Миллати тоҷик аз қадим фарҳангофару тақдирсоз буд

№142 (3936) 24.11.2018

1023041881Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» омадааст, ки эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад. Таърих гувоҳ аст, ки парчамдорӣ эҷоди мардуми форс буда, пеш аз ҳама, ҳастии миллат ва давлатдориро муайян мекард. Дар тӯли таърих  давлатҳои Ҳахоманишҳо, Ашкониён, Сосониён ва Сомониён парчамдор буданд.

Парчам рамзи Ватан, номус ва нанги миллат аст. Тоҷикон дар ҳайати Бухорои шариф ва Иттиҳоди Шӯравӣ низ парчами худро доштанд.  Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар яке аз ҷузъу томҳо, ҳатто бахши хурдтарини он парчами худро дошт ва дар муҳорибаҳо ҳатман парчамбардоре онро чун гавҳараки чашм ва номуси кишвар-Ватан нигоҳдорӣ мекард. Афрохтани Парчами Иттиҳоди Шӯравӣ дар боми Рейхстаг рамзи ғалабаи халқи шӯравиро бар фашизм баръало муайян кард. Ҳарчанд дар гӯшаю канори шаҳри Берлин задухӯрдҳо идома доштанд, барафрохтани Парчами Иттиҳоди Шӯравӣ нишони анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ будааст.

Миллати тоҷик аз қадим фарҳангофару давлатсоз буд ва ҳаст. Миллатҳое, ки имрӯз қудрат ба даст овардаанд, аз миллати тоҷик сабақи давлатдорӣ-парчамдорӣ омӯхтаанд, ки аз ин бояд ҳар фарзанди тоҷик фахр намояд.

Ба ифтихори 20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маҷмааи  давлатии «Қасри миллат» баландтарин парчам афрохта шуд. Қомат афрохтани Парчами давлатӣ ба пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе ҳусну зебоӣ бахшид. Ҳоло ин майдон бо гулгаштҳои ҷолибу рангин ба макони сайругашт, истироҳату фароғати мардум табдил ёфтааст.

Дар мусобиқаҳои варзишӣ, олимпиадаҳои фаннӣ, ҷашну маросими давлатӣ, қабули сарони давлатҳо ва баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, албатта, дар ҷойи аввал барафрохтани Парчами миллӣ меистад. Дили мо аз фараҳ пур мешавад, вақте варзишгари тоҷик сазовори ҷойи аввал мегардад ва дар варзишгоҳҳои ин ё он давлат Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта мешавад. Варзишгарон, ҳунармандон, шоирон, олимону эҷодкорон барандагони рӯҳи волои миллатанд ва ҳар як дастоварди онҳо мавриди қадршиносӣ зери Парчами миллат сурат мегирад.

Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ба Парчами давлатӣ, арҷгузорӣ ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ ба хотири эҳтиром ва бузургдошти қаҳрамонони миллат, ба хотири онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро ҳифз намуда, бегазанд то ба замони мо расонидаанд. Яъне, ин эҳтиром ба рӯҳу равони Куруши Кабир ва Коваи оҳангар, Шераку Деваштич, Исмоили Сомонию Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Муқаннаву Восеъ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи тоҷик аст. Ин ҷашн ҳар фарди баномуси кишварро бори дигар ба ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва саъю талоши ҳамешагӣ барои ободию озодии кишвар ҳидоят месозад. Муҳаббат ва садоқат ба Парчами давлатии Тоҷикистон ифодагари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва тамоми арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошад. Имрӯз Парчами миллии мо чун рангинкамон дар болои сарамон парафшон аст. Зери ин Парчам ва Суруди миллӣ бо танинандозии оҳанги ваҳдат дӯстони худро истиқбол мегирем. Бигзор, то ҷовидон таҷаммули Парчами мо бо таронаи миллат ҳамнаво, нишон аз пояндагӣ ва соябони рисолати давлату миллат бошад. Рӯзи Парчами давлатӣ барои тамоми ҳамватанон мубораку фархунда бод!

Абдумаҷид Сафоев, декани факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳони ДСХ