чӯб ёфт намешавад, Назрулло аз мағоза сӯзишворӣ бихар, ки чароғ як чакра карасин надорад, вагарна шаб дар торикӣ мемонем, онро, ки овардӣ, сари замин раву дастаи испорро гирифта, шудгор бикун», — ҳар замон мешунид ӯ амру супоришҳои падару модарро.

Солҳо сипарӣ шуданд ва Назрулло дар зодгоҳ мактаби ҳафтсолаю мактаб-интернатро хатм намуда, Донишгоҳи давлатии Кӯлобро бомуваффақият ба анҷом расонд ва ба ҳайси омӯзгори фанҳои физика ва математикаи мактаби миёнаи ба номи Садриддин Айнии ­ноҳияи Данғара ба кор шуруъ кард. Рӯзи неки дигаре ҳам фаро расиду ӯ маоши аввалинро ба назди қиблагоҳ гузошт. Падар онро ба чашм молида, ба писар фотиҳаи нек дод.

Назрулло ҳар як рӯзи фаъолиятро бо ҷаҳду рӯҳбаландӣ сипарӣ менамуд, ки дарсҳояш барои шогирдон шавқангезу хотирмон бошад, маърифату дониши онҳоро афзун намояд ва ҳамзамон вазифаи ҷамъиятии котиби созмони ибтидоии комсомолии дабистонро низ фаъолона пеш мебурд.

Соли 1965 ӯро ба номзадии узви ҳизби коммунист қабул ва ба мактаби миёнаи рақами 1-и ба номи Ленин, ки дар маркази ноҳия ҷойгир буд, ба кор гузарониданд. 29 октябри соли 1966 дастурдеҳи шуъбаи ташкилии кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия тасдиқ гардид. Он вақт ҳама масъалаи ҳаёти мардумро аввал созмонҳои ҳизбӣ баррасӣ мекарданд ва баъд дастгоҳҳои иҷроияи давлатӣ ба иҷро мерасонданд. Бо ҳама мураккабӣ Назрулло дарёфт, ки фаъолияти ҳизбӣ барояш дорулфунуни наве хоҳад шуд ва мувофиқи панди падар мушкилоти шахсони дармондаро осон менамуд.

Рӯзе Назрулло дар дафтари корӣ машғули кор буд, ки зани солхӯрдае иҷозати даромадан хост. ӯ аз ҷой бархеста, рухсати ворид шудан дод ва занро дар гирди мизи алоҳидае шинонда, гуфт:

- Гӯшам ба шумо, ҳар арзе дошта бошед, бе истиҳола ва ошкоро бигӯед.

- Ман шунидам, ки шумо дар деҳа калон шудаед, дарду ғами халқро медонед, — бо душворӣ ба сухан дароомад зан. — Ду сол пеш ба ҳамин идора муроҷиат кардам, вале ҳеҷ натиҷа надод…

- Арзатонро кушоду равшан гӯед, тавонам, ёрӣ мерасонам, — гуфт Назрулло.

- Ман дар беморхонаи ноҳия қариб сӣ сол мешавад кор мекунам, — афзуд зан, — хоҳари шафқати шуъбаи ҷарроҳӣ ҳастам, ҳафт сол пеш шавҳарам вафот кард. Ҳамроҳи хешовандони ӯ зиндагӣ доштем. Як духтару як писар дорам. Хешони шавҳарам пас аз марги хушдоманам маро аз хона берун карданд. Ҳоло бо фарзандон дар як кулбаи иҷора зиндагӣ менамоем. Аҳволамон бад аст, илтимос ёрӣ расонед.

Назруллои Абдулваҳҳоб ҳамсуҳбаташро бодиққат гӯш карда, каме ба хаёл фурӯ рафту сипас бо қатъият гуфт:

- Ман кӯшиш менамоям, ки ба шумо кумак намоям ва сонӣ ба чанд суол посух гирифта, дар дафтари ёддошт сабт кард. Дар ҳақиқат ҳам, ӯ аз таҳти дил кӯшиш намуд ва зани муштипар соҳиби манзили дуутоқа шуд ва бо ҷигарбандон ба он ҷо кӯч баста, баъдан ба назди Назрулло омада, самимона ташаккур баён кард.

Албатта, аз фаъолияти кории Назруллои Абдулваҳҳоб мисолҳои зиёд овардан мумкин аст, ки ба ҳолати боло сахт шабоҳат дошта бошанд.

ҳамин тариқ, Назруллои Абдулваҳҳоб дар шуъбаи ташкилии Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия фаъолият намуда, аз ҷиҳати сиёсӣ обутоб ёфт ва ҳам фурсат фаро расиду 20 декабри соли 1969 ба иҷрои вазифаи пурмасъулият-котиби Кумитаи иҷроияи шӯрои вакилони халқи ноҳия пардохт, ки воқеан ҳам басо серташвиш буд. Лекин аз кор хаста нашуд, баръакс бисёр чиро омӯхт. Ва баъди хатми муваффақонаи Мактаби олии ҳизби коммунисти шаҳри Тошканд тибқи анъана дипломи сурхи онро аз дасти номзад ба узвияти Бюрои сиёсии Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ Шароф Рашидов гирифт. Ва баъдан, котиби Кумитаи иҷроияи шӯрои вакилони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид.

Зимни иҷрои мансаби боз ҳам масъулиятнок таҷрибаи андӯхтааш мадад расонд. Ва ӯ вазифаи худро содиқона анҷом медод. Роҳбарон аз кори ӯ розӣ буданд ва дар хусуси ба вазифаҳои баландтар таъин гардиданаш на як бору ду бор ба мақомоти болоӣ тавсия пешниҳод карданд. Аммо ғаразмандоне пайдо гаштанд, ки дар бораи фаъолияти кории Назруллои Абдулваҳҳоб аризаҳои беимзо навишта, ҳар гуна туҳмат мекарданд. Масъулин аризаҳоро борҳо санҷиданд ва ягон ҳарф боре тасдиқ нагардид. Лекин онҳо боиси дилсиёҳӣ ва ташвиши зиёд мегардиданд.

Вақте ки Салоҳиддин Ҳасанов котиби якуми Кумитаи ҳизбии вилояти Кӯлоб буд, рӯзе мудири шуъбаи савдои комиҷроия Қудратулло Олимов ба назди Назруллои Абдулваҳҳоб омада гуфт, ки бо хоҳиши котиби якум аз фонди вилоят ба писари ӯ, ки дар колхози ба номи Шаталови ноҳияи Кӯлоб кор мекард, мошини сабукрави «Запарожетс» ҷудо намояд. Санадро муовини аввали раиси комиҷроия Терентев имзо хоҳад кард. Зимнан мошинро писари котиби якум кайҳо боз мавриди истифода қарор медод, вале он бе ҳуҷҷат буд. Ҳамин тавр, Назруллои Абдулваҳҳоб санадро омода сохта, ба Терентев пешниҳод намуд ва писари котиби якум расман соҳиби мошини сабукрав шуд.

Ҳангоме ки С. Ҳасанов аз вазифа сабукдӯш шуда, ба маҳбас меафтад, дафтари аъмоли ӯро тагурӯ менамоянд. Масъалаи мошингирии писараш низ ошкор мешавад. Аммо он вақт мудири савдо Қ. Олимов худро кару гунг нишон медиҳаду Терентев аз вазифа сабукдӯш мегардад. Гунаҳгор Назруллои Абдулваҳҳоб мемонад ва ӯро саросема аз вазифа озод ва аз сафи ҳизб хориҷ мекунанд ва иғвогарон муваққат ғолиб меоянд. Дере нагузашта ҳақиқат рӯ мезанад. Назруллои Абдулваҳҳоб дар сафи ҳизб барқарор гашта, 20-уми ноябри соли 1995 бо тавсияи Сарвари тозаинтихоби кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Дастгоҳи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад.

- Орзуи ман он аст, ки якҷо бо дили гарму садоқатмандона меҳнат кунем, дар кор бояд нав­гонӣ бошад, камбудиро дида тавонем. ҳангоми фаъолият шаффофияти комил пурра эҳсос гардад. Талаботи ман аст, ки одами меҳнатдӯстро сидқан эҳтиром менамоям, — мегӯяд Назруллои Абдулваҳҳоб ҳангоми нахустин мулоқот бо зердастон.

ҳолдонҳо мегӯянд, ки вақте Назруллои Абдулваҳҳоб ба кор шурӯъ мекунад, танҳо яке аз вакилон дар дафтари корӣ компютер доштаасту халос. Он ҳам ниҳоят куҳна буда, ҳангоми кор садо мебаровардааст.

Сипас, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Шӯрои Олӣ ва баъдан Маҷлиси Олиро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, ба фаъолияти онҳо ёрии ҳаматарафа мерасонданд. ҳамин тариқ, кори Дастгоҳи Маҷлиси Олӣ тадриҷан беҳтару хубтар гардида, асбобу анҷоми корӣ муҳайё мегардад.

ҳамчунин, бо кӯшиши хастагинопазири Назруллои Абдулваҳҳоб масъалаи асбобҳои овоздиҳӣ ҳалли худро меёбад ва аз «Рада»-и Ҷумҳурии Украина бо даъват 30 нафар мутахассис ба Душанбе омада, барои парлумони касбии ҷумҳурӣ асбобҳои овоздиҳиро насб менамоянд, ки он замон навгонии хеле муҳим ба ҳисоб мерафт. Ба ҳамин минвол, Назруллои Абдулваҳҳоб дар давраи фаъолият доир ба овардан ва насб намудани компютерҳои муосир, мизу курсӣ, мебел, таъсиси чопхона, муҳайё намудани шароити дурусти кории вакилон ва бо нақлиёти хизматӣ таъмин кардани онҳо саҳми босазо гузошт. Таҷдиди китобхонаю қироатхонаи васеъ низ бо ташаббуси бевоситаи ӯ ба итмом расид.

Хуллас, Назруллои Абдулваҳҳоб барои хизматҳои содиқона ба унвони ифтихории Корманди шоистаи Тоҷикистон ва дигар мукофотҳои олӣ сазовор дониста шудааст. Шукрона мекунад, ки соҳиби як духтар-Тоҷиннисо ва чор писар-Сайфулло, Темурҷон, Рустам, Баҳром ва набераю абераҳост. Муаллифи китобҳои «Қиссаҳои зиндагӣ», «Сайри андеша», «Азизи дида», «Ризои модар», «Муште аз хирвор», «Ваҳдатовар», «Ғуруби Хуршед», «Эҳёи Кангурт», «Марди сахӣ» ва ғайра мебошад, ки дар онҳо ғояи инсондӯстӣ, ваҳдати миллӣ, ватанпарварӣ, эҳтироми волидон, тарбияи ҷавонон ва иштироки фаъолонаи онҳоро дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона тараннум намудааст.

Ин аст порае аз рӯзгори ибратомӯзи марде, ки раҳ ба водии дилҳо гирифтааст.

Бахтиёр МУРТАЗО,

нависанда

АЗ ИДОРА. Вақте матлаб омодаи чоп мегардид, иттилоъ гирифтем, ки 10 майи соли равон Назруллои Абдулваҳҳоб ба синни мубораки ҳаштод қадам мениҳад.