Матбуот тараннумгари ваҳдати миллӣ аст

№81-82 (3561-3562) 25.06.2016

ХамоишБисту дуюми июни соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши матбуоти тоҷик дар тарғиби арзишҳои ваҳдати миллӣ» ҳамоиши илмӣ доир гардид.

Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода зимни суханронӣ ҳозиринро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, минҷумла гуфт, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсози миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки дар кишвар таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва таъмини ояндаи дурахшони давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Сайфиддин Назарзода махсус таъкид намуд, ки дар ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ нақши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург буда, имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф гардидааст.

Сипас, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зиннатулло нақши матбуоти тоҷик дар тарғиби арзишҳои ваҳдати миллиро муфассал шарҳ дод.

Профессор Мурод Муродӣ, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруфи Абдуҷаббор, сардабири ҳафтаномаи «Фараж» Хуршеди Атовулло, муовини сардабири рӯзномаи «Хатлон» Носирҷон Маъмурзода, котиби масъули ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Маҳмудҷон Усмонов  роҷеъ ба «Ҷумҳурият» ва масъалаҳои ваҳдати миллӣ», «Матбуоти электронӣ ва рушди афкори ҷамъиятӣ», «Матбуоти тоҷик дар давраи гузариш», «Тараннуми сулҳу ваҳдати миллӣ дар нашрияҳои музофотии Тоҷикистон», «Ҷавонони Тоҷикистон» — тарғибгари ваҳдати миллӣ дар миёни ҷавонон» суханронӣ намуданд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»