Меҳри падар маро ба ҷодаи ӯ овард

№37 (3338) 13.03.2015

АбдулвохидовБа муносибати Рӯзи  матбуот мувофиқи супориши идораи рӯзнома мавод омода кардан лозим буд. Яке аз ҳамкоронам маслиҳат дод, ки дар бораи падарам -Бобоҷон Абдулвоҳидов  собиқ Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» андешаҳоямро рӯи коғаз биёрам. Мехостам маводе нависам, ки арзандаи ӯ бошад.  Ба фикр фурӯ рафтам. Рӯзҳои хубу хуши гузашта чун навори кино аз пеши чашмам мегузаштанд. Заҳматкашиданҳо, бедорхобиҳои падарам ба хотири иншои маводи дархӯри рӯз, беғалат баромадани саҳифаҳои рӯзнома  пеши назарам меомад…

Хурд будам. Падарам пайваста маро бо китобҳои бачагона таъмин мекард. Дар баробари ин, ҳар рӯзи панҷшанбе бо як бастаи рӯзномаву маҷаллаҳо вориди хона мегардид. Зеро рӯзноманигор буд ва бо ин касби бисёр душвор ва меҳнатталаб мӯи сарашро сафед кард. Бо тақозои вазифааш баъзан саҳифаҳои нимтайёри рӯзномаро барои таҳрир ба хона меовард. Ман, ки фарзанди хурдии хона  будам, борҳо бо инҷиқиҳои кӯдакона ба кораш «халал» мерасонидам. Сари зонуи падар, дар муҳити хуби эҷодӣ ба воя расидам. Ман касби падарамро  интихоб кардам. Аз ин интихоб  падарам бисёр шод шуданд ва таклиф карданд, ки таҳсиламро низ дар донишгоҳи худашон хатмкарда-факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома диҳам. Аммо  ман дар Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон таҳсил кардан хостам ва ин хоҳишам амалӣ гардид. Пас аз оне, ки донишҷӯйи шуъбаи журналистикаи донишгоҳи мазкур шудам, бисёр душворӣ кашидам, зеро ман мактаби тоҷикиро хатм карда будам, аммо дар ин донишгоҳ  ҳамаи дарсҳо бо забони русӣ мегузашт. Ба падарам гуфтам: азхудкунии дарсҳо бароям душвор аст ва мехоҳам, ки  таҳсиламро ба воситаи гузариш дар  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома диҳам. Падарам бисёр  мушкилнописанд буданд ва моро низ талқин менамуданд, ки аз сахтиҳои рӯзгор наҳаросем. Аз ин сабаб ба хостаи ман розӣ нашуданд ва гуфтанд, ки одам бояд ба ҳама мушкилиҳо тоб оварда тавонад. Ҳар як маслиҳату роҳнамоии падарам ба ман рӯҳи тоза мебахшид ва натиҷа ҳамин шуд, ки  донишгоҳро бо ихтисоси рӯзноманигорӣ сарбаландона ба итмом расондам.

Бо амри тақдир ба идораи рӯзномае, ки падарам то вопасин рӯзи ҳаёташ он ҷо фаъолият дошт, ба кор омадам. Айни ҳол дар шуъбаи сохтори давлатӣ,  қонунгузорӣ ва тартиботи ҳуқуқии рӯзномаи сернуфузи «Садои мардум» фаъолият дорам…

Падарам аз зумраи рӯзноманигороне буд, ки то охирин нафас донишу маҳорат ва малакаи худро сарфи хидмати халқу давлат намуда, тавонист дар рӯзноманигории муосири тоҷик мақоми хешро пайдо намояд. Ӯро, пеш аз ҳама, бо зиндадиливу хушгӯйӣ ва хоксориву шикастанафсиаш мешинохтанд. Дӯстони зиёд дошт падарам. Ӯ бештари вақташро на дар хона, балки дар ҷойи кор сипарӣ менамуд. Ҳолатҳоеро ёд дорам, ки шабона дар хона паси миз нишаста иншо мекард. Мутолиаи зиёд дошт ва ба мо  низ насиҳат мекард, ки ҳар чӣ бештар мутолиа намоем.

Мисраъҳои зери маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро бисёр вақт ба забон оварда, дар шарҳи он мегуфт, ки барои инсон волотарин арзиш дониш мебошад ва он дар тӯли таърихи инсоният ҳамчун арзиши гиромӣ зарра-зарра гирд овардаву ҳифз шуда, ҳамчун  меъёри муайянкунандаи сатҳи  тафаккури башарият ба мо расонида шудааст:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон

Рози донишро ба ҳар гуна забон

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг-андар ҳаме бингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст!

Ҳамеша насиҳат мекард, ки бо роҳи ҳалол зиндагии худро пеш барем ва ҳар чизе, ки ба мо туҳфа меовард,  мегуфт: «Ин аз нӯги қалам аст…».

Қиблагоҳам Бобоҷон Абдулвоҳидов  15 марти соли 1953 дар ноҳияи Кӯлоби собиқ вилояти Кӯлоб таваллуд шуда, дар хурдсолӣ аз меҳру навозиши падар бенасиб мондааст. Тавассути мутолиаву донишандӯзӣ соли 1976 бахши рӯзноманигории факултети филологияи Универститети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм намудааст.

Ӯ солҳои 1976-1984 дар вазифаҳои мусаҳҳеҳ, тарҷумон, мухбир, мухбири калон, муовини котиби масъули нашрияи вилоятии «Роҳи Ленинӣ»-и собиқ вилояти Кӯлоб, солҳои 1984-1986 тарҷумони Созмони ҷавонони Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон, солҳои 1987-1988 ёвари муовини якуми раиси вилояти Кӯлоб, солҳои 1989-1990 мухбири махсуси рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Хатлон, мудири шуъбаи рӯзнома ва солҳои 1993-1998 муовини Сармуҳаррир ва аз соли 1998  то вопасин рӯзи ҳаёташ-  соли 2008 Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» фаъолият намудааст.

Ҳафт сол мешавад, ки падарам дар миёни мо нест. Вақте мебинам,  ӯро бо некӣ ёд мекунанд, бисёр болидарӯҳ ва хушнуд мегардам, шукргузорам, ки падари ман дар кору амал зинда аст:

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ  накуном зист,

К- аз ақибаш зикри хайр  зинда кунад номро.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»