Олимони мо

Машъалафрӯзи маориф

№85 (3386) 23.06.2015

MҲар як шахс дар зиндагӣ, дар кору пайкор идеали худро дорад. Барои ман чунин шахс академик М. Лутфуллоев мебошанд, ки умри бобаракату сермаҳсули худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидаанд.

Дар давоми шогирди ин марди накуному соҳибэҳтиром буданам дар ҳар як суҳбат, муоширати корию  расмӣ аз ӯ дарси ибрат мегирам ва онро дар кору зиндагӣ истифода менамоям.

Устод ҳамчун як шахси фарҳангӣ барои хурду бузург намунаи ибрат, сазовори эҳтиром ва муҳаббату самимият ҳастанд. Нурпошии офтоби оламоро, дамидани сабзаву майсаҳо, нағмасароии булбулони хушхон, шилдирроси оби ҷӯйбор, ки ҳама якҷоя хоси фасли баҳоранд, ба замоне  мувофиқ меоянд, ки ин марди оқилу кордон ва дурандеш Муҳаммадулло Лутфуллоев ба дунё омадаанд.

Фаъолияти омӯзгорӣ, илмию таҳқиқотӣ ва ҷамъиятии устод саҳифаҳои рӯҳбахшу ибратбахш ва омӯзанда ҳастанд. Ёдовар шудани онҳо ҳам барои мо — шогирдон ва ҳам барои фарзандону наздикони эшон боиси хушнудӣ ва ифтихор мебошанд. Устод ҳунари омӯзгориро  бо пажӯҳиш ва тарбияи олимони оянда тавъам намудаанд. Байни олимону пажӯҳишгарони соҳаи педагогика  нафароне, ки аз ин марди наҷиб  ибрат ва илҳом гирифта, пажӯҳиши ин соҳаи илмро идома дода истодаанд, кам нестанд. Чанде аз онҳо бо мададу дастгирӣ ва хайрхоҳии эшон то ба пояи устодӣ расидаанд.

Доираи фаъолиятҳои илмию эҷодии устод фарох ва гуногунҷанба буда, он таълиму тадриси забони модарӣ ва тарбияву ташаккули шогирдонро дар бар мегирад. Устод 80 соли  умри бобаракат ва пурсамари худро ба таълиму илмомӯзӣ бахшидаанд. Дар Тоҷикистон ва берун аз он  мактабе нест, ки муаллимонаш  номи Муҳаммадулло Лутфуллоевро надонанд ва аз китобҳои дарсиву маводи илмию методии ӯ истифода набурда бошанд.

Аз кӯдакони боғча сар карда, то муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути китобҳои  «Лафзи ширин», «Алифбо», «Забони модарӣ» барои синфҳои 1,2,3,4, «Педагогикаи шафқат», «Эҳёи педагогикаи Аҷам», «Дидактикаи муосир», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва маорифи навин», «Педагогикаи башар», «Шарафномаи миллат», «Фарзанд — ҳадяи Худованд», «Инсон ва тарбия», «Педагогикаи  миллии халқи тоҷик» ва ғайра бо номи устод шинос ҳастанд.

Осори педагогии устод пур аз ганҷ аст, пур аз ганҷи маърифате, ки ба омӯзгорону хонандагон сӯи равшанӣ роҳ мекушояд.

Устод осори пурҳикмати худ «Асосҳои таълими ибтидоии забони модарӣ»-ро, ки дар он оид ба масъалаҳои методикаи таълими фанни забони модарӣ ва таърихи он, инкишофи нутқ, забон ва масъалаҳои ҳифзу покизагии он таҳлилу пажӯҳиш шудаанд, ба омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пешниҳод намудааст.

Дар ҷилди панҷуми осори педагогӣ «Инсон ва тарбия» устод андешаҳои худро доир ба масъалаҳои  инсон ва маънавияти он,  хосиятҳои тарбия, марому мақсади  тарбия, заминаҳои тарбия, ҳифз ва ободии Ватан, накуӣ ва накукорӣ, дониш, касбу ҳунар, сабру субот, хайру саховат, саломатии миллат, тозагии инсон, марҳилаҳои тарбия ва воситаҳои он баён намудаанд, ки  барои ҳар як хонанда дарси зиндагӣ мебошад.

Китоби тозанашри устод «Педагогикаи  миллии халқи тоҷик» иборат аз панҷ қисму 25 боб буда, аз  асосҳои  умумии педагогикаи  миллии халқи тоҷик, бунёдгузорони педагогикаи миллӣ оғоз шуда, бо масъалаҳои  мактабу мактабшиносӣ дар замони муосир хулоса мешавад.

Дар ҳар нашри китобҳои дарсие, ки устод таълиф намудаанд, ҳамеша навовариҳои зиёд, тарзу усулҳои самараноки таълим, тесту муаммоҳо, ребусҳо, саволу супоришҳои консептуалӣ ворид мешаванд ва он диққати хонандаи хурдсолро ба китоб ҷалб намуда, китобдӯстию китобхонии ӯро зиёд мегардонад. Имрӯз китобҳои таълифнамудаи ин олими пуркорро донишомӯзони тоҷикистонӣ ва берун аз марз низ ҳамчун беҳтарин воситаи таълим истифода мебаранд.

М. Лутфуллоев ба ҳайси фидоии соҳаи таълиму тарбия солҳои беҳтарини ҳаёти худро барои рушду нумуи маорифи Тоҷикистон ва кишварҳои бо мо дӯсту ҳамсоя бахшидааст. Китобҳои «Алифбои дарӣ», «Усули тадриси забони модарӣ», «Асосҳои омӯзиш», «Ҷумлаҳои сода дар забони дарӣ», «Наҳви забони модарӣ» дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ ба табъ расидаанд. «Алифбо»-и таълифнамудаи устод барои мактабҳои  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон китоби дарсӣ мебошад ва ин, бешубҳа, боиси ифтихори ҳамагон аст.

Боиси хушнудист, ки заҳмат ва кӯшишҳои инсони накуном М. Лутфуллоев аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвонҳои «Корманди шоистаи Тоҷикистон», «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон»  сарфароз гардонида  шудааст.

Орзуманди онем, ки зери осмони софи Ватан доимо сиҳату саломат бошанд ва дар иҳотаи фарзандону набераю абераҳо давлати пирӣ ронанд.

Ш. КОТИБОВА, номзади илмҳои педагогӣ