Мазҳари гармо ва нуру зиндагӣ

№6 (3956) 15.01.2019

00028247Ҷашн гирифтани Сада, мисли Наврӯз ва Меҳргон, дорои таърихи куҳан аст. Балки Сада нахустин ҷашнест дар миёни мардуми ориёитабор, ки гузаштагони дур онро асос гузоштанд. Ин ҷашн аслан аз бовар ва фалсафаи зиндагии аҷдодон рӯидаву дорои суннат, одоб ва маънии хосе мебошад. Ба қавли Абулқосим Фирдавсӣ, он ба мо аз Ҳушанг, ки бо чаҳор пушт ба Одам Абулбашар мерасад, мерос мондааст. Яъне, ба хотири кашфи оташ аз ҷониби Ҳушанг будааст:

Яке ҷашн кард он шабу бода хвард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Дар манбаъҳои таърихӣ дар бораи пайдоиши ҷашни Сада андешаҳо шабеҳи ҳамдигаранд. Гардезӣ дар «Зайн-ул-ахбор» менигорад: «Садаи бузург, чунин гӯянд муғон, ки андарин рӯз сад мардум тамом шуда буд аз насли Мешиё ва Мешиёна ва эшон ду мардуми нахустин буданд, чунонки мусулмонон гӯянд, Одаму Ҳаво муғонро он ду тан буданд». Берунӣ дар китоби «Ат-тафҳим менависад: «…ва низ гуфтаанд, ки андар ин рӯз аз фарзандони падари нахустин (Одам) сад тан тамом шуданд». Дар «Бурҳони қотеъ» ин ҷашн ба Каюмарс нисбат дода шуда, ки ӯ низ нахустинсон аст: «Каюмарс ба юмни вуҷуди сад фарзанд анос ва зукур (духтар ва писар)-и худ ҷашни бузург барпо кард ва оташи бузург барафрӯхт ва мардуми Эронзаминро меҳмон кард, ба ин далел ин рӯзро Сада мегӯянд».

Ин гуфтаҳо ба он далолат мекунанд, ки Сада қадимтарин ҷашнест, ки арзи ҳастӣ кардааст. Доир ба пайдоиши ин ҷашн ду нуктаи муҳим дар манобеи қадим зикр мешавад, ки дорои аҳамияти хос мебошанд. Яке кашф гаштани оташ аст, ки боиси ба вуҷуд омадани Сада мегардад, дигар ин аст, ки вақте фарзандони Одам Абулбашар ба сад тан мерасанд ва камол меёбанд, Одам ё ҳамон Каюмарс — нахустбашар он рӯзро ҷашн мегирад ва Сада меномад. Албатта, ин ривоят як устура ба назар мерасад, аммо дар батни худ розе дорад, ки дар вожаҳои оташ ва камол нуҳуфтааст. Афзудани шумораи инсонҳои нахустин ва ба камол расидани онҳо маънои шакл гирифтани ҷамъият ва ба даст овардани огоҳиҳо дар бораи муҳит ва табиате, ки зиндагӣ мекунандро дорад. Афзун шудани малака ва дониш боиси кашф гаштани оташ нашудааст, чунки он дар табиат вуҷуд дошт, балки афрӯхтан ва истифода аз онро ёд гирифтанд, ки зиндагии башарро ба таври куллӣ тағйир дод. Аз ин рӯ, дар тасаввури одамони пеш оташ муқаддас аст.

Назари ҷолиби дигарро дар бораи пайдоиши ҷашни Сада Умари Хайём иброз медорад. Вай дар «Наврӯзнома» менависад: «Офридун ҳамон рӯз, ки Заҳок бигрифт, ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситами Заҳок руста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ. Ва ҳар сол то ба ин рӯз оини подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд».

Заҳоки морон, ки рамзи бадӣ, зулм ва торикӣ аст, аз ҷониби Фаридуншоҳ нобуд мегардад. Яъне, Фаридун бо аз байн бурдани ин неруи аҳриманӣ ба мардум рӯзи хуш ва саодатмандӣ меорад. Ва ҳамон рӯзи пирӯзиро ҷашн мегираду Сада ном мегузорад. Ин фалсафа ҳам яке аз боварҳои мардуми қадим аст дар нисбати Сада. Фирдавсӣ мегӯяд:

Ба ҳар барзане ҷашнгоҳе сада,

Ҳама гирд бар гирдаш оташкада.

Ҷашни Сада аз рӯи нахустин гоҳшумории эронӣ таҷлил карда мешавад. Тибқи он тақвим солро ба нуҳ чила (чил рӯз) ба ду бахш — тобис­тони бузург ва зимистони бузург тақсим мекарданд. Ин нуктаро ҳам таъкид кардан бамаврид аст, ки тибқи ин гоҳшуморӣ зимистон аз 150 рӯз ва тобистон аз 210 рӯз иборат буд. Зимистонро бошад, ба ду чила — чилаи калон ва чилаи хурд ҷудо менамуданд, ки имрӯз ҳам ҳисоб кардани фасли зимистон аз рӯи ҳамин ду чила дар миёни мардум маъмул аст.

Рӯзи нахустини зимистон, баъди шаби дарозтарин, ки ба 22 декабр рост меояд, оғоз меёбад. Тибқи бовари ниёкон дар ин шаб меҳр ё хуршед дубора таваллуд мешавад. Ҷашни Сада бошад, дар чилумин рӯзи таваллуди хуршед баргузор мегардад, ки ба 29 ё 30 январ рост меояд.

Дар қадим ниёкон ба ин бовар буданд, ки ду моҳи миёнаи зимистон даврони сахтеро дар бар дорад. Чунки дар ин вақт неруи аҳриманӣ ҷон мегирад ва чун қувваи тахрибгар вориди зиндагии одамон мегардад. Бинобар ин, онҳо ба даргоҳи Эзид ба ниёиш мепардохтанд. Хуршед ҳам, ки дар рӯзи аввали чилаи калон таваллуд шуда буд, дар давоми чил рӯз ҷон мегирифт ва ба мубориза бар зидди торикӣ омода мешуд. Аз ин рӯ, дар рӯзи Сада оташи бузург меафрӯхтанд ва бо ҳамин амал ба хуршед барои пирӯзӣ ёрӣ мерасонданд.

Одамон бовар доштанд, ки дар ин шаб ситораи гармо ба замин дуруд мефиристад, бинобар ин деҳқонон порае аз хокистари оташи Садаро бурда, ба замин мепошиданд ва бо ҳамин гӯё ба сармои зимистон хотима мебахшиданд. Ҳамин тавр, оташе, ки дар рӯзи Сада ё рӯзи аввали чилаи хурд кашф шуда буд, афрӯхта ва ба унвони мазҳари гармо, нуру зиндагӣ шинохта мешавад.

Аз рӯзи ҷашни Сада то оғози Наврӯз панҷоҳ шабу рӯзи дигар боқӣ мемонад, ки ҳаво муътадил гардида, гармо оҳиста-оҳиста ба сармо ғолиб меояд ва ба зиндагиву дилҳо хушӣ меорад. Манучеҳрӣ дар ин бора сурудааст:

Инак биёмадааст ба панҷоҳ рӯз пеш,

Ҷашни Сада талояи Наврӯзи номдор.

Вожаи сада аз форсии куҳан то ба мо расидааст ва маънои пайдоӣ, ошкор шудан, тулӯъ карданро дорад. Бинобар ин, он ифодакунандаи армонҳои мардум буда, аз файзи растагориву нумӯ саршор аст.

ВОРИС, «Садои мардум»