Мирзо Абдулқодири Бедил дар сарзамини тоҷикон

№ 01.12.2017

Бедил Соли равон ба барқароршавии муносибатҳои  дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон 25 сол пур мешавад. Ба ин муносибат дар  кишварамон чорабиниҳои гуногун доир мегарданд. Чунончӣ, бо ташаббуси Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5- уми декабри соли равон дар маҷлисгоҳи Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Мирзо Абдулқодири Бедили Деҳлавӣ дар сарзамини тоҷикон» конфронси илмӣ доир мегардад. Дар ин ҳамоиш олимону  муҳаққиқони осори Мирзо Абдулқодири Бедил, донишҷӯён ва дӯстдорони  фарҳангу адабиёт ширкат меварзанд.

Ҳамчунин, дар доираи чорабинии мазкур муаррифии китоби Бобобек Раҳимӣ бо номи «Зиндагиномаи Бедил», ки бо дастгирии Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудааст, сурат мегирад.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»