Матбуот ва Китобхонаи миллӣ

№64 (3049) 28.05.2013

Яке аз вазифаҳои  махзани бузурги илму маърифати кишвар – Китобхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳдорӣ ва ба хонандагон расонидани маҳсулоти чопӣ, аз ҷумла матбуоти даврӣ, мебошад.  Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо» бояд се нусхаи ҳатмии тамоми нашрияҳо ба хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ворид карда шавад.  Раванди иҷрои қарори мазкур ва масоили интиқоли рӯзномаю моҳвора ва маҷаллаҳо ба китобхона аз ҷумлаи мавзуъҳои асосии мизи мудавваре буд, ки  17 майи соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он сармуҳаррирон, муовинони сармуҳаррирон, ходимони нашрияҳои давлатӣ, хусусӣ, нашрияҳои электронӣ иштирок доштанд.

Муовини директори китобхонаи мазкур Ҳуринисо Ализода зимни суханронии хеш иброз дошт, ки  ин ҳамоиши мо ба хотири тавсеа бахшидани ҳамкориҳои нашрияҳо бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон аст. Матбуот як ҷузъи хеле муҳим барои китобхонаҳо мебошад, хоса барои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки аз солҳои пешин то имрӯз барои матбуот ҳамчун як маҳфузгоҳ рисолати хешро идома медиҳад. Дар ин замина, мавсуф  иттилоъ дод, ки  дар бойгонии китобхона  рӯзномаю маҷаллаҳо ба забони тоҷикӣ аз соли 1932 ва ба забони русӣ аз соли 1930 нигоҳ дошта мешавад. Айни ҳол фонди умумии шуъбаи матбуоти даврӣ 486257 номгӯйро ташкил медиҳад, ки  336117 нусхаи он маҷалла, 119578 нусха нашрияҳои давомдор ва 30512 нусха бастаи рӯзномаҳо мебошад.

Ҳ. Ализода аз намояндагони матбуот дархост кард, ки бо риоя аз талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо» ва бо мақсади ҳифзу нигаҳдорӣ ва ба хонандагон дастрас намудани нашрияҳо нусхаҳои ҳатмии рӯзномаю ҳафтанома, моҳвора ва маҷаллаҳои хешро ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Дар ин робита раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Саттор гуфт, ки имрӯз ин китобхонаи пуршукӯҳ ва аз нигоҳи меъморӣ зебо ба дастгирии мову шумо-журналистон низ ниёз дорад. Мо, кормандони рӯзномаю маҷаллаҳо,  бояд тадбирҳое андешем, ки тамоми нусхаҳои нашрияҳо сари вақт ба ин махзани бузург ворид шаванд.

Сипас, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Нодирҷон Мирзоев роҷеъ ба ташкили базаи электронии матбуот маълумот дод.

Роҳбарону ходимони матбуот, ки дар мизи мудаввар ширкат доштанд,  оид ба масъалаҳои баррасишуда андешаронӣ карда, пешниҳодоти худро баён намуданд. Баъди мубодилаи афкор иштирокчиёни мизи мудаввар аз толорҳои барҳаво ва ҷолиби китобхона дидан карданд.

 Б. КАРИМ, «Садои мардум»